ХАБАРИ ДОҒ

Афғонҳои гуреза «гузаронданд»

  • Чоршанбе, Сен 21 2022

Чанд хабаргузории хориҷии муқими Тоҷикистон, ки аз пашша филсозӣ аъмолашон гаштааст, тайи 2 моҳи ахир роҷеъ ба «депорти афғонҳои фирорӣ ба давлати Толибон (ибораи худашон)» бонги изтироб задаву Ҳукумати моро, ки ЯГОНА муттакои Тоҷикони Афғонистон аст, бадном кардан доранд. Зимнан СССР тасмим гирифт, 1 бор санҷад, «оё ҳама гурезаҳои афғон фирориянд, сиёсиянд, антитолибиянд?» ва ё «оё бархе аз инҳо кӯчактарин маданияту фарҳанги волои Тоҷикӣ доранд ва қонунҳои моро риоят мекунанд?»…

 

    Шариф Саидов, 1 хонандаи газетаи мардумии СССР, ҳафтаи гузашта ба редаксия занг зада, дар бораи рафтору кирдори муҳоҷирони афғон дар ш.Ваҳдат шикоят кард. Мо фишурдаи суҳбати ӯро дар гӯшаи арзҳои телефонӣ ҷой дода будем. Воқеан Шариф Саидов ягона нафаре нест, ки дар 1 моҳи ахир занг зада, дар бораи рафтори дағалонаи бархе аз афғонҳои гуреза дар ш.Душанбе шикоят кардааст. Ин ба ном «гурезаҳои бечора» бархе маврид худро аллакай ҳокими мутлақ хонда, корҳое мекунанд, ки мардуми маҳаллӣ ангушти ҳайрат мегазад.

Вақте мо дар «пятиминуткаи» эҷодӣ сари ин масъала мубоҳиса мерондем, хабари арзу доди муҳоҷирони афғони муқими Тоҷикистон аз мақомоти қудратии кишвари мо дар сомонаҳои хабарии дунё бо чанд забон паҳн гардид.

Гурӯҳе аз муҳоҷирони афғон ба Созмони Миллали Муттаҳиду даҳҳо созмонҳои вобаста ба гурезагону ҳуқуқи инсон муроҷиат намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус мақомоти қудратии ин кишварро дар риоя накардани ҳуқуқи гурезагон айбдор месохтанд. Аз ҷумла онҳо гуфтаанд, ки Ҳукумати ин кишвар, яъне мо, ба онҳо ҳуқуқи интихоб надода, бидуни пурсишу омодагӣ оила-оила ва гуруҳ-гуруҳ ба Афғонистон ихроҷ карда истодаем. Воқеан имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд гурезаи афғон қарор дорад? Онҳо бо чӣ кор машғуланд? Чаро мақомоти қудратии тоҷик онҳоро аз хоки худ ихроҷ мекунад? Мо тасмим гирифтем ин мавзуро пайгирӣ намоем. Мо Метавонем!

 

Ҳамааш айби «Мама- Роза»?

   Эътирози афғонҳои гуреза замоне паҳн шуд, ки дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бону Роза Отунбоева, собиқ Президенти Ҷумҳурии Кирғизистонро ба ҳайси  намояндаи махсуси худ дар Афғонистон ва роҳбари Намояндагии СММ дар Афғонистон таъин кард. Бояд гуфт, ки бону Отунбоева кадри советӣ буда, дорои таҷрибаи 35-сола дар соҳаи идоракунӣ, дипломатия, фаъоли ҷомеа ва ҳамкории байналмилалӣ дошта, аз 3 июли соли 2010 то 1 декабри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳам буд. Муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқишаҳои марзӣ дар Исфара аз даврони ин бону сар зад.  Он замон СССР дар бораи ин хотун, ки кишвари моро чашми дид надошт, бо номҳои гӯшнавози Мама-Роза борҳо матлаб навиштааст.

Бархе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери хабари эътирози гурезаҳои афғон аз мақомоти қудратии Тоҷикистон шарҳ ҳам гузоштаанд, ки шояд дар паси ин ҳама эътирозҳо бону Роза Отунбаева бошад. Шояд ҳам бошад, зеро чаро дабири кулли СММ аз миёни ин қадар номзадҳо маҳз бону Розаи қирғизро намояндаи худ дар Афғонистон таъин кард? Суолест албатта бе посух, вале он ҳатман мақсаду мароми геополитикӣ ва сиёсӣ дорад. Шояд ин 1 ҳушдоре ба Тоҷикистон бошад, ки то ба имрӯз ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст ва то метавонад аз мавзеъи Тоҷикони ҷавонмарди ин сарзамин пуштибонӣ мекунад.

 

Толибон гурезагонро намебахшанд!

   Чун гап сари ҳукумати Толибон рафт, инҷо лозим ба ёдоварист, ки расо 1 сол пеш, аниқтараш 08.08.2021 пас аз фирори шармандавори президент Ашраф Ғанӣ Толибон дар кишвари ҳамсоя ба сари қудрат омада, дар 1 соли ҳукмронӣ кишвари бе ин ҳам ҷангзадаи Афғонистонро ба ҳолати бепуливу ночорӣ ва гуруснагӣ оварда расониданд. Ин аст, ки ҳазорҳо афғонӣ марзро убур намуда, ба ин сӯи Омӯ гузашт. Бо гузашти 1 соли расо ҳанӯз ҳам кишвари ҳамсоя ба қавле дар «хаос» қарор дорад ва аз ин варта баромадани ӯ дар ояндаи наздик номаълум аст.

То ҷойе маълум аст, Толибон нисбати афғонҳое, ки фирор намуда, кишварро тарк карданд, ҷазои сахте то буридани сар пешбинӣ намудаанд. Ин аст, ки муҳоҷирони фирории афғон намехоҳанд ба Ватан баргарданд.

 

Афғонҳо гузарониданд…

   Шариф Саидов мегӯяд, ки зимни иштирок дар 1 маъракаи гурезаҳои афғон, ки барояш ногаҳонӣ буд, бо бархӯрди бади гурезаҳо нисбати мардуми маҳаллӣ дучор шуд.

   - Ин афғонҳо тавре рафтор мекарданд, ки гӯё мо ғуломи онҳоем. Шумо ин, шумо он гуфта, тоҷиконро масхара менамуданд, ба рафтору кирдор, расму таомули мо механдиданд. Сари дастархон сигор мекашиданду арақ мехӯрданд ва байни худ дар бораи духтарони тоҷик писханд зада, гапи фаҳшо мезаданд. Чунин рафторашон ба ман писанд наомаду аз маърака хестам. Онҳо гурезаанд, мо ҳам замоне гуреза буем, вале боре ба ин ё он халқу миллат беэҳтиромӣ накардаем, касеро на тавҳин додем, на паст задем, на дашном буду на нигоҳе бад ба занҳои бегона, ҳоло чӣ? Нимашаб 20-ошёнаи «паноҳандагони афғон» моломоли фоҳишаҳои пасттарини тоҷикистонӣ. Инҳо оё аз шариати ислому маданияти волои мо хабар доранд? - гуфт Шариф Саидов.

   Шукронаи Назар, ҳамсуҳбати дигари мо, ки бо тиҷорат машғул аст, мегӯяд, ки имрӯз занону духтарони афғон тамомии бозору марказҳои савдоро ғасб намуда, аз субҳ то шом дунболи хариданд.

   - Бозору маркази савдоҳо пур аз занону духтарони афғон шудааст, харидашон фақат зару зевар асту либосҳои гарон. Онҳо агар гурезаанд, пас аз куҷо ин қадар пул доранд? Шабҳо ҳам тарабхонаву клубҳои шабона пур аз духтарони афғонанд, онҳо ботадриҷ ҷойи духтарони тоҷикро дар тарабхонаҳо гирифта, мебахшед, агар гӯям, ки «трассаҳо»-ро ҳам гирифта истодаанд, хато нест, зеро ман шабҳо бархе аз духтарони афғонро дар сари хиёбонҳо мебинам, -  таъкид медорад Шукрона.

   Мо ҳеҷ гоҳ миллати афғонро, ки аксарияташ тоҷиканд таҳқир карданӣ нестем, Хуо накунад, зеро дар байни гурезагони афғонӣ ҳастанд нафароне, ки ба Тоҷикистон садоқати худро нишон додаву ҳоло соҳиби касбу коранду бо нони ҳалол меҳнат мекунанд. Вале мутаассуф, шумораи фиребгару қаллобу танфурӯши афғон дар Душанбеву Ваҳдат рӯ ба афзоиш дорад. Теъдоди «гурезаҳои фосиқи афғон» онгуна афзудааст, ки бархе вақт фикр мекунӣ, охир мана ҳаминҳояшонро беҳуда Худо задаву беватан накардааст!

 

Депорт бесабаб нест!

   Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ихроҷ ё депорти  шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави кишвар борҳо гуфтааст, ки ин ихроҷ бесабаб нест.

   Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии мамлакат дар нишасти матбуотии ахирии худ ба суол дар робита ба ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ гуфта буд, ки ҳатман дар пайи ингуна депорт ҷурме, қонуншикание амсоли нодуруст будани ҳуҷатҳои шахсӣ, надоштани раводид ва қайд, иҷозатномаи корӣ, билохира одамфурушиву паҳни маводи мухаддира, дуздиву фосиқиву қаллобӣ низ ҳаст. Яъне, ҳеҷ депорте бесабаб нест ва набояд аз ин воҳима сохт!

 

Тоҷикистон пул барои Амрикову Аврупо

   Аз рӯи маълумоти Раёсати олии комиссариати СММ оид ба гурезагон, тобистони соли 2022 шумораи гурезагони афғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8500 нафар расид. Аз ин теъдод 5700 нафар пас аз омадани Толибон ба сари қудрат фирорӣ шуданд. Аксарият дар мусоҳибаҳо мегӯянд, ки аз тарси ҷони худ ба Тоҷикистон фирор намуданд ва баргаштан ба Ватан барояшон маргбор аст. Ҳамзамон аксари афғонҳое, ки ба Тоҷикистон фирор кардаанд, нияти дар Тоҷикистон мондану зиндагӣ карданро надоранд. Барои онҳо Тоҷикистон пули транзитиест ба сӯи Амрикову Аврупо ва Канада. Танҳо дар 1 соли ахир беш аз 4 ҳазор нафар афғон тавассути Тоҷикистон ба кишварҳои саввум фиристода шуданд ва ҳоло дар кӯчаҳои Лондону Мюнхен, Венаву Варшава ва Ню Йорку Лос Анҷелес даст дар киса мегарданд.

Бо назардошти ин Ҳукумати Ҷӯмҳурии Тоҷикистон бояд сари ин масъала – гурезаҳои афғон ҷиддӣ биандешад ва нагузорад, ки Тоҷикистон барои бархе пули транзитӣ гардад. Набояд касе аз хоки Тоҷикистон сӯистифода кунад!

Мо мавзӯро пайгир мемонем. Мо Метавонем!!!

 

М.Амин, СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter