ХАБАРИ ДОҒ

Кӣ омад ба ҷои кӣ ва кӣ беҳтар буду кӣ на???

  • Чоршанбе, Авг 31 2022

 

«Аз ҷойивазкунии зарбшавандаҳо, ҳосили зарб тағйир намеёбад!» Ин аксиомаи математикист. Вале дар сиёсат ва давлатдорӣ вазъ чигуна аст? Оё бо ҷойивазкунии кадрҳо вазъ тағйир меёбад? Биёед бо ҳам 1 назардӯзӣ намоем. Мо Метавонем!

 

Ҷойивазкунӣ ва сумма…

На ҳар кӣ тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,

Кулоҳдорию оини сарварӣ донад!

17.08.2022. Соат ба вақти Душанбе 15:10 дақиқа. Дар ин рӯз чанд таъинот сурат гирифт, ки муҳимтаринаш (барои ронандагон) ба ҷои Акбар Насимзода сардори БДА ВКД ҶТ таъин гардидани Сӯҳроб Қурбонзода буд.

Сӯҳроб Қурбонзода кадри худист. Ӯ солҳои тӯлонӣ, аз афсари қаторӣ то рутбаи полковник сабзидааст. То Сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ таъин шудан, бори масъулияти БДА ш. Душанбе (мушкилтарин раёсати фавқ) ва сардори БДА вилояти Суғдро кашидааст. Вале таъиноти мазбур моро ба дигар андеша овард. Атрофии вазирону раисону масъулини қабливу ҳозира фикр кунем, ки кӣ чӣ буду кӣ чӣ шуд ва ҳамзамонон аз қаблиҳо бартарият доштанд ё хайр? Ин танҳо 1 назари индивидуалист, ки метавонад, бо назари хонанда ва мутахассисин муғойир бошад. Вале назар аст охир ва нуқтаи назар ҳуқуқ ба арзи вуҷуд доштанро дорад. Мо Метавонем!

 

РБДА ВКД ҶТ. Сӯҳроб Қурбонзода (17.08.2022)

Ӯ дар ин симмат Акбар Насимзодаро иваз кард. Насимзода Акбар Ғиёс дар вақташ Саидзода Маҳмадсаид Боронро иваз карда буд. Воқеан ҳам Насимзода, тибқи иттилои мутахассисони соҳа аз Саидзода бартарият дошт. Корро то ҷое ба низом даровард. Саидзода бошад, дар навбати худ, Шодибек Раҷабовро, ки ҳамагӣ 6 моҳ, баъд аз Саидмусо Мусоев (бародари Рафиқа Мусоева) фаолият мекард, иваз намуд. Вале номдортарин сардори БДА, дар ҳама давру замонҳо, бе шакку тардид, генерал Шералиев Нуралӣ аст. Нуралӣ Шералиев собиқ раиси штаби Фронти халқӣ (роҳбараш Бобои Сангак Сафаров), дар миёни кормандони БДА аз пурнуфузтарин сардорони ин раёсат аст.

Генерал Нуралӣ Шералиев, ки чанде пеш дар авҷи пандемияи COVID-19 фавтид, метавон аз таъсисдиҳандагони БДА-и ватанӣ хонд. Номдортар аз ӯ, баъди ӯ ва то ҳанӯз, касе дар ин соҳа раҳбарӣ накардааст. Ва ин иддаои мо нест. Инро худи «гаишникҳо» бо шумули генералитет мегӯянд. Зимнан Қурбонзода бояд хеле талош кунад, то бар пояи сардори аввалӣ бирасад. Мо Метавонем!

 

ВКД ҶТ. Раҳимзода Рамазон Ҳамро (05.01.2012)

Дар ин симмат ӯ генерал Абдураҳим Абдулаҳадович Қаҳҳоров (январи 2009 — январи 2012)-ро иваз кард. Бояд гуфт ва дар ин бораи СССР борҳо низ навиштааст, мутаассуф, дар даврони роҳбарии Қаҳҳоров милисаи тоҷик аз ҳадд зиёд «зиёӣ ва насиҳатгӯ» шуда буд. Сафват Бурҳонови мо боре ҳатто навишт, ки «мардум бояд аз милиса тарсад! На милиса ба масале «дугонааш» бошад». Бо сари кор омадани Рамазон Раҳим милисаи Тоҷик воқеан ҳам мавқеи аздастрафтаашро касб кард ва то ҳадди милисаи советӣ профессионал шуд. Пештар зимоми ин вазоратхона дар дасти Ҳумдин Шарипов, Маҳмадназар Салихов, Сайдамир Зуҳуров, Ёқуб Салимов… буд. Салихов таври маълум бо хиёнат ба ватан айбдор шуда, худкушӣ кард, Ёқуб Салимов 15 сол зиндонӣ шуд. Зуҳуров дар ин симмат камтар фаол буда, дар дигар самт пештоз гардид, ки дар поин дар ин бора ҳарф мезанем. Ҳумдин Шарипов танҳо бо ҳабси Рустами «Хаммер» ном наркобарон (сарпараст ва ҳамхобаи баъзе ситораҳои санъат) дар ёдҳо боқӣ монд .

Натиҷа: Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз шинохтатарин ва касбитарин вазири корҳои дохилӣ дар даврони истиқлолият аст.

 

КДАМ. Ятимов Саймумин Сатторович (02.09.2010)

Барои Ятимов пушти сар гузоштани сардори қаблии ниҳод, ки тибқи иттилои мутахассисон касбияташ камтарак буд, 2х2 аст. Вале қабл аз Хайриддин Абдураҳимов сардории ниҳод бар дӯши шинохтатарин генерали Тоҷик-Сайдамир Зуҳуров буд. Зуҳуров воқеан ҳам генерали амниятӣ, дастпарвари «школа КГБ» буда, ба таъбири шоҳидон «нафс надошт» ва профессионал буд. Ӯ барои озодии журналистон ва дипломатҳои аврупоӣ ҳатто худашро гаравгони Ризвон ва Баҳром Содировҳо дар солҳои муҳлики ҷанги гражданӣ кард. Номдортарин раиси КДАМ-бе ҳарфу сухан. Вале!!!...

Мунсифона бояд гуфт, ки бо ба сари кор омадани Саймумин Ятимов КДАМ обрӯ ва нуфузи КГБ шӯравиро касб кард. Донандаи хуби чанд забони хориҷӣ, философ, сиёсатшинос ва замони ахир ҳатто мунаққиди адабиёт, суханпарварда ва суханпероз. Матлабҳои фалсафонааш дар ақлҳои бедор шӯре ва дар тафаккури сияҳандешон нуре ба бор меоранд.

 То Ятимов ЯГОН генерале дар ин ҳадд хатти савод надошт ва матолиби хондании ватансоз наменавишт-инро ман чун журналист мегӯям! Бо 1 ҳарф: Ятимов воқеан ҳам тавонист чун профессионал, дар сояи Зуҳурови баландрутба намонда, Мани худро ёбад. Дар зимн, Ятимов дар соҳаи худ пешсаф аст. Мо Метавонем!

 

Коррупусия. Сулаймон Султонзода (23.01.2017)

Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудани Султонзода бо шикори 1 қатор «наҳангҳои худи ниҳод» рост омад. Ҷавони қавиирода ба назар мерасад. Зеро тавонист, чанде аз зимомдорон ва «авторитетҳо»-и ин ниҳодро ҳабс кунад.

Вале ба бахти ӯ сарварии ниҳоди мазбурро хеле афроди аз ӯ дида шинохтатар бар дӯш доштанд. Танҳо барчидани феҳристи ному насабҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки Султонзода бар пояи онҳо ҳич гоҳ баромада наметавонад:

-Рустами Эмомалӣ, Саидзода Абдуфаттоҳ  Ғоиб, Шерхон Салимзода…

 

Генпрокуратура. Юсуф Раҳмон (23.01.2015)

Ба назар мерасад, ки аз Юсуф Раҳмон профессионалитар нафаре дар ин ниҳод кор накардааст. Ӯ баъди хатми факултаи ҳуқуқи УДТ ба номи В.И.Ленин, сар аз соли 1991 танҳо дар ҳамин система кор карда, аз муфаттиши оддии ноҳияи Марказии Душанбе то Додситони Кулл сабзидааст. Вале додситонҳое, ки пеш аз ӯ фаолият доштанд, низ афроди соҳибном буданд ва дар ин ҷода шахси аввал шудан, хеле мушкил аст. Дуруст аст, ки Маҳмадназар Салихов ва Бобоҷон Бобохонов ин ҷо рақиби генпрокурори феълӣ шуда наметавонанд. Вале Шерхон Салимзода хеле соҳибном аст. Рӯиҳамрафта, нахустин генпрокурори Тоҷикистон, ки бо дасти оппозитсияи наҳзатӣ террор шуд, то ин ниҳод боқист, бидуни рақиб шахси №1 дар соҳа мемонад. Сухан сари Ҳувайдуллоев меравад:

Ҳувайдуллоев Нурулло Умарович1940, деҳаи Понғози ноҳияи Аштвилояти ЛенинободРСС Тоҷикистон — 24 августи 1992Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими давлатӣ ва ҳуқуқшиноси тоҷик. Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 (1991), номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (1983). Ҳуқуқшиноси варзидаи Тоҷикистон, нахустин Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992)…То ҳанӯз пардаҳои сиррӣ аз рӯи ин куштор бардошта нашудаанд.

 

ВМ. Шералӣ Мирзо (20.11.2013)

Генерал-полковник, Шералӣ Мирзо, бидуни ягон шонс дар ҷои аввал дар ин соҳа буда наметавонад, зеро вазири қаблӣ онгуна шукӯҳу шаҳомате дошту дорад, ки шахсан ман намедонам, вазири дифои феълӣ бояд чӣ корнамоие кунад, то аз сояи Шералӣ Хайруллоев бадар ояд.

 Бе хафагӣ: Шералӣ Хайруллоев вазири бидуни конкурент ва №1 дар ин ниҳод аст. Мо Метавонем!

 

Гумрук: Каримзода Хуршед Абдураҳмон (19.01.2018)

Генерал-лейтенанти хадамоти гумрук ростӣ он қадар шахси расонаӣ нест. Ҳарчанд бо ВАО кор кардан, ин ҳам фарзи вазифа аст ва низ амри сарвари давлат. Вале дар ҳар сурат, Хуршед Каримзода хоҳ нохоҳ зери сояи раисони қаблии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ мемонад. Шумо ба ин феҳрист назар кунед:

Саидзода Абдуфаттоҳ  Ғоиб, Рустами Эмомалӣ,  Гурез Зарипов, Мирзохӯҷа Низомов (аз ҳисоби 30%-аҳо), Ҳамроқулов Худойқул (нахустин сарвари ин ниҳод пас аз ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ)... Хулласи калом, Каримзода бояд хеле талош кунад, то дар №1 бошад. Мо Метавонем!

 

Вазорати саноат: Шералӣ Кабир (03.11.2020)

Ростӣ, сари кор омадани доктори улуми иқтисодӣ, менеҷери бақувваттарини Тоҷикро дар ин соҳа тамомии мардум фоли нек мепиндошт. Мо низ бовар доштем, соҳа куллан тағйири мусбӣ мепазирад. Вале ба назар мерасад, ки ҷои Шералӣ Кабир «всё таки» ҳамон КВД Талко буд, корхонае, ки ба танҳоӣ ва зери сарпарастии ӯ бори саноату буҷҷаву иқтисодиёти миллиро мекашид. Шералӣ дар ин симмат Заробиддин Файзуллозода, ба иттилои шоҳидон, номуваффақтарин вазири соҳаро иваз намуд.  

Қаблтар аз Файзуллозода дар ин вазорат шахсияти воқеан ҳам шинохташуда Гулов Шералӣ кору фаолият мекард. Зимнан, то Шералӣ Кабир вулқоне дар соҳа наафганад, ҷои 1 насиби Гул Шералист. Мо Метавонем!

 

Вазорати фарҳанг. Зулфия Давлатзода (24.01.2020)

Давлатзода дар ин симмат “вазири пиёдагард” Шамсиддин Орумбекзодаро иваз кард. Муқаддамтар аз инҳо чунин шахсиятҳо дар соҳа кор кардаанд: Мирзошоҳрух Асрорӣ, Кароматулло Олимов, Раҷабмад Амиров, Абдураҳим Раҳимов ( 08.09.2001 кушта шуд) ва Бобохон Маҳмадов...

Версияи мо: то ва баъди вазири феълӣ низ гумон аст, касе бар пояи Вазири воқеан ҳам фарҳангӣ, мардумӣ, олиҳиммат ва Инсони комил-Бобохон Маҳмадов расида тавонад. Ин ҷо бидуни рақобат, Шахсияти №1 дар соҳа Бобохон Алиевич Маҳмадов меравад!!! Мо Метавонем!

 

Давом дорад

Муҳаммади Мубориз

Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter