ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: ярмарка рав!

  • Чоршанбе, Авг 31 2022

  Дар бораи фарорасии соли нави хониш ва омодагӣ ба он тамоман фаромӯш карда будам, вале 1 СМС-паёмаки писарам маро ба қавле «аз хоби гарон» бедор карду маҷбур сохт ба бозору ярмаркаҳои мактабӣ бароям. Ӯ навишт:

-Очаҷон, 1 сентябр расид, кай либосу анҷоми мактабӣ мехаред???

Дар замони мактабхониам ҳар сол сар аз 1 август ба харид намудани асбобу ашёи хониш сар мекардам, гоҳо барои харидани ин ё он чиз  лозим мешуд аз даҳҳо фурушгоҳҳо дидан намуда, рӯйкаши китоб ё пенали оҳанин харам. Он замон ҳама чи танҳо дар ярмаркаҳои мактабӣ ва мағозаҳои канселярӣ буду халос. Вале имрӯз чунин нест, тамомии мағозаву марказҳои савдо ва бозору бозорчаҳо пур аз асбобу ашёи хонишанд ва агар лозим ояд дар байни 1 соат метавон ба мактаб пурра тайёр шуд. Мо низ инро таҷриба кардем.

 

«АШАН»: арзону бесифат…

20.08.2022. Соат бо вақти Душанбе 18:05 дақиқа. Бо писарам Ромин ба фурушгоҳи «АШАН» омадем. Инҷо новобаста аз фасли сол лавозимоти мактабӣ ҳаст. Пешопеши соли нави хониш боз чанд растаи дигарро таъсис дода, ашёву асбоби мактабиро ба фурӯш гузоштаанд. Ручкаву қалам, дафтарҳои дарсиву умумӣ сар аз 48 то 105 варақа, пеналу рангу қаламҳои рангаву фломастеру ширеш-ҳама чи арзон буд. Масалан 1 дона дафтар аз 90 дирам сар мешуду ручка аз 1 сомонӣ, дафтарҳои умумӣ аз 2,90 сомонӣ то 5,80 сомонӣ, агар дафтарҳои калонтар хоҳед, 9-12 сомонӣ…

 Бастаҳои махсуси қалами оддӣ аз 2,90 сомонӣ то 34 сомонӣ, албатта вобаста ба сифат ва кайфият. Ҳатто барои онҳое, ки имсол бори нахуст ба синфи 1-ум мераванд, бастаҳои махсус низ дар фурӯш буд, ки 128 сомонӣ арзиш дошт. Лек маҳсулоти дохили он баста ба барномаҳои таълимии мактабҳои миёнаи кишвар-тоҷикӣ мутобиқат намекард. Нархи сумкаҳои мактабӣ аз 99 сомонӣ сар шуда, то 540 сомонӣ мерасид.

 Вале 1 чиз таъби на танҳо ман, балки харидорони дигарро низ хира месохт ва он ҳам бесифат будани ручкаву қаламу фломастерҳои фурушгоҳи бузург. Ручкаву қаламҳо он қадар сусту мулоим ва бесифат буданд, ки агар каме маҳкамтар қапед, мешикастанд. Маро маъмурияти фурудгоҳи «АШАН» бубахшад, зеро бо мақсади санҷидани сифати ручкаву қалам ман низ чанд ручкаро нохост шикаставу дар ҷояш гузоштам…ва нахаридам.

 Барои писарам 20 дона дафтарҳои дарсӣ барои фаннҳои забони модарӣ ва математика, 10 дафтари умумӣ барои фанҳои дигар, 2-3 намуд хаткӯркунак ва 2 фломастери сафед барои ислоҳи хатоҳо харидему тамом. Дигар чизе хуш наомад. Дар умум ин хариди мо аз 117 сомонӣ зиёд нашуд, вале чун хазинаҳои «АШАН» андози маҳсулотро зимни ҳисобу китоб мегиранд, он аз 127 сомонӣ ҳам бештар баромад.

Андозро бояд дар нархнома нишон дод. Ин фиреби рӯирости мардум аст, ки касе парвое надорад. Шаҳри бедарвоза!!!

 

Дидан ҳасту…

Чизи дигаре, ки дар фурушгоҳи «АШАН» ба харидорон хуш наомад, ин набудани имконияти чен кардани либоси таг-майка ва куртаҳои сафед буд. Куртаҳои сафед дар бастаҳо зебо чида шудаанд, вале дар паҳлӯи онҳо намунае набуд, ки мактабхон 1 бор пӯшида, ба тан чен карда, баъд бастаро бихарад.


 

 Аз маъмурияти «АШАН» хоҳиш намудем, ки якеро боз карда, ба мо нишон диҳанд, вале розӣ нашуданд, гуфтанд аз рӯи размер-андоза харидан гиред!!!  Вале кӣ кафолат дода метавонад, ки андозаи либоси харида ба тани мактабхон рост меояд, на калону танг мешавад? Ҳеҷ кас! Сарулибосро бидуни чен кардану пӯшидан, харидан имконнопазир аст. Вале Ашаниҳо бо масали русии «покупайте кота в мешке!» сокинони пойтахтро гӯл мезананду касеро парвое нест!!! Ба фикрам чунин бемасъулиятӣ дар ягон гӯшаи ҷаҳон чӣ, ки ҳатто дар ягон бозори кишвари худамон ҳам нест.

 Нархи куртаҳои сафеди мактабӣ бошад, аз 105 сомонӣ боло. Фарзи мисол, агар хареду бурда дар хона пӯшонеду нашуд, бозпас онро қабул намекунанд! Ноу-хауи Ашан…

 

Корвони аз «АШАН» 1000 бор беҳ!!!

21.08.2022. Соат бо вақти Душанбе 13:17 дақиқа. Сӯи бозори «Корвон» роҳ пеш гирифтем. Махсус нисфирӯзиро интихоб кардем, то ин ки одам дар бозор кам бошад. Аммо ин тахмин хато баромад. Дар ин вақти рӯз низ ба бозори «Корвон» даромадан амри маҳол шуда, ба назарам аксари волидайн мисли ман танҳо 10 рӯз пеш аз оғози соли таҳсили нав «аз хоби гарон» хеста буданд. Бозори мазкур низ тайи 1 соли ахир таъмиру таҷдид гашта, раставу қисматҳои он тамоман дигар шудаанд. Хелеее олӣ ва хелеее зебо!!!

 Дар байни растаҳои бозори «Корвон» низ ашёву асбоб ва лавозимоти мактабӣ мефурӯхтанд. Нархи 1 дона дафтар дар бозор аз 1,20 сомонӣ сар мешуд, дафтари умумии 48 варақа 5 сомонӣ, 96 варақа 7,5-8 сомонӣ, қалам 2,5 сомонӣ ва муҳимтар аз ҳама ручка-ручкаи маъмулӣ 2 сомонӣ арзиш дошт. 1 баста ручка, ки дар дохилаш 50 адад дошт, 90 сомонӣ буд. Ба ҳар ҳол сифати лавозимоти мактабии бозор назар ба фурӯшгоҳи «АШАН» ба маротиб беҳтар ба назар мерасид.

Офарин ба Нуршед Машрабов!!! Браво, депутати нави мардумӣ дар маҷлиси маҳаллӣ!!! Ӯ ғами мардумро мехӯрад ва дар ярмаркааш нархҳо газанда нестанд. Муҳимтар аз ин, мисли «Ашан» авомфиребӣ ин ҷо нест. Либос тангу майда бошад, рӯзи дигар роҳат онро иваз мекунӣ…

 

«Корвон»-и саркалобагумкун

Бо писарам хуб гаштем, вале он фурӯшандаҳоеро, ки ҳар сол ба наздашон рафта, аз онҳо сарулибос мехаридем, пайдо накардем. Гуфтанд қисмате аз фурӯшандаҳо ба табақаи 1-уми бозор фаромадаанд, лек он ҷо, аз таҷаммуъи мардум, имкони роҳ рафтану гузаштан набуд-нафаромадем.

 Аз дарвозаи асосии бозор, ҷое, ки маъмурият мешинанд, даромада, аз байни издиҳоми мардуми харидор бо сахтӣ гузашта, ба аввалин растаи либосфурӯшӣ даромадем. Хушбахтона, ҳам куртаи сафед доштааст, ҳам майкаву турсӣ ва галстуку миёнбанд.

Бо навбат ва роҳат ҳар либосро чен карда, 2 куртаи сафед, ки яке 130 ва дигаре 150 (бамбук) сомонӣ арзиш дошт, 2 майкаи сафед 25 ва 40 сомонӣ, ремен-миёнбанд-60 сомонӣ, 1 баста турсии мардона (3 дона)-75 сомонӣ, 1 дона галстук-30 сомонӣ, 1 ҷуфт носкиро 20 сомонӣ харидам. Дар ҷамъ 530 сомонӣ сарф шуд.

 Нархи шиму костюми мактабӣ барои наврасони 14-15 сола аз 450 сомонӣ сар шуда, то 1200 сомонӣ мерасид. Ин ҷо аллакай, аз сифати зиндагонӣ ва маоши харидор бастагӣ дошт. Маълум, ки нарх аз сифаташ вобаста аст, моли Хитою Қирғизистон арзонтар, моли Туркия гаронтар. Мо шиму костюм нахаридем, аввалаш он, ки пуламон нарасид, дигар ҳанӯз маълум набуд, ки дар мактаби миёна имсол чи ранг ва намуди либоси мактабиро тавсия медиҳанду онро аз куҷо бояд рафта дастрас намоему муҳимтар аз ҳама бояд ба мактаб расидашро супорем ё на???

 PS: Дар мактабҳои миёна чанд соли ахир харидани сарулибоси мактабӣ аз бозор қариб, ки манъ шудааст, волидайн аз корхонаҳои дӯзандагӣ, амсоли «Дунёи нав», «Нассоҷи тоҷик» шиму костюм харидорӣ мекунанд. Ҳафтаи оянда ҳатман аз ин корхонаҳо дидан намуда, дар бораи нарху наво ва сифати сару либоси мактабӣ хоҳам навишт. Мо Метавонем!

 

Ҷ.Ҳусейнова, СССР,

модари танҳо

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter