ХАБАРИ ДОҒ

 

Дари майхона кушоед ба рӯям шабу рӯз,

Ки ман аз масҷиду аз мадраса безор шудам!!!

Ҳафтаи гузашта дар Хуҷанди бостонӣ шоҳиди ифтитоҳи 4 чойхонаи мардумӣ бо ширкати раиси шаҳр шудем. Чаро чойхонаи мардумӣ? Зеро, тавре дар сӯҳбат бо мо Фирдавс Шарифзода-раиси Хуҷандшаҳр таъйид кард, ин чойхонаҳо ройгон будаанд ва мардум ба ин ҷо омада, кате гирифтаву бо худ шириниву нону чойи хушк меоранд, оши ҳарифона (дастаҷамъӣ) фармоиш медиҳанд ва ба таъбири Биҳоҷал Раҳимоваи нозанин «гаппаронӣ» мекунанд. Дар Хуҷанд ин маъракаҳоро ҳамту «ГАП» мехондаанд. Просто гап. Мешинӣ 4-та гап зада, дилро хунук карда, меравӣ. Даромади чойхоначӣ аз ҳиммати меҳмонон ва самовар ва иҷораи кат иборат аст.  Тамом вассалом! Офарин бар мардуми Хуҷанд. Қанд занад, раиси шаҳру вилоят, ки ғами мардумро мехӯранд.

А, дар боқӣ 67 шаҳру навоҳии кишвар ҳоли мардум чист? 1 кас мепурсад-мӣ? На-ме-пур-сад!

Мавзеъ ва макони ройгон барои 9 млн сокини дигари ҶТ, ки даъвии дунявият дорем, масоҷид мондаасту бас! На 1 чойхона, на 1 қулуб (гуфти Бобои Ғулом), на 1 кинотеатр ва на ягон театр…

STOP ё худ Гтор… Шумо гуфтаниед, ки кинотеатр доре(м)д? Оре доре(д)м. Масалан дар Душанбе чанд-то. Вале 1 бор кинотеатри Ватан ё Ашан рафтаед? Нархи 1 кинои паъат, гуфти Бобои Ғуломи таърихиву тавсифӣ, аз 80 то 50 сомонӣ!!! Пас, гӯед, ки бо маоши, мана бигирем, 1,5-2000 сомонӣ, 1 тоҷике, ки ҳадди ақалл 3 кӯдак дорад, дар 1 моҳ чанд бор метавонад кино равад? Ва ин дар ҳоле, ки кӯдаки паъат (куҷое ин ибораи рехтаро дидед, ҳатман донед сарчашмаи истинод Бобои Ғулом асту евро-адвокатҳо паи ба судкашии СССР нашаванд!!!), боз нон ҳам мехӯраду либос низ мегӯяд. Дар бораи «комунал-услуги» ва пули барқ ҳоло ман, маънидорона, хамӯшам.

Вале пеш аз оне, ки паи матлаб равем, хотиррас мешавам, ки ҳамин евро-адвокатҳоеро, ки аз зери нохуни СССР чирк меҷӯянд, дар мақомоти қудратӣ, ба вежа ВКД, раҳбари ислоҳот ё худ реформашон низ гирифтаанд: шояд фаромӯш кардаанд, адвокат, юрист, индивиде, ки аз хориҷа пайваста грант мегирад, метавонад замоне тамомии сирру асрори 1 вазоратхонаро ба хориҷиёни гранттеяш диҳад, неъ, нафурӯшад, просто тият-будааст… Вале ба кӣ мегӯй? (сорри, извините, бубахшед, ки ин иқтибос аз Одина Ҳошим шуд, на Бобои Ғулом). Ва шояд таъсири ҳамин евро-грантхӯракҳо аз проекти «Ислоҳоти милитсия» аст ё чизи дигаре, ки кудум полковнике Ҷамила Ҳусейноваи моро дар миёни мардум истинтоқ кардааст, ки ба маҳалчигӣ роҳ надиҳед дар газитатон!

Стоп! Фуроетон. Расидем…Агар СССР маҳалчист, пас дар Тоҷикистон 1 неъ,  0,5 фард ё лоиҳаи миллатдӯст ва патриотӣ намондааст. Рафиқ полковник и тпр… ҳамин шумораи моро варақ занед ва бо чашми сар бинед, ки аз чанд водиву минтақаву вилояти ҶТ мардум ба мо матлаб навиштааст. Мо газетаи мардумием ва мардум моро қабул дорад.

Ин иддао, ки танҳо дар ним соли тақвимӣ беш аз 1700 маротиба тавассути сайтҳои иҷтимоӣ, фейку фейсҳо, бо шумули евро-адвокатҳои ошнои шумо, зану маъшуқаҳои кабирӣ, гурӯҳҳои ҷиноии хоруғӣ ва евро-дастандаркорони моҷарои Бадахшон… ба сардабир ва газетаи мо таҳдиду фишор кардаанд, худ гувоҳ аст, ки СССР миллӣ ва аз Миллат аст! Ин нуктагириҳои беасоси солдафонӣ давом кунад, мо бо дилхоҳ муддаъӣ дар суд во мехӯрем. Мо Метавонем!

Стоп!!! Ҳоло мавзуъи баҳс масҷид ва чойхона аст. Чойхонае, ки дигар нест! Ба чойхонаи таърифии Роҳат дигар ягон адибу артисту фарҳангӣ даромада на-ме-та-во-над! Шояд ҳамон евро-адвокат аз г…ранти гирифтааш 1-2 бор равад. Зеро ба дигар рӯз ҳатто зӯри вай ҳам намерасад. Нархҳо дар потолок, потолок чун потолокҳои Роҳат дар осмони 7-ум! Вале эээххх модддааа гӯед. Бояд флешмоб ташкил карду аз Роҳат пуштигирӣ намуд. Руки проч от Рохат! Ба Роҳат нарасед!!! Ҳукумат Роҳатро тахриб карда, ҷояш Бурак месозад…

Воқеан ҳам Бурак! Ва он ҳам Бураки Раҳими Ғармӣ. Оё муҳтарам Раҳими Ғармӣ медонад, ки сети ресторанҳои Бурак дар Туркия барои мардуми камбағал ва миёнаҳол аст? Пас чаро нархи Бураки паъати тоҷикӣ аз Бураки «нопаъати» туркӣ фарқ мекунад? Инаш ҳам ҳамту барои андеша…Фарзи мисол, Раҳим наметавонад, ба 1 камбағал хона надиҳаду пули онро харҷи нархномаҳои Буракаш карда, таомҳоро арзон ва дастраси мардуми камбағал созад??? Ан-Неъ! Зеро ун ҷо таблиғ асту ин ҷо бизнес. Мо Метавонем!

Стоп!!!  Бигуфтем дар боби чойхона басе... Вале биоед аз Майхона ҳам 1 гап кунем чӣ? О, вай чойхона барои ГАП буд-ку? Танҳо фикр накунед, ки масҷид гапхона нест. Масоҷиди мо кайҳо аз Хонаи Худо ба Ғайбатхона табдил кардаанд. Между прочем, ғайбат дар ҳама Кутуби Худо, дар ҳадис ва ҳатто тасаввуф мазаммат шудаву батар аз зино ва шаробхорагӣ ҳукм гирифтааст. А-ҳааа, шумо мисол мехоҳед? Марҳамат:

Аз тазкират-ул-авлиё (варианти кӯтоҳшуда)

Боре муриде пеши Ҳасани Басрӣ омаду гуфт, ё шайх, пӯзише, ки гуноҳи кабира кардам! Ҳасан пурсид, чӣ кардӣ? Гуфт, «таҷовуз», ки Ҳасан бихандиду гуфт:

-Тарсидам, ки ғайбат кардаӣ!!!

СТОП! Ва ана акнун сари майхона бармегардем. Пештоз мегӯям, ман, шахсан, арақ намехӯрам!!! Инро барои реклама намегӯям, зеро арақ нахӯрдан мояи ифтихор нест. Мо-арақнамехӯрдагиҳо корҳое мекунем, ки пешамон 100 майзада хиҷиланд! Вале дар бархе шаҳру навоҳӣ дуконҳои арақфурӯшӣ намондааст. Ва ин дар кишваре, ки даъвои дунявият дорад!!! Ҳаргиз фикр накунед, ки салафияву ваҳҳобизм ин дуконҳоро бастаанд. Неъи қоқ! Онҳоро қонуну қавоиди мо роҷеъ ба аксизи арақу андозҳои ҳангуфти майфурӯшон манъ кардаанд ва ин аст, ки бечора шоир менолад:

Ба майхорон расон фатвои пири майфурӯшонро;

Шароби 3-талоқа бе ҳалола ҳам раво бошад!!!

Яъне дар куҷое ёфтед, 50 гр вардоред! Вале агар андозбандии ашрабу арақ ҳамингуна давом карданд гирад, дур нест соате, ки худамон чун давлатҳои исломӣ аз «уммулхабоис» халос шавем. Инаш ҳам ҳам ту. 1 гап-дэ!

Ва акнун биёед 10 ангуштонамонро кушодаву ҷамъ кунем, ки мо чӣ корҳо карда истодаем, то мардуми мо куллан тобеи масҷид шаванд:

-Чойхона йуқ!

-Майхона пуқ!!

-Хонаи пирсолон-йуқу пуқ!!!

-Арақ гарон,

-сигор гум,

-дискотека-статя,

-нос-ифлос,

-кинотеатр нест (ё хелееее гарон),

-ҷойҳои ҷамъиятӣ маҳкам,

-гӯшаҳои шоҳмотбозӣ баста,

-домино ҳаром,

-шатранҷ-гуноҳи кабира…

-кампутархонаву бозии кӯдак дар кампутар ҶИНОЯТ (боздошту ҳабси атфол дар ин мавзеъҳо тариқи ТВ боз ҳушдор бар волидайн мешавад, ки кӯдаконатонро ба ин ҷо равон накунед)…

Дар миёни 4 дарё тахтабандам кардаӣ,

Боз мегӯӣ, ки доман тар макун, ҳушёр бош!!!

Дигар мардум куҷо равад? Албатта ба масҷид! Ва дар ин масҷид онҳо бо чиву кӣ сару кор мегиранд, мақомот аз ман беҳтар медонад. Намегӯям, куллан муллоҳои мо мутаассибанд. Гуфтаниям, ки танҳову танҳо масҷидравӣ роҳи раҳоӣ аз варта нест, ки на ман гуфтаам:

Эй, кабки хушхиром, куҷо меравӣ? Биист!

Ғарра машав, ки гурбаи обид намоз кард!!!

Дар бораи шатранг ё шатранҷ ҳоло баҳсҳо зиёданд. Ва дар ҳоле, ки Толибони ҷоҳил ва миллиард километр дур аз ислом ин бозии андешмандиро ҳаром эълон кардаанд, чаро мо гӯшаҳои шоҳмотро дар поркҳои навтаъсис барҳам мезанем? Дар тамомии поркҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар, чун намои култур ва фарҳанг, дар даврони шӯравӣ, «Гӯшаи Шоҳмоту Шашкаву Домино» доштанд. Имрӯз танҳо дар порки Кӯлоб он ҳасту тамом. Сипос бар Шералӣ Кабиров, ки ҳини реконструксияи порки Кӯлоб маслаҳати сардабири СССР-ро гирифту гӯшаи Шоҳмот таъсис дод. А, дар кадом порки дигар ин гӯша ҳаст? Нест!

Воқеан ҳам вақте Толибон шатранҷро куфр эълон карданд, толибсапедкунакҳо мегуфтанд, унҳо нардро дар назар доранд. Рӯтона сияҳ накунед, паъато (ёдатон ҳаст, ки иқтибос аз кист?!), шатранҷ Шоҳмот асту нард нард. Инро низ ман нагуфтаам:

То ҷуз аз бисту чаҳораш (24) набувад хонаи нард,

Ҳамчу дар сию ду (32) хонаст асоси шатранг (ҷ)…

Стоп!!!  Мақсади ман чист? Нафаҳмидӣ, хонанда? Раисони Ҳукуматҳо БОЯД ба мардум имконияти интихоб диҳанд, то фардо худашон, мисли имрӯз бознишастагон, чу ба нафақа рафтанд, ягона роҳашон ба масҷид нашавад. Масҷид раванд, вале танҳо масҷидро ройгону дастрас кардан дар асри 21 ва он ҳам дар кишваре, ки даъвии дунявият дорад, агар хато нест, пас АЙБ аст.

Мо Метавонем!

PS: Ҳар нафаре муаллифони шоҳбайтҳоро меёбаду ба редаксия мегӯяд, менависад, СМС мекунад, меорад, соҳиби ҷоиза мешавад. Ҷоизаи мо мутаассуф пул нест, зеро онро кам дорем: тӯҳфаи мо, боз ҳам мутаассуф, барои барандаи ин озмун, танҳо китоб аст. 4 китоби тозанашри редаксияи газетаи мардумӣ:

1.    Аниқ…дотҳои СССР

2.    Романи Эшон-Бала

3.    Ашъори Шарифи Мисайзод

4.    Гуфтугӯ бо Табиати Мақсуди Ҳусейн

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter