ХАБАРИ ДОҒ

Қубодиён: БДА назорат намекунад!

  • Чоршанбе, Июл 27 2022

  • 16.07.2022. Соат бо вақти Душанбе 10:26 дақиқа. Ҳаким Сулаймонов, мухлиси газетаи мардумии СССР аз н. Қубодиён ба идораи СССР занг зада (тел:111166667), изҳори нигаронӣ аз тамбашавии мошинҳои назди бозори марказӣ кард.

  Аз назди бозори марказии ноҳия ба самти н. Шаҳритус ё баракс гузаштан чунон мушкил аст, ки ҳисобаш гум. Кирокашон мошинҳои худро дар назди бозори марказӣ ҳатто дар қатори 2-юм мегузоранду ба ҷустҷӯи мизоҷ мешаванд, ки боиси нигаронӣ аст. Бояд қайд намуд, ки бозори марказ рӯ ба рӯи бинои МИҲД-и ноҳия ҷойгир аст. Кормандони БДА дар назди бозору ҳукумат зиёд ба назар мерасанд, аммо аз чӣ бошад, ки танбашавиро бартараф намекунанд. Танҳо дар 1 ҳолат, ки ягон меҳмони олиқадр ояд, ё раиси ноҳия аз утоқи кориаш берун шавад, нозирони роҳ ба такудав сар мекунанд. Дар дигар ҳолат аз субҳ то шом тамбашавӣ (пробка) ҳаст. Чӣ, магар дигар мардум одам нестанд???

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter