ХАБАРИ ДОҒ

Ба таваҷҷуҳи Ҷамшед Табарзода,

муовини аввали раиси ш.Душанбе

 

Хизматрасонӣ дар аксарияти ошхонаву тарабхонаҳои ба ном миллии мо мисли «Самарқанд» хеле коста шуда, он имрӯз ба талаботи меҳмондорӣ ҷавобгӯ нест. Чанде пеш дар бораи хизматрасонӣ дар тарабхонаи «Роҳат» навишта будем. Аз рушди сайёҳӣ мегӯем, вале одитарин корҳоро барои ҷалби сайёҳон-либоси миллии пешхизматон, табассум, муомилаи хуш, сервиси олӣ, қошуқу пиёлаи хушку тоза намекунем. Оварда бо садои тақ гузоштани чойники чою пиёлаҳои тару дохилаш пур аз об ва табақчаҳои шикаста мӯд шудааст. Агар ин корро дар дилхоҳ кишвари аврупоӣ ва арабӣ бинанд, тарабхонаро оҷилан мебанданд.

  

14.06.2022. Соат бо вақти Душанбе 12:15. Соли аввал нест, ки ҳар ҳафта рӯзи сешанбе дар рӯзи чопи шумораи навбатӣ барои ҳайати эҷодии газетаи мардумӣ аз ҳисоби раҳбарият хӯроки нисфирӯзӣ ташкил мешавад. Ин сешанбе бо тасмими Сардабири газетаи СССР коллективи корӣ барои ошхӯрӣ ба тарабхонаи «Самарқанд», ки дар наздикии маҳалли колхози «Россия» дар лаби дарёи Душанбе ҷойгир аст, рафтем. Рафтем, ошро ҳам хӯрдем, вале аз ин кор пасон хеле пушаймон шудем.

 

Гирду атроф обод нест!

Тарабхонаи «Самарқанд» ҳудуди калонеро соҳиб шудаву ба ғайр аз толори бузург боз кату кабинаҳои алоҳида дар шафат дорад. Ба ғайр аз ин, дар сари роҳи асосии мошингарди кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров самбӯсахонаву нонвой боз кардаасту муштарии зиёд низ дорад. Вале мутаассуф, гирду атрофи ин тарабхона аз рӯзи аввали ифтитоҳ на обод асту на тозаву тамиз.

Ҷойе, ки мизоҷон бояд мошинҳои худро гузоранд-таваққуфгоҳ санглох буда, ҳеҷ гоҳ об пошида намешаванд, агар шаванд ҳам он ҷо лой шуда, ба равуои мошинҳо халал эҷод мекунад. Ҳоло он, ки тибқи талабот раҳбарияти тарабхона ин қисматро бояд мумфарш кунад, мисли тарабхонаи ҳамсояи «Форел». Дигар ин, ки ҷӯйборе, ки аз шафати тарабхона мегузарад пур аз партову ифлосӣ буда, ҳангоми ворид шудан аллакай табъи касро хира месозад. Гулу гиёҳи гирду атрофи тарабхона хушку пажмурда ҳам шудаанд-касе дар фикри нигоҳубини онҳо нест, ба монанди чанорҳои азиме, ки ба ин тарабхона соягӣ мебахшанд.

Чаро масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ободонии МИҲД ш.Душанбе ба кормандони тарабхонаи «Самарқанд» 1 бор намефаҳмонанд, ки дар лаби дарёи Душанбе макон доштан маънои онро надорад, ки оби дарё худ аз худ шодоб шуда, ба ҷойи онҳо гулу гиёҳ ва дарахтонро обёрӣ намекунад? Ва агар шумо мехоҳед, ки муштарӣ ба ҷойи «Форел»-у «Сайёҳ»-у «Роҳат Душанбе» ба «Самарқанд» ояд, пас ҷӯйборҳоро тоза кунеду мавзеи санглохро мумфарш гардонед, вагарна дигар касе намеояд.

 

На либоси махсус, на чеҳраи хандон…

Агар муҳити нообод 1 тараф бошад, хизматрасонии пешхизматон тарафи дигари масъала аст. Дастҳоро шуста ба толори калони умумӣ ворид шудем. На касе салом мегӯяу на хуш омадед. Дар назди дари асосӣ дастмолҳои қоғазӣ гузошта шудааст, гирифта дастҳоро хушк карда рафтем сари миз.

Пешхизматон хеле зиёд буданд, вале тавре ба назар мерасид, ки сар калобаашро гум кардааст. Ягон пешхизмат-духтар либоси махсуси тарабхонаиро надошт, ҳама бо куртаҳои рангобаранги гуногуну рӯймолу шарфҳои сиёҳу зард, ҳатто сатр. Мӯйҳои ҷамънашудаву рӯймолҳои дар гардан печонида ва муҳим аз ҳама набудани фартук-пешбандак моро хеле ҳайрон сохт. Магар бо чунин мӯйҳои кушода ба хӯрок мӯйе намеафтад? Писарон куртаи сафеду шими сиёҳ пӯшида назар ба духтарон зеботар менамуданд. Муҳимтар аз ҳама чеҳраи аксарияти пешхизматон гирифта, бо қошу қавок суҳбат мекарданд, гӯё мо муштарӣ неву қарздорашон будем.

Дар рӯи мизҳо таомномае насб шуда буд, ки дар ин тарабхона чанд намуди фреш-афшураи меваю сабзавотро пешкаш мекунанд. Ман барои худам фреши сабзиву лаблабуро интихоб кардам, вале пас аз 2-3 маротиба рафтану омаданҳо пешхизмат гуфт, ки аз сабзиву лаблабу аслан фреш намекунанду бароям афшураи сабзиро дар 1 истакони одӣ аз меъёр хурд овард. Агар намекунед, пас чаро эълонашро сари ҳар 1 миз мегузоред? Наметавонед, накунед! Мизоҷро фиреб додан нашояд! Ҳоло он, ки дар соҳаи ресторандорӣ муҳимтарин омил 2 чиз аст: ғизои болаззат ва муносибати хушу шоиста ба мизоҷ!

 

Оши ланҷу хизматрасонии ланг

Оше, ки оварданд, аллакай сард-ланҷ шуда буд. Салату чаккаро на мисли дигар ошхонаҳо алоҳида барои 1 нафар, балки барои умум ҳамагӣ 2 донаӣ оварданд. Гуфтанд ин ҷо ҳамин тавр аст, яъне ҳар касе худаш ба салату чакка дасту қошуқ зада мехӯрад.

Дохили толор хеле гарм буд, кондитсионерҳо кор намекарданд ё баръакс зӯрашон намерасид. Дар толор одам зиёд набуд. Ягона чизе, ки писандамон омад, пахши ТВ «Шаҳнавоз» ва суруду мусиқиҳои сирф тоҷикӣ, ки дар аксарияти тарабхонаҳои ба ном миллии кишвар намебинӣ. Зимни хайрбод аз тарабхона дар дами дар рӯи мизе қошуқу чангакҳои чангзада хоб буданду оби пиёлаҳои шуста рӯи миз мешорид...

Маблағи обеди мо 240 сомонӣ шуд. Онро пардохт карда гуфтем, ки дигар ба тарабхонаи «Самарқанд» нахоҳем омад.

 

Чаро тарабхонаҳоро набандем?

Хизматрасонӣ дар аксарияти ошхонаву тарабхонаҳои ба ном миллии мо мисли «Самарқанд» хеле коста шуда, он имрӯз ба талаботи меҳмондорӣ ҷавобгӯ нест. Чанде пеш дар бораи хизматрасонии тарабхонаи «Роҳат» навишта будем. Аз рушди сайёҳӣ мегӯем, вале одитарин корҳоро барои ҷалби сайёҳон-либоси миллии пешхизматон, табассум, муомилаи хуш, сервиси олӣ, қошуқу пиёлаи хушку тоза намекунем. Оварда бо садои тақ гузоштани чойники чою пиёлаҳои тару дохилаш пур аз об ва табақчаҳои шикаста мӯд шудааст. Агар ин корро дар дилхоҳ кишвари аврупоӣ ва арабӣ бинанд, тарабхонаро оҷилан мебанданд.

Чаро шаҳрдории Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ дар пойтахт ин корро накунад? 2-3 тои чунин тарабхонаҳоро бандед, дигарон корашонро дуруст мекунанд. Шояд ҳамин аст, ки мардуми мо солҳои ахир рӯ ба тарабхонаҳои туркӣ овардаанд, ба хотири хизматрасонии олӣ, тамизкорӣ ва чеҳраи ҳамеша кушодаи мудирият ва пешхизматон. Аз мост ки бар мост!

Ва муҳимтар аз ҳама ин: ба ободкориҳое, ки бо ташаббуси бевоситаи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвари азизи мо тайи 5 соли ахир анҷом ёфтаву ш.Душанбе бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, набояд бо чунин хизматрасониҳои номувофиқ ба шаъни муассисаҳои маишӣ латма зад.

Мо пайгири мавзӯъем.  

 

Ҷ.Мақсуд, СССР 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter