ХАБАРИ ДОҒ

Саргузашти булаҷаби 2 австралие, ки зафарободӣ шуданд

  • Чоршанбе, Июл 13 2022

(Humanstory)

Ҷефри ва Бетани Диллон, ки ҳоло дар байни мардумӣ бумӣ, бо номи Ҷамшед ва Бунафша шинохта шудаанд, ҳанӯз 20 сол пеш ба Тоҷикистон омада, мафтуни ин диёри зебоманзар гаштаву барои кору зиндагонии ҳамешагӣ Тоҷикистонро интихоб мекунанд. 2 ҷавоне, ки барои омӯзиши таъриху фарҳанг ва забони яғнобиву мавзеи Яғноб омада буданд, ҳеҷ гоҳ фикр ҳам намекарданд, ки рӯзе дар Зафарободи Тоҷикистон, ки аксарияти яғнобиҳо муҳоҷир шуда фаромадаанд,  ферма сохта, дар он ба парвариши бузҳои австралиёвӣ ва алпӣ машғул мешаванду баъди чандин сол ба бозори ин кишвар маҳсулоти нав-паниру ширу ҷурғоти аз шири буз тайёршуда пешниҳод мекунанд. Ва дар охири кор бо андозбандиҳои дохилӣ ба фиғон меоянд!

Бояд гуфт 3 сол пеш Сарвари давлат низ меҳмони ин хонадон шуда, аз маҳсулоти ширии экологии Ҷефри ва Бетани чашиданд. Ҷефри ва Бетани соҳиби 7 фарзанд мебошанд, тифли охирин соли гузашта дар даврони пандемия дар Зафаробод таваллуд шудааст. Ҳафтаи гузашта зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд СССР  меҳмони ин хонаводаи хеле ҳам аҷиби тоҷику-австралиёӣ шуд. Мо Метавонем!

 

Бузаки ҷингилапо…

Фермаи Ҷефри-Ҷамшед аз маркази н.Зафаробод дар масофаи 40 км қарор дошта, Ҷамшед бинои кӯҳнаву фарсудаи фермаи шириву молии давраи шуравиро, ки аз кор монда, дар ҳолати риққатовар қарор дошт, дубора азнавсозӣ намуда, мутобиқ ба стандартҳои муосир гардонидааст. Номи расмии ин корхона ҶДММ «Ҷаҳида» буда, брендаш «Бузаки ҷингилапо» ном дорад. Рӯзе, ки мо меҳмони ин ферма шудем, Ҷамшед ва ҳамсараш Бетани-Бунафша барчаспҳои нави маҳсулотро, ки шакли нави кӯтоҳшудааш –«Jingilapo» ном дошт, бароямон муаррифӣ карданд.

   - Мо дар бораи номи корхона ва бренди маҳсулотамон хеле фикр кардем ва ба ману Бетани бештар аз ҳама номи «Бузаки ҷингилапо» писанд омад. Ҷаҳидаро низ махсус интихоб кардем, чун бузҳо ҷаҳида-ҷаҳида, яъне парида-парида мераванд. Мо ҳеҷ гоҳ интизор надоштем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати мо меоянд, охир ӯ Президент аст, мо бояд ба аёдати ӯ равем, аммо Президент ба назди мо омад, ҳолу аҳволамонро пурсид-коре, ки дар Австралия ҳеҷ гоҳ намебинед, чанд маслиҳат дод, пас аз он кори мо хеле пеш рафт,  - мегӯяд Ҷефри-Ҷамшед.

   - Шумо дар вақти хуб омадед, зеро имрӯз дар баробари парвариши буз, мо ба парвариши говҳои зотӣ, моҳӣ ва занбӯри асал низ сар кардаем. Моҳиро дар ҳавзи махсус, ки дар он барои рӯзи мабодо об нигоҳ дошта мешавад, мепарварем. Чанд оилаи занбӯр ҳам гузоштаему ҳоло таҷриба мекунем. Чанд сар чорвои шохдор-говҳои зотӣ ҳам овардаем, беш аз 400 адад буз дорем, ки ҳама зотӣ буда, нахустин бузҳоро барои таҷриба ва мутобиқ намудан ба иқлим мо аз Австралия ва қаторкӯҳҳои Алп овардем. Хушбахтона, ин бузҳо ба иқлими Тоҷикистон тоб оварда, наслдеҳ шуданд, - таъкид меорад мавсуф.

 

Бузҳои «хориҷӣ» ва панири голландӣ

Вобаста ба сифати маҳсулоти ширӣ Бетани-Бунафша таъкид медорад, ки маҳсулоти истеҳсоли онҳо-паниру ширу ҷурғот аз лиҳози сифату кайфият шояд дар миқёси Осиёи Марказӣ ҳамто надошта бошад.

   - Мо ба сифату кайфияти маҳсулот хеле таваҷҷӯҳи ҷиддӣ мекунем. Ба маҳсулоти хӯрокаи бузҳо ягон иловаҳо, моддаҳои кимиёвӣ ё дигар ивазкунандаҳои минералии сунъӣ омехта намешавад. Бузҳои «хориҷии мо» фақат хӯроки тару тоза мехӯранд. Аввал фақат буз парвариш мекардем, баъд дидем, ки бузҳо ширдеҳ шуданду шир зиёдӣ кард, тасмим гирифтем ба пухтани паниру тайёр кардани ҷурғот сар кунем. Шири тоза ҷӯшидаро зуд ба яхдон мегузорем, зеро пас аз ҷӯшиш ҳарорати он бояд чанд градус сард карда шавад. Шир аз рӯи технологияи швейсарӣ тайёр, пухта ва нигоҳ дошта мешавад, ин технология имкон медиҳад, ки витаминҳо ва протеинҳои шир гум нашаванд. Ман шахсан худам барои омӯхтани тарзи тайёр кардани панири голландӣ ба ватанаш Ҳолланд ва Швейтсария рафта будам. Агар панири дигар корхонаҳо дар муддати 14 рӯз омода шавад, аз рӯи технологияи аврупоӣ панири мо аз 23-27 рӯз то 2 моҳ тайёр мешавад. Аз 10 литр шир 1 кило панир омода мешавад ва ҳар чи қадар панир дер истад, ҳамон қадар таъму сифаташ беҳтар мешавад. Роҳи дурусташ ҳам ҳамин аст, - иброз медорад Бетани-Бунафша.

 

Сифат, яхдон ва барқ

Бояд гуфт, ки ин оила дар якҷоягӣ бо 2 хонаводаи дигар, ки барояшон ҳам кӯмак мекунанду ҳам шарикӣ, маҳсулоти тайёри худро шахсан ба бозору марказҳои савдо бурда месупоранд. Тавре Ҷефри-Ҷамшед мегӯяд, онҳо худашон интихоб мекунанд ба кадом фурӯшгоҳ бурда, паниру ҷурғоти «Ҷаҳида»-ро супоранд.

   - Барои мо шароити нигоҳдошти маҳсулоти ширӣ дар марказҳои савдо ва фурӯшгоҳҳо хеле муҳим аст, зеро маҳсулоти мо бояд дар 1 ҳарорати муайяни сардӣ нигоҳ дошта шавад. Агар баногоҳ ҳарорат пасту баланд шавад ё қувваи барқ қатъ гардад, он албатта зарари хешро ба сифати маҳсулот мерасонад, ки бар зарари имиҷи «Бузаки Ҷингилапост» - меафзояд Ҷефри-Ҷамшед…

 

Меҳнат, меҳнат боз меҳнат!

Ҷефри-Ҷамшед Диллон аз кору зиндагии худ дар ин фермаи зафарободиаш пушаймон нест ва таъкид ба он дорад, ки меҳнату заҳмати пок инсонро ба тамоми орзуҳояш мерасонад.

   - Асос он аст, ки дар куҷое набошед, бояд меҳнат кунед. Дар китобҳои ирфонии гузаштагон низ гуфта шудааст, ки инсон ризқашро бо арақи пешонӣ дар ҳама ҷо меёбад, чи дар Тоҷикистон бошад чӣ дар Австралия.

-Австралия, албатта, аз Тоҷикистон фарқ мекунад ва агар гӯем, ки он кишвар алакай обод шудааст, хато нест. Чаро ман дар ким-кадом корхонае дар Сидней нишаста кореро анҷом диҳам, ки то ман аллакай чанд нафари дигар онро кардааст? Ман тибқи гуфтаҳои гузаштагон бояд донишу малака ва касбияти хешро дар 1 маконе, дар 1 кишваре сарф кунам, ки он ҷо лозимам ва бо ин амал 1 гӯшаи дигари дунёро ободу зебо гардонам.

 -Меҳнат кунӣ роҳат мебинӣ, дастархонат пур мешавад, ба кисаат пул медарояд, аз зебоӣ ва кори кардаат лаззат мебарӣ. Барои 1 мард 40 ҳунар кам аст, барои деҳқон низ.

-Деҳқони имрӯз бояд аз ҳама чиз огаҳ бошад, аз технологияи муосир, аз Интернету алоқаи мобилӣ, аз пешравиҳои соҳа, аз тағийротҳои қонунгузорӣ, бизнес-план бояд дошта бошад, набзи бозорро донад, маркетингро омӯзад, то маҳсулоти хешро дуруст таблиғ намуда ба бозор бароварда тавонад, ба хати барқу обу корезӣ, шудгору таъмири трактор сарфаҳм равад, - қайд мекунад фермер.

 

 

Муҳоҷират роҳи ҳал нест

Вобаста ба масъалаи муҳоҷирати сартосарии кории Тоҷикон ба хориҷа, ба вежа Россия, Ҷефри-Ҷамшед таъкид меорад, ки он роҳи ҳал нест ва инсонро сармоядор намекунад.

    - Муҳоҷират, хосса муҳоҷирати корӣ, падидаи нав нест ва он дар ҳама давру замон буд. Дар Аврупову Амрико низ муҳоҷират ҳаст ва агар ҳақиқатро гӯем ман ҳам муҳоҷираму ба муҳоҷирати корӣ омадаам. Вале муҳоҷирати ман аз муҳоҷирони тоҷикистоние, ки барои кор ба Россия меравад, фарқ мекунад. Ман омадам то аз таҷрибаи худ истифода бурда, кореро анҷом диҳам, ки ҳам ба нафъи худам бошад ва ҳам ба нафъи мардум, илова бар ин сармоядор шаваму онро ба фоидаи кор сарф кунам. Вале мардуми тоҷик ба муҳоҷират танҳо барои кор кардани пул, барои хӯрдану пӯшидану мошин харидану тӯй кардан мераванд.  Ин пули аз муҳоҷират ба сахтӣ ба даст омада, зуд сарф мешавад, аммо сармоя намешавад. Падарон барои писарон намунаанд ва вақте писар мебинад, ки падараш муҳоҷир аст, ҳатман орзуи инро мекунад, агар падараш соҳибкор ё муаллим ё духтур бошад, писар орзуи соҳибкор, муаллим ва духтур шуданро мекунад. Муҳоҷират низ бояд оқилона бошад, агар меҳнати ҳамон муҳоҷирон дар Тоҷикистон сарф шавад, чи қадар Ватани мову шумо обод мешавад, вале муҳоҷирон имрӯз Россияро обод карда истодаанд, - қайд мекунад Ҷефри-Ҷамшед.

 

Миллионерӣ мушкил аст…

Вобаста ба соҳибкориву сармоядорӣ Ҷефри-Ҷамшед Диллон мегӯяд, ки ба танҳоӣ наметавон коре кард.

   - Тиҷорат бе шарикӣ ва ҳамкорӣ пеш намеравад. Барои соҳибкор команда сохтан хеле муҳим аст. Ман ҳам ҳама чизро намедонам, бо чанд нафар якҷоя кор мекунем, ҳар яке мутахассиси соҳаи худ ҳастему якдигарро дастгирӣ мекунем. Бе дастгирӣ кор пеш намеравад. Албатта тиҷорат кори осон нест, миллионер шудан мушкил аст, ҳатман қоғазбозӣ ҳаст, вале инҳо ҳама ҳалшавандаанд, аз рӯи тартиб кор кунӣ, мушкил пеш намеояд.

 

Дод аз дасти андозу гумрук!!!

Ҷамшед Диллон, чун дилхоҳ соҳибкори ватанӣ, бештар аз гумруку андозу андозбандӣ, ки дар олам яке аз андозбандиҳои сахттарин маҳсуб меравад, шиква дорад. Ӯ гуфт:

-Ба ман мегӯянд, ки чаро нархи маҳсулоти шумо қимат аст, дуруст, зеро дар Тоҷикистон чанд қабат андозбандӣ роиҷ шудааст. Масалан 1 маҳсулоти ман 24% андозбандӣ мешавад - 18 % андоз аз арзиши иловашуда ва 6% андоз аз даромад. Ин аст, ки ба таври автоматӣ нархи маҳсулот гарон мешавад. Ин кор дар ягон кишвари дунё нест!!! Ба ғайр аз ин зимни ба расмиятдарорӣ дар гумрук мушкили зиёд пеш меояд, баъзеҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ озоданд, баъзеҳо не, лек ҳама куллан 1 корро мекунанд.

Ташрифи Президент ба фермаи Ҷамшед

Ҷамшеду Бунафша то ҳол аз ташрифи сарвари давлат ба фермаашон хурсанданд. Ҷефри дар ин бастагӣ мегӯяд:

-Вақте мо корро сар кардем, хеле мушкил буд. Вале Ҷаноби Олӣ омаду корамон авҷ гирифт. Аввалтар аз ҳама мо хеле хурсанд шудем, ки президент пеши мо омад. Мо кӣ? 1 чӯпон! Вале шоҳ пеши чӯпон омад!!! Мо хеле хурсанд шудем, ки 1 подшоҳи давлат пеши 1 чӯпони оддӣ биомад. Мо тасаввур намекардем, ки президенти шумо ин қадар инсонпараст аст. Мо бояд вайро ҳурмат кунему пешаш равем, вале он кас моро ҳурмат кардаву пеши мо омад. Мо аз ин дидор хеле хурсанд шудем, қавл додем, ки коре кунем сифату дараҷаи маҳсулоти мо хубтар шавад. Худи Ҷаноби Олӣ ҳам таъкид карданд, ки ба сифати молатон аҳамият диҳед. Мо низ ба сифат аҳамият медиҳем, то бовари президентро сазовор бошем.

 

Гузашта аз ин мо аз Ҷаноби Олӣ сипосгузорем, ки ба Тоҷикистон тинҷиву оромӣ ва сулҳ овард. Давлатҳое, ки тинҷу осуда нестанд, ҳеҷ вақт пеш намераванд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Миёна рушд карда истодааст, зеро даврони тинҷиву оромиш фаро расид. Ман бовар дорам, ин тинҷиву осоишро агар шумо нигаҳ доред, ояндаи кишвари мову шумо-Тоҷикистони азиз хеле дурахшон аст! 

 

 

Бо Президенти ҶТ вохӯрданиям…

Шикваҳо, шикоятҳо, гуфтаниҳо зиёд аст ва умедворам боз 1 бори дигар дидори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон насибам гардаду ҳамаи инҳоро якояк ба Раҳбари Давлатамон бигӯям. Бовар дорам, он кас ҳатман мушкили андозу гумрукро аз забони ман, 1 соҳибкори Тоҷик, шунаванд, рафъ мекунанд.

Шумо, журналистони СССР, ҳар гоҳе гузоратон ба тарафҳои мо афтод, ҳатман ба фермаи «Бузаки Ҷингилапо» биёед, хушҳол мешавем. Мо тоҷикон меҳмондӯстем!  - изҳор кард ҳини хайрухуш Ҷефри-Ҷамшед.

Саломат бошед Ҷефри ва Бунафша! Мо боз ҳатман меоем. Мо Метавонем!

 

Ҷ.Ҳусейнова, СССР

А.Собир, суратгир

Душанбе-Зафаробод-Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter