ХАБАРИ ДОҒ

 Аз СССР: Ҳафтаи пор нишастҳои матбуотӣ шуруъ шуданд. Хабарнигорони мо дар ин пресс-конфронсҳо ширкат доштанд ва фишурдаи онҳоро ба хонандаи худ мерасонанд. Хотиррас мешавем, шакли комили ин нишастҳоро шумо аз сомони Ютубканали мо-СССР ТВ дастрас карда метавонед. Мо Метавонем!

 12,5 ҳазор ҷиноят дар 6 моҳ

 Дар 6 моҳи соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ 12.482 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1396 ҷиноят кам мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро хабар дод.

- Дар ин давра аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 8316 ҷиноят ошкор карда шудааст. Аз ҷумла, ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он – 22, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 64, таҷовуз ба номус – 16, савдои одамон – 8,  роҳзанӣ – 21, ғоратгарӣ – 65, дуздӣ – 2858, қаллобӣ – 1144, авбошӣ – 544,  тамаъҷӯӣ 20, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор – 223 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин давра аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот 1447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта дастгир ва аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тонна  маводи мухаддира мусодира карда шуд, таъкид дошт Раҳимзода Рамазон Ҳамро.

 

3400 омӯзгор намерасад...

 Раҳимҷон Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки айни замон ба мактабҳои миёнаи кишвар 3400 омӯзгор намерасад. Мавсуф ин нуктаро рӯзи 19.07.2022 зимни нишасти матбуотии вазорати зертобеаш зикр карда, таъкид дошт, ки ин масъала тавассути хатмкунандагони макотиби олии педагогӣ имсол ҳал хоҳад шуд.

Соли равон донишкадаҳои педагогии мамлакатро қариб 14 ҳазор нафар хатм мекунад, ки 7 ҳазор нафарашон аз ҳисоби буҷаи давлатӣ таҳсил намуда, бояд бо роҳхат ба ҷойи кории минбаъдаи хеш раҳсипор гарданд. Ба ғайр аз ин, боз 700 нафар донишҷӯ дар риштаи педагогӣ тибқи квотаи Президентӣ таҳсил намуда, имсол макотиби олиро хатм мекунанд ва онҳо низ бо ҷойи кор дар маҳалҳо таъмин карда мешаванд. Ин кор ҳатман норасоии кадрҳои педагогиро ҳал хоҳад кард, - гуфт Раҳимҷон Саидзода.

Бино ба итиллои вазири маориф ва илми мамлакат, ҳамин ҳоло дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ беш аз 2 ҳазор нафар муаллимон аз рӯи ихтисосҳои худ дарс надода, дар 3940 мактаби миёна 128.827 омӯзгор кор мекунанд.

 

673 корхона аз кор мондааст...

 Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби аз кор мондани корхонаҳои саноатии кишварро зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон шарҳ дод.

Бино ба итиллои вазир, сабабҳои аз кор мондани аксарияти корхонаҳои саноатии мамлакат ин муфлисшавӣ, мушкилоти молиявӣ, қарздорӣ аз андоз, баҳсҳои судӣ ва технологияву таҷҳизоти кӯҳна мебошад.

Вазир афзуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 137 корхона бо 1296 ҷойи кор ва 47 коргоҳ бо 2501 ҷойи кор, дар маҷмӯъ 184 корхонаву коргоҳ қариб бо 4 ҳазор ҷойи кор  сохта шуд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 42 корхона, Хатлон- 43 корхона, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 30 корхона, ш.Душанбе- 13 корхона ва дар ВМКБ 9 корхона бунёд гардид.

То ба 01.07.2022 дар ҷумҳурӣ 2479 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, аз байни онҳо 673 адад бо сабабҳои гуногун аз фаъолият мондаанд.

 

2,8 млн муштарӣ “хоб аст”

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои  истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 милиону 943 ҳазору 309 ададро ташкил ода, аз он ҷумла  5 миллиону 460 ҳазору 504 ададашон муштариёни фаъол мебошанд. Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,2 млн нафарро дар бар гирифтааст.

Тавре, ки Илҳомҷон Атоев муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, то 30 июни 2022 зиёда аз 2,8 млн муштариён симкортҳои худро аз сари нав бо шиносномаҳои нави пластикӣ ба қайд нагирифтаанд, ки аз байни онҳо 1,4 млн нафарашон муштариёни фаъол мебошанд. Бештари инҳо одамони сину солашон боло буда, шиносномаи нави пластикии намунаи соли 2014-ро гирифтан намехоҳанд.

 

10 млн мешавем!

 Дар 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таввалуд шудааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 % зиёд мебошад. Дар ин давра 16,3 ҳазор нафар фавтидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 % кам аст. 

Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар ба 9,8 миллион нафар афзуд, яъне 1,8 баробар зиёд шуда, соли 2022 ба 10 миллион нафар мерасад. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Музаффар Ашӯриён, вазири алияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба итиллои вазири адлияи кишвар, дар нимсолаи якуми соли 2022 дар мамлакат 7265 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз зиёд мебошад. Оилаҳо бештар дар вилоятҳои Суғду Хатлон аз ҳам пошидаанд.

 

158,8 млн зарари молиявӣ ошкор шуд

 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи 1-уми соли равон 89 чорабинии аудиторӣ гузаронида, ба маблағи 158,8 млн. сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявиро ошкор намуд.  Тавре Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, аз маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 13,9 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,2 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 9,1 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 456,6 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 65,3 млн. сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 52,1 млн. Сомонӣ,  пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ  15 млн. сомонӣ  ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 1,6 млн. сомониро ташкил медиҳад. Оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 157,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 66,5 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 85,1 млн сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 6 млн сомонӣ барқарор карда шуд, ки 99,2 фоизи маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявиро ташкил медиҳад.

Ҷ.Ҳусейнова, А.Собир
ва Фараҳноз Назруллоева, СССР

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter