ХАБАРИ ДОҒ

Аз пули сирот гузаштан осон нест!

  • Чоршанбе, Июл 20 2022

 

Дуруд ба аҳли эҷод ва хонандаи он! Ҳама шоҳиди ҳол гаштем, ки дар арафаи иди Саиди Қурбон бархе аз савдогарони беимони гаронфурӯш дидаю дониста,1 дона тухми 80-дирамаро 1,6 сомонӣ, 1 тарбузи 5 сомонаро ба 21 сомонӣ ва дигар анвои хурданиро ноинсофона ба нархи қимат ба савдо заданду кисаҳои худро бо пули ҳалоли меҳнатии одамон пур карданд. Ин мисраъҳоро бо суханҳои ружду ҳамвори шоирона гуфтам. Боке нест ин савдогарони гаронфурӯш дар 1 гушаи бозорашон маро паронанд ҳам, ин шеърро тақдимашон мекунам.
Бозор пури савдогару мол арзон нест,
Дар растаи бозор ягон виҷдон нест.
1 киса зари ту халтае пур накунад,
Дидӣ, ки касе дар ғами деҳқон нест.
Бо ришу фашу арақчини гулдораш,
Дар тинати ӯ 1 зарае имон нест.
Дар рӯзи қиёмат чӣ ҷазо мебинад?
Аз пули сирот гузаштанаш осон нест!!!


Даврони Айниддин,

н.Восеъ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter