Маҳинаи Раҳмат, хонандаи ҳамешагии СССР ба идораи СССР занг зада (тел: 83222 2 2 04), шикоят аз корхонаи комуналии н. Шоҳмансур намуд.
- Тӯли чанд рӯз мешавад, ки нуқтаи партовпартоии назди ШВКД Шоҳмансур-2 пур аз партов шудааст. Бо сабаби сари вақт нагирифтани партовҳо, аз назди партовгоҳ гузаштан мушкил шуда, ҳавои муҳити зист низ вайрон аст. Барои гирифтани маблағ саривақт дарҳои моро мекӯбанд, вале чаро саривақт тозаву тамиз намекунанд?