ХАБАРИ ДОҒ

Аввалсухан: Иғвои навбатии Озодӣ дар Рӯзи Ваҳдат

  • Чоршанбе, Июл 06 2022

 

«Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон»-таҳти ҳамин унвон радиои амрикоии Озодӣ матлабе нашр кардаву феҳристи фавтидагонро, ки аслан факту далели собит надорад, пешкаш кард. Дуруст аст, ки ҳама фавтидаҳо Тоҷик, тоҷикистонӣ ва бародарони моянд. Вале ба маҳаллаҳо ҷудо кардани мурдаҳо, ба вежа ба шаҳру ноҳияҳои Бадахшон табақабандӣ кардани онҳо, иғове беш нест, ки масъулини Радоии Озодӣ нек медонанд, ин амалкардашон, дар пасманзари ҳодисоти ВМКБ ба ҷароҳат намак пошидан аст. Ва муҳимтар аз ин, Озодӣ рӯйхатро тавре пешниҳод кардааст, ки агар дағал карда гӯем, дар ин ҷанг гӯё ягон сокини вилояти Кӯлобу Ленинобод намурдааст. Мантиқан гӯиё маҳз сокинони ин маҳаллаҳо, ки такягоҳи ҳукумат буданд, намояндагони дигар маҳаллаҳоро кушта бошанд… Ай-яй, муҳтарам ҳамкасбон. Кай шумо талаботи журналистикаи ҳирфаӣ-«бидуни филтр ва ғараз»-ро ёд мегиред??? Гуфти қаҳрамонҳои «Лаҳзаҳои гуворо», шуморо «падаратон ҳай мӣ?». Пеши мардум ҳам не, пеши Худо (агар бовар доредаш) ва ё виждон (агар доредаш) шарм намедоред, магар? Газетаи мардумии СССР дар арафаи Рӯзи Ваҳдат, дар пасманзари иғвои навбатии ҳамкасбони хориҷии амрикоии худ, аз забони шоҳидон қатлу кушту азияту азоб дар конслагерҳои ҲНИ-ро, ки ба назар мерасад, дар Озодӣ «кормушка» ёфтааст, нашр мекунад. Мо 1 ҳарф каму замм накардаем. Мо Метавонем!

Боби 1. Фашизми ҲНИ дар «облисполком»-и Қӯрғонтеппа

Дар мактаби ронандагии маҳаллаи Ломоносови ш.Қӯрғонтеппа аз фанни одоби мошинронӣ ва қоидаҳои он дарс мегуфтам. Он шабу рӯзи даҳшати ҷанг дар хонаи шогирдам, зани рус-Лилия Муродова (шавҳараш тоҷик буд) пинҳон шудам. Рӯзи 26.09.1992 бачаи бобои Исмат – Акбар Исломов муаллими мактаби миёнаи №26-ро парронданд. Мусаллаҳони оппозитсия (ҳамагӣ рӯкаш – маска доштанд, ки маълум буд, наёмник-зархаридони хориҷии исломиҳоянд!) мурдаи муаллимро дар берун партофта, аз мардум даъват карданд:

«Мурдаи муаллимро гиреду комилан аз Ломоносов бароеду равед, агар зистан мехоҳед!».

Ин воқеа дар назди бинои 3-уми истиқоматӣ (паҳлӯи девори дивизияи Россия) рӯй дод. Вақте барои мурдаи муаллимро гирифтан назди бино ҷамъ шудем, яке буд, ки моро мусаллаҳони ваҳҳобӣ иҳота карда, ягон касро берун баромаданӣ нагузоштанд. Ин дам мошинҳои боркаши ГАЗ-53 ва Камаз оварданду борамон карданд ва бурданд ба таҳхона (подвал)-и «облисполком» ва якто-якто бо дашному ҳақорат фаровардан гирифтанд. Сардори гурӯҳи мусаллаҳи ваҳҳобии наҳзатӣ дар таҳхона мулло Маҳмадҷон-сокини совхози Туркманистон (баъдан дар Афғонистон кушта шуд-ред.) буд, ки ҷелаку дастори калон дошту риши дароз. Ҷелакро бошад бо «тасма»-и низомӣ баста буд. 2 даст дар қафо, мисли раиси маърака («маърака»-и одамкушӣ!!!) амр дод: «1-та, 1-та буфрорен ва ба подвала бубарен!»

 

«Сагони бӯгир»и ҲНИТ

Тасаввур мекунед, дар 1 таҳхона қариб 200 нафарро  мисли гӯсфанд тела дода, дари таҳхонаро аз берун бастанд. Подвал тиреза надошт, худро ба «потолок» часпонданӣ мешудем, зеро дар баландӣ ҳаво тоза буд. Инро дида, ҳамраҳи мо-Алиев Ҷӯрахонро берун бароварда, бо қундоқи автомат мурданӣ шапиданд ва бо сару рӯи хунолуд дарро кушода, бозпас ҳаво доданд. Ҷӯрахонро дигар шинохта намешуд: Даҳану бинӣ шикаста, дандонҳояш рехта…

Мо он ҷо 1 чиро мушоҳида намудем: Ҳар нафари боздоштшударо вақте аз мошин мефароварданд, дасти ӯро бӯ мекашиданд. Аз ҳамин амалашон пай бурдем, ки ин «сагони бӯгир» 100% зархаридони афғону арабу чечен буданд. Яъне бӯ кашида мефаҳмиданд, ки «дар дастат автомат қапидаӣ, ё не!»…

Дари подвал такроран во шуду Муҳаммадулло-бачаи бобои Ёфтакро аз даруни «толпа» аз гиребонаш кашида, берун бароварда, автоматшап карда, боз даруни подвал бо шатта зада, тела доданд. Ёдам ҳаст, он рӯз ҳаво аз 40 градус гарм буду ҳамагӣ ташнаву 1 чакра об намедоданд!

 

1-фурт об барои 200 нафар

Нохост, кадом силоҳбадасте дар дил «раҳм» кард-чӣ, ки аз берун дар 1 қарабоӣ обро дароз карду дар сару рӯи мо шапид: Албатта бо борони ҳақорат! Вақте аҳамият додам, сдаои шинос, дарро тақ-тақ кардам.

 Дарро кушод ва гуфтам:

-Шогирд, илтимос, дар ҳамин қарабоӣ 1 то об биёр.

Обро оварду боодобона ба дастам дод. Ҳамин 1 қарабоӣ об ҳамагӣ 1-қултӣ ба мардум нарасид. Одамони дарун беоб монданд. Қарабоиро дувумбора ба «шогирд» дароз ва хоҳиш намудам:

-Моро бигзор бипаррон, аммо то дами марг ақаллан даҳонамон нахушкад, ташна мондем...

Ин дам Ҳомидҷон-додари Асади ҳаммаҳалламонро шикамдард гирифт ва дигар бетоқат шуду дод зад, ки дарро кушоянд. Ин дар ҳолест, ки дигар ҷои нафаскашӣ намондаву бадани мардум аз тарсу гармӣ арақ кардаву бӯи безеб паҳн шуда. Аз «шогирд» хоҳиш намудем, ки «ин мардак ҳоҷатхона рафтанист». Ҳомидҷонро ҳоҷатхона бурданд, аммо вақти баргашт мурданӣ кӯфтанду боз мисли тӯб ба болои мо ҳаво доданд…

 

Гӯши Нуруллоро буриданд!

Пештар аз мо, яъне дарунтар, 1 нафар шиноси мо-Раҷабов Нурулло қарор дошт. Дари подвал кушода шуду 1 ниқобдор даромаду дасташро сӯи Раҷабов дароз карду аз гӯшаш маҳкам қапида, пеши дар кашида оварда, бо корд гӯши Нуруллоро бурриду баромада рафт! Хун фаррас мепарид. Дастро ба киса бурдаму рӯмолчаро гирифта, ҷои бурридаро доштам, то хунравиро манъ кунам. Аммо аз куҷо? Соҳиби гӯш аз ҳуш рафт!!!

Баъдтарак касеро, ки оча, ё падар, ё бобову бибияш, хуллас, ягон рагаш дарвозиву ванҷиву вахёчӣ… буд ва албатта бо таҳпурсии маҳал, озод карданд. Дар қатори онҳо маро ҳам назди дар оварда, яке аз «шогирдон» гуфт:

-Маълим! Озодат мекунем, лекин бо 1 шарт: Саратро хам кун, дастонатро мебандем ва бо ҳақорат пеш-пеш мебарем. Дигар роҳи озод кардан нест! Ҳушёр шав, ки агар бифаҳманд, аз пушти ту моро ҳам мепаронанд…

Хуллас, бо ҳамин усул 2 автоматчик аз пеш ва 2 нафар аз пушт маро бо дашноми қабеҳтарин ва дастону чашмони баста берун бароварда, пеш-пеш бурдан гирифтанд. Яке буд, ки аз дур садои мулло Маҳмадҷонро шунидам, ки мепурсид:

-Куҷо мебаренуш?

Гуфтанд:

-Паронданӣ!

Мулло афзуд:

-Барен, бпаронен, паата!!! Ай подвал ягон касаш зинда намона! Ҳамаша сари тир кунен!!!

Хуллас, маро бурданду дар совхози Туркманистон руст намуданд. Ва ҳамун «наҷотгарон»-ро хоҳиш намудам, ки дар подвал 1 нафар амабачаам низ ҳаст, ягон илоҷ карда, баровардан даркор…

Ин ҳамон Қорӣ Муҳаммадҷонест, ки дар садорати ҲНИТ паҳлӯи Нурӣ кору фаолият мекард ва аз қатолтарин, бераҳмтарин қумандонҳои ин ҳизб буд!!!

  

Боби 2. Моро нокушта мекуштанд!

 

Чанд тан аз «наҷотбахш»-и гуруҳи мухолифин ба хоҳишу илтиҷои ман раҳм кардаву ҳам амабача ва низ 1 нафар ҳамроҳи ман-Шоҳмардов Амиршо Саидшоевичро аз таҳхонаи бинои Ҳукумати вил.Қурғонтеппа гурезониданд.

Нурулло Раҷабов (кадри Институти тарбияи ҷисмонӣ буду ҷуссааш варзишӣ!)-ро, ки гӯшашро дар таҳхонаи «облисполком» бо ваҳшонияти том буррида буданд, бо ин ҳам иктифо накарда, мухолифини бераҳму бадтар аз фашистони немис, қатл карданд…

Хулосаи хотироти ман аз ун даврони ҷанги бародаркуш ҳамин аст, ки кулли асирони «подвал»-ро ба 2 қисм ҷудо намуда, гуруҳеро ба «заҳбур» («сброс»)-и кожзаводи шаҳр ва қисмеро ба ҳаммоми Туркманистони ноҳияи Вахш бурда, бо даҳшати тамом нест карданд: якеро бо «автоген» сӯзонида, дувумиро аз даҳонаш бензин рехтаву «зажигалка» зада, чашму гӯшу бинии савумиро бо «паялник» канданд, дасту пои чаҳорумиро бо табар ҷудо ва қисм-қисм карданд…

Тибқи нақли Қодиров Комил-сокини Қурғонтеппа, бархе аз «пленик»-ҳоро дар пушти корхонаи чарми Қурғонтеппа, дар лаби чоҳи химикати кожзавод парронида ва иддаеро зинда ба зинда ба чоҳ тела дода, бо масхара куштаанд!!!

 

Наемникҳои наҳзатӣ бо паспорти плостикӣ

Баъди аз «блокада»-и баромадани поселкаи Ломоносов ман ихтиёран ба сафи Фронти Халқӣ пайваста, ронандаи танк ва ҳамзамон телехи бобои Сангак Сафаров шуда, дар чандин амалиёти ҷангӣ ширкат кардам.

Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, паспорти плостикиро бори аввал дар Тоҷикистон ҳамун овони ҷанги гражданӣ дидам: 2 афғони силоҳбадасти ниқобпӯш (дар тан формаи ҳарбии советӣ!!!)-ро паррондем ва ҳине даст ба ҷайбҳояш бурдем, корти пластикиро бо навиштаҷоти арабиасос дарёфтем. Чун кортро ба махсуми маҳалла нишон додем, хонда гуфт, ки ин ID-корт-шиносномаи ҳайвонҳои одамсурат аст! Оре, ана ҳамин кортҳои плостикие, ки дар мо нав баромадаанд, онҳо дар соли 1992 чунин паспорти ID  доштанд!!!

Ҳама арабу паштун буданд, ки ҳатто забони тоҷикиро намедонистанд. Онҳо бедодгарие мекарданд, ки имрӯз мо дар ДИИШ мебинем. Яъне маълум мешавад, ки ҲНИ қабл аз шуруъи ҷанги гражданӣ, ҳанӯз вақте ки дар Тоҷикистон майдоншиниҳо идома дошт, барвақт «наемник» овардаву ҷангро мунтазир будааст.

 

Боби 3. Сурат-факти қатли оми ҲНИ дар ҳаммоми Туркманистон

Қатли омми мардуми бе силоҳ, мулкӣ ва бе гуноҳро дар қонунгузории дунявӣ «Ҷинояти низомӣ» мегӯянд. Каллабуррони ҲНИ, ки имрӯз Кабирӣ аз номи ин ҳизб дар Аврупо ҷавлону Озодӣ аз онҳо пуштигирӣ дорад, беш аз 200 нафарро танҳо аз 1 мавзеъи Ломоносов ва наздикиҳои ш. Қурғонтеппа, бе ягон ҷурм, гуноҳ, хатое ба «Баняи Туркманистон» ва «Подвали Обком» бурда, ба таври ваҳшиёна қатл карданд.  Имрӯз мо-шоҳидони ин моҷарои нангин, онҳое, ки аз ҳаммом-Гестапои зодгоҳи Нурӣ, аз шиканҷаи зархаридони ҲНИ раҳидаем, аксу тоблуҳои чанде аз кушташудагонро, ки аз 100 гулашон яке ҳам нашкуфта буду дар ҷамъ ҷавонони 17-20-25 солаанд, дар чанд шумораи газетаи мардумӣ, ба дасти нашр медиҳем. Ба умеде, ки ин фоҷеа такрор нашавад ва пои шуми ҲНИ дигар ба ин кишвар нарасад!

Сафаралӣ Назаров,

сокини маҳаллаи Ломоносов, ш.Бохтар

Боби 4. Муаллимонро бе навбат мекуштанд!

1 чизи дигарро бояд хотиррас шавам, ки исломистони зархарид дар навбати аввал муаллимони мактабро, чун кофири мутлақ, бе пурсу пос ва бераҳмии вежа қатл мекарданд. Пеш аз ҳама Салоҳ Самариддинович Самаровро, ки муаллими аввалини мо дар мактаби миёнаи №7 дар маҳаллаи Ломоносов буд, аз таҳхона бароварда, дар пеши назари ом, ваҳшиёна ба қатл расониданд!

-Ҳамчунин муаллим Нурулло Шарипович (язнаи полковники фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев, собиқ директори мактаби миёнаи №7-и ш.Қурғонтеппа, ки ҳоло ин мактаб ба номи ӯст)-ро низ аз подвал бо дастону чашмони баста, бурда парронданд… -Гӯши Солеҳ-муаллими фанни физика, сокини поселкаи Ломоносовро айнан мисли Нурулло дар пеши издиҳоми мардум буррида, баъдан бо «издеватся» куштанд!

 

Маро рӯҳан қатл карданд!

Сари ҳар 20 дақиқа 5 касро дар пеши назари мо аз подвал гирифта мебурданду гӯшу биниашонро мебурриданду сипас мепарронданд!!! То қарибиҳои бегоҳ дар подвал ҳамагӣ 15-16 нафар боқӣ монд ва мо-боқимондаҳо дигар дар қатори мурдаҳо будем, зеро  аниқ медонистем, ки моро низ айнан бо ҳамин усул - чашмону дастони баста, дар хок ғелонида, гӯшу биниамонро буррида, сипас мекушанд! Вақте навбат ба ман расид, дар ибтидо маро берун бароварда, бо қундоқи автомат заданд ва аз тарс дарди шаттаву зарбаи калтаку арматураро эҳсос намекардам ва аз чашмонам шуъла мепаррид! Бовар мекунед, ин манзараро вақте мебинед, худи шумо аллакай барои мурдан тайёред ва аллакай рӯҳан мурдаед, зеро ёду ҳуш надореду аз гап мондаед ва бо пои худ, бо чашмону дастони боз ва нӯг-нӯги автомати наҳзатиён сӯи марг меравед ва номаълум: ба ҳаммоми Туркманистон, ё «сброс»-и кожзаводи шаҳр???!!!

Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, баъзе аз асирон пеши автоматдорони наҳзатӣ ба по афтода, зораву тавалло мекарданд, ки «анде маро парронед, аммо бо ин тарз назанед, ки азоб кашидам!». Яъне марг осонтар буд, аз дидану хӯрдани зарбу лату кӯб!...

Ҷавону кӯдаку пиру барно, ҳар касе дар подвалу ҳаммом буд, ҳамаро «издеватся» карда мекуштанд. Ягон кас бовар надошт, ки зинда мемонаду ин даҳшат, ин ужас, ин ситам, ки немисҳо ҳини ҶБВ дар ҳаққи қавми яҳуд раво намедиданд, поин меёбад…

Амиршо Саидшоевич Шоҳмардов,

ронандаи таксӣ, маҳаллаи Ломоносов, ш.Бохтар

 

Рӯйхати нафароне, ки бевосита каллабурони ҲНИТ куштаанд

 

Абдуалим Баротов с.т.1954 - вафот 1992

Абдуғаффор Сафаров с.т.1967-вафот 1992

Абдукарим Абдуллоев - қорӣ Карим. с.т.1951-вафот 1992

Абдуллоев Наимҷон. - 10.10.1971-16.09.1992

Абдуллоев Содиқҷон. с.т.28.03.1964

Абдурауф Ҳалимов с.т 1957-вафот 27.09.1992

Абдуғанӣ Пулотов с.т.1970-27.09.1992

Абдукарим Шодов, муаллим. с.т.1962-вафот сентябри 1992

Аҳмад Сатторов с.т.23.06.1965-вафот 1992

Азизқулов Муҳаммадалӣ. с.тав.1977.

Санаи қатл 21.09.1992

Акбар Исломов, муовини директории мактаби №7. с.т.1964-вафот

сентябри 1992

Акбар Маҷидов с.т.1959- вафот сентябри 19922

Акрамбоев Анвар. с.тав.28.06.1963

Аламуродов Холмурод. с.тав.1963. Санаи қатл 1992

Алиев Иброҳим. с.тав.22.06.1972

Алимов Раҷабали Абдуллаевич. с.тав.1967

Азизулло Гулов с.т.1970-1992

Амир Раҳимов с.т.1961-вафот 1992

Атоев Сулаймон. с.т.1961. Санаи қатл 27.09.1992

Баҳриддин вафот 1992

Бегиҷон Маҳмадалиев с.т.1969 вафот 1992

Бояков Асадулло с.т.1962. вафот 1992

Бояков Зафар с.т.1962. вафот 1992

Вася вафот 1992

Владимир Балакиров вафот 1992

Ғуломалӣ Ҷабборов с.т.1940 вафот 1992

Гулов Дилшод с.т.1967, вафот 1992

Ёфтак Алиев с.т.1951 вафот 1992

Жеребёв Евгений с.т.1961 вафот 1992

Зимин Александр с.т.1962 вафот 1992

Зубайдуллоев Саидҷон с.т.1966 вафот 19922

Ибодов Худойдод вафот 1992

Ибрагимов Абдуҳамид вафот 1992

Иззатулло Қосимов с.т.1950 вафот 1992

Исматуллоев Юсуф Саидович с.т.6.07.1949 вафот 1992

Қабилҷон вафот 1992

Баҳриддин вафот 1992

Бегиҷон Маҳмадалиев с.т.1969 вафот 1992

Бояков Асадулло с.т.1962. вафот 1992

Бояков Зафар с.т.1962. вафот 1992

Гулов Дилшод с.т.1967, вафот 1992

Ёфтак Алиев с.т.1951 вафот 1992

Ибодов Худойдод вафот 1992

Ибрагимов Абдуҳамид вафот 1992

Кабиров Валихон вафот 1992

Камолов Баҳриддин с.т.1969 вафот 1992

Каҳҳоров Абдуҳамид с.т.1976 вафот 1992

Каримов Рустам с.т.1966 вафот 1992

Комил Пустов с.т.1968 вафот 1992

Мамадқул Сатторов с.т. 6.09.1969 вафот 1992

Мамедов Рашид с.т.1972 вафот 1992

Маннон Пустов с.т.1961 вафот 1992

Мирзоев Эмом с.т.1965 вафот 1992

Миров Хайрулло вафот1992

Миров вафот 1992

Михаил Емохонов с.т.1974 вафот 1992

Муродали Файзуллоев с.т.1972 вафот 1992

Муродалӣ Мирзоалиев с.т.1964 вафот 1992

Муҳаммадиев Маҳмуд с.т.1969. вафот 1992

Муҳиддин Сафаров вафот 1992

Навруз Раҳимов с.т.1962 вафот 1992

Назаров Қурбон вафот 1992

Наимов Анвар Ҷалолович.

с.т.13.01.1963 вафот 1992

Нуралӣ Ғуломов с.т.1958 вафот 1992

Нуриддин Ҳабибуллоев с.т.1975 вафот 1992

Нурулло Шарипов-директори мактаби миёнаи №7 вафот 1992

Обидҷон Солиев с.т.1968 вафот 1992

Одил Маҳмадалиев с.т.1965 вафот 1992

Олейник вафот 1992

Равшанов Ҳасанбой с.т.1967. вафот 1992

Раупов Тагай вафот 1992

Раҷабалӣ Алимуродов с.т.1965 вафот 1992

Раҷабалӣ Маҳмудов с.т.1965 вафот 1992

Раҷабмурод Сангинов с.т.1962 вафот 1992

Раҳимов Малах вафот 1992

Раҳимов Мирзокарим с.т.1970. вафот 1992

Раҳмадулло Абдуллоевич

Олимов с.т.1957 вафот 1992

Раҳматулло Маҳмадалиев с.т.1963 вафот 1992

Раҳматулло Холов с.т.1960 вафот 1992

Раҳмонов Файзулло вафот 1992

Рачаб Наимов с.т.1967 вафот 1992

С.Белацерковский вафот 1992

Убайдулло вафот 1992

Убайдулло Муминов с.т.1959 вафот 1992

Умар Каримов с.т.1970 вафот 1992

Умаров Баҳриддин. с.т.12.03.1952 вафот 1992

Усмонов Сафаралӣ вафот 1992

Файзиддин Раҳимов с.т.1966 вафот 1992

Фатҳулло Гулов с.т.1966 вафот 1992

Ҳайбуллоев Иброҳимҷон. 24.05.1956 вафот 1992

Ҳомид Солиев с.т.1968 вафот 1992

Ҳусейналӣ Бобоев с.т.1966 вафот 1992

Хайриддин Баротов с.т.1963 вафот 1992

Хайриддин Шарипов с.т.1961 вафот 1992

Хайруллоев Начбуддин. 21.12.1967 вафот 1992

Холматов Султон. с.т.10.10.1960 вафот 1992

Холмирзо Давлатов с.т.1967 вафот 1992

Холмирзо Таушев. 10.11.1959 вафот 1992

Холов Абдулмадуд. с.т.1967 вафот 1992

Холов Рамазон. с.т.1969 вафот 1992

Худойназаров Ибодулло с.т.1972 вафот 1992

Ҷобиров Мамараҷаб с.т.1964. вафот 1992

Чобиров Гулмурод. с.т.16.03.1958 вафот 1992

Чумъаев Рачабали. с.т.1956 вафот 199292

Шамсиддин Қурбонов с.т.1956 вафот 1992

Шарипов Бахтиёр вафот 1992

Шарифамоҳи Кишвардухт с.т.1951 вафот 1992

Шераков Шарифҷон с.т.1956. вафот 1992

Шовалиев Бозор.с.т.1960 вафот 1992

Шомардов Муродалӣ с.т.1962 вафот 1992

Шукур Маҷидов с.т.1965 вафот 1992

Эгамбердиев Абдувалӣ с.т.25.08.1969 вафот 1992

Эдуард Серебраков с.т.1965 вафот 1992

Яъқубов Маҳмадҷон с.т.1958 вафот 1992

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter