ХАБАРИ ДОҒ

Маошу нафақа зиёд шуд: аз кӣ чанд пул?

  • Чоршанбе, Июл 20 2022

Аз 01.07.2022 музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, муассисаҳои томактабӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, муассисаю ташкилотҳои соҳаи фарҳанг, соҳаҳои иҷтимоӣ ва муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 20 % зиёд карда шуд.

 

Ҳадди ақали музди меҳнат – 600 сомонӣ дар 1 моҳ

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли 2022 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар 1 моҳ муқаррар карда шуда, маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Тибқи банди 2-юми фармони Сарвари давлат, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 20 % зиёд карда мешавад. Инчунин, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, 366 сомонӣ муқаррар гардидааст.

 

Маоши хизматчиёни давлатӣ 20% афзуд

Андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, 1-ум, 2-юм, 3-юм ва 4-уми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба андозаи 745 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 830 сомонӣ муқаррар карда шуда, маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд.

Стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия низ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд.

 

51,75 сомонӣ ба нафақаи ятимон зам шуд

Аз 01.07.2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақа таъин ва пардохт мегардад, ба андозаи 25 % аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд гардид.

Тавре ба мухбири СССР дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи фармони мазкур, зиёда аз 90 ҳазор кӯдакони ноболиғ, яъне то 18-сола ба он фаро гирифта мешаванд. Яъне нафақаи категорияи мазкур тибқи ҳисобҳои пешакӣ ба андозаи 51 сомониву 75 дирам зиёд карда мешавад. Дар маҷмӯъ, барои афзоиши навбатии нафақаи ятимон дар буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 50 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ то оғози соли равон 749 ҳазору 817 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 157 ҳазору 779 нафар нафақагирони маъюб мебошанд.

Аз шумораи умумии маъюбон 16 891 нафарро маъюбони гурӯҳи 1-ум, 75 640 нафарро маъюбони гурӯҳи 2-юм ва 33 445 нафарро маъюбони гурӯҳи 3-юм  ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбон аз овони кӯдакӣ то 18-сола дар ҷумҳурӣ 31 803 нафарро ташкил медиҳад.

М.Амин, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter