ХАБАРИ ДОҒ

Ман иштирокчии майдони «Озодӣ» будам!

  • Чоршанбе, Июл 13 2022

Дуруд ба СССР-и азиз! Ман мақолаи Аброр Соқиевро аз ш.Ваҳдат, ки дар рӯзномаи дӯстдоштаи халқ СССР рӯзи 2.06.2022 бо сарлавҳаи «Аз «хоинии» Кенҷаев то алифбои кирилливу хати форсӣ» нашр гардидааст, хонда баромадам.

Дар мақола Аброр Соқиев навиштааст:

«Ҷаҳонбинии шумо аз доира саҳни ҳамон мактаб ва ҳамон китобҳои таърихие, ки барои мактабҳои миёна пешбинӣ шуда буду онҳоро барои мо бегонагон навиштаанд, берун нест. Ин аст, ки бисёр сафсата менависед ва дар доми ҷаҳолати коммунистӣ пойбанд буданатонро ба исбот расонида истодаед».

 Боз менависад:

«Шумо аз 1 хоини мансабхоҳу мансабталаб С.Кенҷаев. ки ба хотири ба мансаб расидан ба ҳамаи муқаддасоти миллию ватандорӣ туф карда, ба пойтахти ватанаш бо тиру туфанг ва зархаридоронаш ҳуҷум карда сабабгори қатли даҳҳо одамони бегуноҳ шуда буд, бе таҳлили воқеият, бо сабаби бедониш буданатон, ба воситаи шунидаатон аз радио қаҳрамон тарошидед»…

Хонандаи азиз, акнун дарк намудед, ки китобҳои дарсии таърихи мактаби миёнаро одамони бегона навиштаанд? Ин бегонаҳо муаллифони таърихи мактабҳои миёнаанд: Юсуфшоҳ Яқубов, Таваралӣ Зиёев, Раҳмоналӣ Шарифов, Аҳрор Мухторов,  Намоз Ҳотамов,  Роҳат Набиева ва Файзӣ Зикриёев. Акнун гӯед, ки кадом аз ин муаллифон одамони бегонаанд? Ин муаллифони китобҳои дарсии таърихи мактабҳои миёна ҳама олими соҳаи таъриханд, номзад ва докторҳои фанҳои таърих мебоошанд. Китобҳои ман хондагиро дар соҳаи таърих ва адабиёт Аброр Соқиев ҳеҷ гоҳ нахондааст ва он китобҳоро бовар дорам, ки надидааст.

 

Ба хазинаи майдони «Озодӣ» пул бурдем…

Аброр Соқиев менависад, ки ман аз гирдиҳамоиҳои ш.Душанбе, аз ба Душанбе ҳамла овардани С. Кенҷаев танҳо ба воситаи радио хабардор шуда бошам. Баракс ман дар гирдиҳамоии майдони «Озодӣ» иштирок доштам. Охирҳои моҳи апрели соли 1992 бо 1 гурӯҳ омӯзгорон аз ҳар яки онҳо аз 50 то 100 сумӣ (рублӣ) ҷамъ карда будем, он пулро ба хазинаи майдони «Озодӣ» супоридам. Ба воситаи баландгӯяки майдон эълон намуданд: «Мактаби миёнаи № 58-и ноҳияи Ҳисор… ин қадар маблағ ба хазинаи майдон супорид». Пас мо ба деҳаи худ баргашта, дар деҳа штаби худмуҳофизатӣ ташкил кардем. Ман раис – роҳбари штаб будам ва 5 нафар аъзои штаб ҳам доштем. Ҳар 2-3 рӯз барои озод кардани ш.Душанбе ва дараи Ромит 14-15 нафар ҷавонмардони деҳаро мефиристондем. Бадбахтона 1 нафар аз деҳаи мо дар ин задухӯрд ҳалок гардид.

 

Кенҷаев хоин набуд!

Аз сарлавҳаи мақолааш маълум аст, ки С. Кенҷаевро «хоин» гуфтааст. С.Кенҷаев ҳеҷ гоҳ хоин набуд ва нест. Агар Аброр Соқиев вақти холигӣ ёбад, 1 бор китоби С. Кенҷаев «Табаддулоти Тоҷикистон»-ро хонад, пас мефаҳмад, ки Кенҷаев чӣ гуна кас аст. Ба Душанбе даромадани С. Кенҷаев бо ҳамфикронаш дар асоси нақшаи фронти халқӣ буд. Ҳамроҳони С.Кенҷаев шахсони зархарид набуданд. Онҳо ҷавонмардони бо нангу номус аз ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ва ш.Турсунзода буданд. Калимаи «зархарид»-ро нодуруст истифода бурдан аз беандешагӣ аст, ё аз бефаҳмӣ.

Мардуми минтақаи Кӯлобу Ҳисор ва аксар Хуҷанд тарафдори С. Кенҷаев буданд. Чандин бор баромадкунандагони майдони «Озодӣ» аз Кӯлоб «С.Кенҷаев «Капитан Катани»-и тоҷикон» гӯён садои худро баланд мекарданд. С. Кенҷаев мо бо шумоем!» мегуфтанд. С.Кенҷаев монанди Нурулло Ҳувайдуллоев беҳтарин ҳуқуқшиноси Тоҷикистон буд. Унвони илмиаш доктор буд. Чӣ кас будани С. Кенҷаевро Аброр Соқиев пурра намедонад, бинобар ин дар ҳаққи ӯ суханҳои туҳматомез мегӯяд. С. Кенҷаев одами баднафс набуд. Барои худаш ягон қаср ё бӯстонсаро насохт. Хонаи истиқоматии ӯро ман дар деҳаи Чоряккорони н.Рӯдакӣ дидам. А.Соқиев оё қасру кушки муллоҳои зодгоҳаш-Ваҳдатро дидааст? Агар хонаи Кенҷаевро бинад, баъд мефаҳмад, хоин Кенҷаев аст ё эшону шайху қозиҳои ваҳдатӣ?!

 

«Мо Ҳисорро дар 4 соат мегирем!»

Фронти халқӣ аввал дар комбинати маъдантозакунии Анзоб, пас мавзеи истироҳатии Искандаркӯл, сипас ба ба ш.Турсунзода кӯчида муборизаро сар карданд. Қариб 90 фоизро ҷавонмардони Ҳисор, Шаҳринав Турсунзода, Варзоб ташкил намуда, пурра тарафдори фронти халқӣ ва тарафдори С. Кенҷаев буданд. Дар ғалабаи фронти халқӣ ва озод кардани ш.Душанбею дараи Ромит хизмати раиси Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров, паҳлавон ва чемпиони Осиёи Марказӣ Абдуманнон Зокиров, хеле калон аст.

Дар ҳамон шабу рӯзҳои гирдиҳамоии майдони «Шаҳидон» 1 аъзои майдон Бӯйдоқов  ба воситаи телевизион баромад карда гуфта  буд:

«Эй Манан-паҳлавон, эй Ҳабибулло! Шумо ба мо таслим шавед, мо Ҳисорро дар 4 соат мегирем!».

Дар натиҷа маълум шуд, ки баъди ба гардиши Шоҳамбарӣ ҳамла кардани гурӯҳи  400-нафараи мухолифин бо сардории Мулло Абдуғаффор ба чӣ нокомиҳо дучор гардиданд.

Аз коммунистбадбинҳо дар рӯзномаи «СССР» ҳоло 2 кас боқӣ мондаанд, яке Аброр Соқиев ва  дигаре аз ш.Одессаи Украина Сафват Бурҳон мебошанд. Инҳо шахсоне мебошанд, ки дар бораи коммунист ё коммунистон тасаввуроте надоранд, ё агар дошта бошанд, худ ё ягон авлодашон аз тарафи Ҳукумати Советӣ ҷазо гирифтаанд.

Олимов Хайрулло,

омӯзгор МТМУ № 58-и ш.Ҳисор

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter