ХАБАРИ ДОҒ

19.08.2022. Соат бо вақти Душанбе 14:00 дақиқа. Бо наворбардори идора А.Собир аз редаксия баромада, сӯи шаҳри Бохтар-маркази маъмурии вилояти Хатлон роҳ пеш гирифтем. Мақсад аз сафари эҷодӣ ин ошноӣ бо имрӯзи шаҳр, вазъи зиндагии мардум, расидагӣ ба проблемаҳо аз ҷониби раҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Бохтар, ободониву иқдомҳои созанда ва иштирок дар қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси ш.Бохтар Сиҷоуддин Саломзода буд. Сабти комили ин сафар ва гузориш аз Рӯзи қабули раиси ш. Бохтар дар саҳифаи видео-ютубии мо дар «СССР ТВ».

Таваҷҷӯҳ:  барои ошноӣ бо ин ва дигар наворҳои мо ворид мешавед ба интернет, ин саҳифаро боз мекунед-www.youtube.com ва дар Ҷустуҷӯ ё худ Поиск ин ҳарфҳоро мечинед: СССРТВ. Ин ҷо шуморо садҳо видеонаворҳои канали нави телевизионии газетаи дустодоштаатон интизоранд. Мо Метавонем!

 

Роҳ ҳамвору нарх гарон

19.08.2022. Соат бо вақти Душанбе 14:30 дақиқа. Дар истгоҳи назди бозори «Саховат» моро издиҳоми мошину ронанда интизор буд. Одатан рӯзҳои ҷумъа анбӯҳи мусофирон дар самти шаҳру навоҳии вилояти Хатлон афзуда, нархи роҳкиро низ ба маротиб боло меравад. Имрӯз низ нархи роҳкиро аз Душанбе то Бохтар 40 сомонӣ барои 1 нафар аст. Баҳсу хоҳиш сари каме ҳам бошад арзонтар кардани роҳкиро фоида надошт-ҳамаи ронандаҳо 1 нархро ба қавле қапида буданд. Бо ронандае маслиҳат карда, ба мошинаш нишастем ва бо дуои акаи А.Собир ба роҳ баромадем.

 Раҳораҳ фикр кардам: 1 чизро намефаҳмам, чаро нархи роҳкиро вақте ки роҳи байни Душанбе-Бохтар вайрону валангор буд, 15-20 сомонӣ барои 1 мусофирро ташкил медоду ҳоло вақте роҳ таъмиру азнавсозӣ ва вақти сафар ҳам кӯтоҳтар шудаасту мошин низ намешииканад, роҳкиро 40-50 сомонӣ? Чаро нархи ягона нест ва кадом ниҳод бояд ин масъаларо зери назар бигирад? Агар аз 1 тараф роҳкиро 40 сомонӣ бошад, аз тарафи дигар 25 сомонист, чаро? Проблемае, ки газетаи мардумии СССР солҳои зиёд менависад, вале он ҳалли худро намеёбад-аз тартиб, нархи ягонаи роҳкиро аз рӯи километраж, чипта умуман хабаре нест. Боз дили мо ба ин таксичиҳои бераҳм месӯзаду ба «гаишник»-ҳо дуои бад мекунем…

Дар шумораҳои баъдӣ ҳатман сари ин масъала хоҳем баргашт. Мо метавонем!

 

Навоварӣ ва ободонӣ

19.08.2022. Соат бо вақти Бохтар 15:45 дақиқа. Ба шаҳри Бохтар расидем, зеро роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар хеле хуб ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалист, вале дар бархе аз қисматҳо, алалхусус даромадгоҳи шаҳр ҳанӯз ҳам корҳои азнавсозӣ идома доранд.

 Навоварӣ дар ш.Бохтар бараъло намоён аст. Сохтмони Қасри фарҳанг ва маркази итиллоотӣ дар к. Борбад бо маром идома дорад. Қасри фарҳанг аз 3 ошёна иборат буда, дорои 600 ҷои нишаст ва ҳуҷраҳои зиёд барои ҳунармандон аст. Дар к. Айнии шаҳр сохтмони бинои 5-ошёнаи Маркази саломатӣ бо дарназардошти 50 кат низ идома дошта, 92% корҳои меъморӣ аллакай ба анҷом расидаанд. Дар баробари ин сохтмони бинои иловагии 4 ошёнаи таълимии муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар», бинои истиқоматии 7-ошёна бо маркази савдо ва хизматрасонӣ, азнавсозии гулгашти 70-солагии азхудкунии водии Вахш, сохтмони тарабхонаи «Эҳсон», бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, бинои истиқоматии 12-ошёна низ ботадриҷ бунёд  мешаванд.

Сохтмони «Муассисаи таълимӣ ва табобатии «Даво», маркази переноталӣ дар ҳудуди Беморхонаи марказии вилоятӣ ба номи Б.Воҳидов, муассисаи таълимии хусусӣ бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои 240 хонанда, кӯдакистони хусусӣ барои 100 ҷои хоб, МТМУ барои 320 хонанда, сохтмони бинои сехи истеҳсоли мебел, бинои сардхона ва сохтмони корхонаи хурди истеҳсолӣ, бинои нави беморхонаи стоматологияи вилояти Хатлон ва таъмиру таҷдиди кучаҳои шаҳри Бохтар идома доранд. Аксари ин биноҳо дар арафаи 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ мавриди истифодаи сокинон ва меҳмонони маркази вилоят қарор мегиранд.

 

Намесозӣ? Прокуратура!

Зимни боздид аз шаҳр дӯстон моро ба минтақаи саноатии Бохтар бурданд. Корхонаҳои мебелсозиву шифербарорӣ, дучархасозиву ҷӯроббофӣ ва ширинипазиро дидем. Ҳамаи ин корхонаҳо фаъол ва саргарми истеҳсол намудани маҳсулотанд. Муҳимтар аз ҳама ҷои корӣ барои мардум, хосса занону ҷавонон ҳаст. Аз ҷумла ҳамаи кормандони корхонаи дучархабарорӣ ҷавонписаронанду корхонаи ширинибарорӣ ҷавондухтарон. Кору бастабандӣ ва давуғеч ба ёд ҳамон заводҳои солҳои советиро ба ёд меорад-ҳама саргарми кор!

 Яке аз соҳибмулкони корхонаҳои саноатии ш.Бохтар, ки нахост номаш ифшо гардад, дар суҳбат бо газетаи СССР гуфт, агар раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода онҳоро маҷбур намекарду ба прокуратура намекашид, шояд ҳеҷ гоҳ дари корхонаҳо боз намешуд. Раиси шаҳр аз прокуратура дархост кард, корхонае, ки фаолият надорад, баста ва бозпас ба давлат баргардонида шавад. Сароғоз  соҳибони корхонаҳо боварӣ надоштанд, ки маҳсулоташон бозор пайдо мекунад, вале вақт, ҳамагӣ 1 соли тақвимӣ нишон дод, ки бозор ҳаст ва маҳсулот харидор дорад. Мисоли ин корхонаи шифербарорист, ки имрӯз харидор дар интизори маҳсулот рӯзҳо навбат мепояд. Ана, мешудааст ку! Раисони дигар шаҳру навоҳӣ ёд гиред!!!

 

1 мушкили бузурги Бохтар

Хонандагон ва ҳаводорони газетаи мардумӣ хеле зиёд дар бораи бозорҳои шаҳри Бохтар ва вазъи ногувори онҳо мегӯянду менависанд. Мо низ ин сафар шоҳиди тамбашавиву бетартибиҳо дар атрофи 2 бозори калони шаҳр-«Фаровон» ва «Хоҷӣ Шариф» гаштем. Сабаби ба тартиб наомадани минтақаҳои наздик ба бозорро Сиҷоуддин Саломзода, раиси ш.Бохтар пасон ба мо тавзеҳ дод.

   - Шумо мегӯед чаро дар шаҳри Бохтар, алалхусус дар гирду атрофи бозорҳои калон тартиб нест? Ман мегӯям чаро! Аҳолии шаҳри Бохтар аз 700 ҳазор нафар беш нест, вале ҳамарӯза теъдоди зиёди шаҳрвандони дигар шаҳру ноҳияҳои ба марказ наздик, ин ҷо омада, дар шаҳр кору фаъолият ва тиҷорат мекунанд. Бубинед, ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш, Хуросону Ҷайҳун, Ч.Балхӣ ва ш.Левакант бозорҳои калон надоранд, мардуми ин шаҳру ноҳияҳо маҷбуранд ҳам барои кору савдо ва ҳам барои харид ба маркази вилоят биёянд. Ин аст сабаби асосии ба тартибу низом надаромадани роҳу нақлиёт дар ш.Бохтар, - таъкид дошт шаҳрдори Бохтар.

 

Замин ва истифодаи самараноки он

20.08.2022. Соат бо вақти Бохтар 06:30 дақиқа. Хабар расид, ки раиси ш.Бохтар Сиҷоуддин Саломзода дар якҷоягӣ бо масъулони дигари МИҲД субҳи барвақт бо сокинони маҳаллаи "Зарбдор"-и шаҳр вохӯрӣ доранд. Мо низ 1 мошинро киро карда, дунболи раис ба маҳаллаи «Зарбдор» роҳ пеш гирифтем.

Вақте расидем, ки мулоқот алакай шуруъ шуда буд. Сиҷоуддин Саломзода бо  сокинонони маҳалла дар мавриди самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, захира намудани маводи хурока барои 2 соли оянда, тарбияи неки фарзандон дар руҳияи ватанпарастӣ ва пешгирӣ намудан аз омилҳои номатлуби ҷомеа, терроризм ва экстримизм, саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва хизмат дар артиш суҳбат мекард. Пас аз мулоқот эшон аз манзили истиқоматии 2 сокини маҳаллаи мазкур дидан намуда, бо вазъи рӯзгор, истифодаи замини наздиҳавлигӣ ва маҳсулоти захира кардаи онҳо барои зимистони оянда ошно гашт.

 

Кӯмак, кор, хона…

20.08.2022. Соат бо вақти Бохтар 09:00 дақиқа. Дар толори бинои ҳукумати ш.Бохтар қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода оғоз шуд. Беш аз 10 нафар сокинон, ки то ин дам мушкилашон дар идораву шуъбаҳои дигари шаҳрӣ ҳалли худро наёфта буд, бо арз ба қабул омаданд.

Ин ҷо низ мисли дигар шаҳру навоҳӣ мардум аз шаҳрдор ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кӯмаки молиявӣ ва ғизоӣ, пардохти пули шартномаи макотиби олӣ, таъмин бо ҷойи кор ва утоқ дар хобгоҳро тақозо мекарданд. 2 нафар сокин барои ташаккур омада буданд-шаҳрдорӣ барои нафаре пас аз пурра сӯхта хокистар шудани манзили истиқоматиаш хонаи нав бунёд кардасту проблемаи дигаре бо дахолати бевоситаи раиси шаҳр ҳалли худро ёфта буд. 

  Муҳимтарин чизе мушоҳида кардем, ин аст, ки Бохтар ё худ Қурғонтеппа серу пур буд. Худо хоҳад, бозорҳои пойтахт низ бо маҳсулоти тару тозаву арзони хатлониҳо пур мешавад, ба шарте, ки дар Душанбешаҳр тӯдаи авомфиребу тоҷирони беимонро масъулин саришта кунанд. Мо Метавонем!

 

Ҷ.Мақсуд,

А.Собир-суратгир, СССР

Душанбе-Бохтар-Душанбе

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter