ХАБАРИ ДОҒ

Расо 81 солу 81 рӯз пеш аз ин дар таърихи 22.06.1941 Гитлер бе эълони ҷанг ва бе ягон баҳонаи усулӣ ба СССР дарафтод. Расо 81 солу 81 рӯз баъди Фюрери Рейх,  Қирғизистони ЖапарСадировӣ, аккурат дар таърихи 14.09.2022 бе ягон баҳонаи усуливу эълони ҷанг ба деҳоти Тоҷикистон дарафтода, садҳо тан мардуми мулкиро захмӣ ва даҳҳо нафарро кушт. Вале неоГитлери осиёӣ-Жапар-бай тавассути Геббелси сонияш-Қамчинбек Ташиев аз фашистони немис ҳам гузарониданд. Онҳо танҳо дар 1 хонадон 5 нафарро бо шумули 2 тифли ноболиғ парронда, модареро, ки ҳомили баччаи 8-моҳа буд терор карда, масҷиди мусалмононро, ки шом мехонданд, бо Байрактарҳои туркӣ тарконда, даҳҳо тан бегуноҳро дар сари ҷойнамоз куштанд.

 3 суол ба 1 Эрдуғон

Пурсида мешавад, оё Президенти Туркия оқои Раҷаб Тайип Эрдуғон аз ин ҷинояти низомӣ ва зиддибашарӣ, антиисломӣ, ки тавассути бесадрнишинони Туркия сурат гирифт, огаҳӣ дорад ва оё дар оянда низ ба Бишкеки мусалмонкуш «Байрактар» мефурӯшад?

Ҳукумате, ки дар Рӯзи Ҷумъа ба ҳамсояи мусалмонаш дарафтода, даҳҳо мусалмонро дар Рӯзи Одина қурбон мекунад, оё барои Анқара давлати боэътимод аст?

Ё барои Туркия «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» масал шудаву ба мусалмонкушҳо низ яроқу аслиҳа мефурӯшад?

Суоли риторикист, ки умедворем Сафири Туркия дар Тоҷикистон ин суоли моро ба Ҳукумати Эрдуғон, ки даъвои мусалмонӣ дорад, мерасонад. Мо Метавонем!

Акнун бармегардем сари хроникаи расмии моҷаро: моҷарое, ки Бишкеки расмӣ барои қатли одамони бегуноҳ бояд дар додгоҳи байналхалқӣ посух бигӯяд. Рафтем!!!

 Ҳаҷуми барқосо ё «план Барбароса» аз Ташиев

14.09.2022. Соат бо вақти Тоҷикистон 07:15 дақиқа. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастгирии дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҶҚ бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷаи амалҳои душманона, аз ҷумла тирборон кардани мавқеи посгоҳи «Кех»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардиданд. Ғайр аз ин, аз ҷониби Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ интиқол дода шуданд.

Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 14:10, баъди эълони оташбас, низомиёни Қирғизистон бо истифода аз силоҳи гурӯҳӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини Лангар ва Сари Бозор ҳамла карданд. Илова бар ин, ҳангоми тирборон кардани бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 47-и ҷамоати Чоркӯҳ хонандагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ҷароҳат бардоштанд.

Ҳуҷуми гитлерӣ ба Исфара, Ҷ.Расулов ва Б.Ғафуров

16.09.2022. Соат бо вақти Тоҷикистон 04:50 дақиқа. Новобаста аз тавофуқи бадастомада оид ба эътидол овардани вазъ ва ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагӣ, низомиёни қирғиз амсоли лашкари Гитлерӣ дар рӯзи барои мусалмонони дунё муборак, Рӯзи Ҷумъаи Одина, бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд.

 Кормандони низомии Ҷумҳурии Қирғизистон бо истифода аз техникаи ҳарбӣ деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд. Аз чумла, маҳаллаҳои аҳолинишини деҳаи Чорқишлоқи ш.Исфара бо истифода аз БМП ва БТР тирборон карда шуданд.

Худи ҳамон рӯз тахминан соати 06:30 низомиёни таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди деҳаи Боғдории ҷамоати Чилғозии ш.Исфара ворид шуда, 16 манзили сокинони маҳаллиро оташ заданд ва дуздиву ғоратгарӣ карданд. Ғайриқонунӣ ба хонаи пиразан Мунавварахон Маҳмудова даромада, ӯро бо бераҳмии махсус куштанд.

Ҳамчунин иншооти инфрасохтори шаҳрвандӣ зери ҳамлаҳои мақсадноки хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор гирифтанд. Хатти интиқоли неруи барқи «Шӯроб» вайрон шуд, пули деҳаи Чорқишлоқ мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар маҳаллаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лакони ш.Исфара хонаҳои шаҳрвандон ва иншооти ёрирасон ба таври оммавӣ оташ зада шуданд.

Бар асари оташкушоии низомиёни Қирғизистон дар ҷамоати Чоркӯҳ 5 узви 1 хонавода, аз ҷумла 1 духтарчаи 6-сола, 1 писарчаи 5-сола ва 1 зани ҳаштмоҳа ҳомиладор кушта шуданд.

Аз соати 07:30 ҷониби Қирғизистон дар тамоми хатти сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон оташ кушод. Дар деҳаи Маданияти н.Ҷ.Расулов ҳамлаҳои оммавӣ бо истифода аз аслиҳаи вазнин ба маҳалҳои аҳолинишин ба қайд гирифта шуд. Дар ин самт аз  20 адад мошинҳои зиреҳпӯши вазнин, ки пешакӣ барои ҳамлаи мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуда буданд, истифода карданд. Бинои мактаби миёнаи деҳаи Боғистони шаҳри Исфара тирборон карда шуд. Дар деҳаи Боғистони Исфара бар асари оташи 8 танк ва 2 БТР 8 хона хароб ва сӯзонда шуданд. Ҳамзамон, манзилҳои мардуми осоиштаи деҳаи Сомониён аз ҷониби 10 БРДМ мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Илова бар ин, тахминан соати 07:35, 16 сентябри соли 2022, дар натиҷаи ҳамлаи миномётии ҷониби Қирғизистон ба маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров 2 зани соли таваллудашон 1948 ва 1962 кушта шудаанд ва 5 нафар аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла ноболиғон ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Бо вуҷуди талошҳои чандинкаратаи ҷониби Тоҷикистон барои расидан ба оташбас ва азсаргирии музокироти сулҳ, ҷониби Қирғизистон тирборони маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Исфара ва ҳамчунин ҳудудҳои ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Ҷ.Расуловро идома дод.

Ҳуҷум ба мактаб ва мошини ёрии таъҷилӣ

16.09.2022. Соат бо вақти Тоҷикистон 19:10. Баъди эълони оташбас, низомиёни қирғиз ба сӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №225-и ҷамоати Чоркӯҳи ш.Исфара дубора оташ кушоданд, ки дар натиҷа ба муассисаи таълимии мазкур зарари калони моддӣ расонида шуд. Ҳамчунин, ҳангоми тирпарронии ҷониби Қирғизистон бинои мактаби таҳсилоти умумии №64-и ҷамоати мазкур пурра сӯхт.

Бар хилофи принсипҳои умумэътирофи инсондӯстӣ ва бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона низомиёни Қирғизистон бо истифода аз мошинҳои зиреҳпӯш мошини ёрии таъҷилиро дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Зумради Исфара, ки ҳомили сокинони осоиштаи маҷруҳ буд, зери тирборон қарор доданд. Бар асари ин ҳамла 5 узви 1 хонавода, аз ҷумла 2 кӯдак -Асмоа, соли таваллудаш 11 июли соли 2016 ва Имрон, соли таваллудаш 5 декабри соли 2017, фелдшери ёрии таъҷилӣ ва ронанда кушта шуданд.

Беспилотникҳои туркӣ: 12 кушта ва 20 маҷрӯҳ

Ба ҷуз аз мошинҳои зиреҳпӯши вазнин, пас аз имзои Протоколи №41 аз 16 сентябри соли 2022 дар бораи эълони оташбас аз соати 16:00-и ҳамон рӯз байни роҳбарони 2 комиссия — Ятимов С.С. ва Ташиев Қ.Қ., ҷониби Қирғизистон ҳангоми ҳамла аз чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин зарбазананда (БПЛА) истифода кард.

Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавопаймои бесарнишини ҷониби Қирғизистон ба бинои мактаби рақами 8-и ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров 6 нафар сокинони осоишта ва бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба масҷиди ҳамин ҷамоат 12 нафар кушта шуда, беш аз 20 нафар, аз ҷумла 1 кӯдаки ҳафтсола ҷароҳат бардоштанд.

 Изҳороти марзбонони Тоҷик

16.09.2022. Соат бо вақти Тоҷикистон 11:15 дақиқа. Кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар Сарҳади давлатии ҶТ ва ҶҚ то соати 11:10-и 16 сентябри соли 2022 натиҷа надода истодаанд, зеро тарафи Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дода, аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ мекунад. Чунин омадааст дар иттилоияе, ки маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кард.

«2 маротиба ба оташбаси якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд», — омадааст дар иттилоия.

Ба замми ин, ҷониби Қирғизистон тавассути шабакаҳои интернетӣ дар идомаи муноқиша Ҷумҳурии Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешавад, ки асоси воқеӣ надорад. Онҳо бо роҳи иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳпӯши бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Маҳз аз тарафи низомиёни қирғиз воҳидҳои таъйиноти махсус истифода шуда истодаанд, ки далели собитгардида мебошад. Маълумоти иғвоангезе, ки аз ҷониби Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида истодаанд, мақсаднок ба мураккабтар намудани вазъият дар хати сарҳади давлатии 2 кишвар нигаронида шудаанд. Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.

Новобаста аз баргузории вохӯрии роҳбарони сохторҳои аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эълон намудани оташбас, бо гузашти 1,5 соат, ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз карданд. Тарафи Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии низомиро аз маркази ноҳияи Боткени ҶҚ ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дода истодааст.

Боиси нигаронист, ки ҷониби Қирғизистон бо истифода аз чархлболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарниши зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти мулкии Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор дода истодааст.  

 Қирғизи беаҳд

17.09.2022. Соат бо вақти Тоҷикистон 07:30 дақиқа. Вобаста ба иҷро намудани шартҳои оташбаси эълоншуда вохӯрии Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ 2 ҷониб масъалаҳои ба эътидол овардани вазъият, ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагиро баррасӣ намуданд. Вале новобаста аз мувофиқаи бадастомада, соати 11:10-и рӯз командири қисми ҳарбии 707-и ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қароргоҳ дорад, бар хилофи талаботи созиши оташбас, худсарона, барои зери тирборон қарор додани дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Отряди сарҳадии «Исфара» ва маҳаллаи «Сомониён»-и шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми намуди силоҳҳо амр додааст. Ҳолати мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фармондеҳони алоҳида ба ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон итоат намекунанд.

Бояд гуфт, ки 5 аъзои 1 оила дар ш.Исфара аз тирборони сарбозони қирғиз кушта шуданд. Гулӯлаи партобкардаи сарбозони қирғиз ба хонаи сокинони осоишта бархӯрда, ҳангоми интиқоли захмиён ба беморхона, сарбозони қирғиз мошини ёрии таъҷилиро низ тирборон кардаанд. Дар натиҷа, мошини ёрии таъҷилӣ пурра сӯхта, ронанда ва 5 мусофири он ба ҳалокат мерасанд.

Номи шаҳрвандони кушташудаи ин оила:

Фаёзова Муҳаёхон, 21.03.1969

Баҳромзода Дилноза, 31.03.1993

Ӯктамзода Садоқат, 20.03.1997

Амриддинзода Асмоахон, 11.07.2016

Илҳомзода Имрон, 05.12.2017

Яке аз келинҳои хонадон дар моҳи ҳаштуми ҳомиладорӣ будааст…


 

Омодагӣ ба иғвои навбатӣ

17.09.2022. Соат бо вақти Тоҷикистон 10:00 дақиқа. Вазъият дар хати Cарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад. Вале дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби низомиёни Қирғизистон талаботи созиши оташбас вайрон карда мешавад. Чунончӣ, аз самти маҳаллаҳои Самарқандак ва Коктоши ноҳияи Боткен ҷониби мавзеъҳои наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз силоҳҳои гурӯҳӣ тирпарронӣ сурат мегирад.

Ҳамзамон бо ин, ҷобаҷокунии қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар хати сарҳад ва мустаҳкамкунии мавқеъҳои ҷангӣ мушоҳида мегардад, ки аз омодагӣ ба амалҳои навбатии иғвоангезонаи низомиёни қирғиз ҷиҳати ноором кардани вазъият шаҳодат медиҳад.

Ҳамла ба Лахш

17.09.2022. Соат бо вақти Тоҷикистон 11:50 дақиқа. Қувваҳои низомии Ҷумҳурии Қирғизистон шарту талаботҳои оташбаси эълоншударо нодида гирифта, аз мавқеи ноҳияи Ҷонолойи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби хонаҳои сокинони деҳаи Тоҷварони ҷамоати Сайлиободи ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз техникаи ҷангии “Град” оташ кушоданд. Дар натиҷа 4 сокини деҳаи мазкур захмдор шуда, 3 манзили истиқоматӣ хароб гардиданд.

Соати 14:30-и ҳамин рӯз вохӯрии намояндагони ниҳодҳои марбутаи 2 кишвар баргузор гардида, тарафҳо оиди оташбас ва ба эътидол овардани вазъият мувофиқа намуданд. «Аммо соати 17:20 ва такроран соати 18:10, сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона аз тамоми намуди силоҳи оташфишони вазнин, гурӯҳӣ ва техникаи ҷангии “Град” ҷониби нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд», — омадааст дар иттилоияи маркази матбуоти Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.

Соати 19:00-и бегоҳ 2 ҷониб оид ба оташбаси навбатӣ ба созиш расиданд.

 Муфтии мусалмонони ҶТ: золим ҳамеша ноком аст!

   - Золим ноком ва ҳар мағруре мағлуб аст. Золим барои он ноком аст, ки  болои инсонҳои осоишта, бесилоҳ, хусусан намозхонони масҷид  тир холӣ мекунад ва  ин зулм ҳисобида мешавад. Чаро ки дар он масҷид  инсонҳои осоишта қарор доштанд, на одамони  силоҳдори равона ба ҷанг. Ин одамон бо мақсаде ба масҷид рафта буданд, ки парвардигорашонро саҷда кунанд ва бо шукргузорӣ барои пойдории сулҳу субот ва осоиштагии Тоҷикистон дуо намоянд!- баёни назар намуд Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода вобаста ба ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон 16 сентябр ба масҷиди ҷамоати Овчи-қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров, ки дар натиҷаи он 12 нафар сокини осоиштаи ин диёр зимни ибодат кушта шуданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода мегӯяд, «навореро дидам, ки  чанд нафар низомиёни қирғиз дар сари компютер нишаста, бо дидани  таркиши масҷиди мазкур қаҳ-қаҳа ва каф мезананд, мисли он ки дунёро гирифта бошанд. Чӣ қаҳрамоние карданд онҳо? Мӯйсафедони солхӯрдаеро, ки барои ибодат ба масҷид рафта буданд, қатл карданд. Ин ваҳшоният нест? Аз ин рафтори онҳо инсон дар ҳайрат мемонад. Ақл куҷост, инсоният, шарофат ва нангу номус куҷо шуданд? Бояд, ки шахси мусалмон  ҳамеша аз рӯи ақлу хирад ва дурандешона амалу рафтор намояд».

«Ба қатл расонидани аҳолии осоишта, чӣ дар масҷид, чӣ дар навоҳии наздимарзӣ гуноҳи азим ва нобахшиданист. Ин таҷовуз аст, ин зӯроварист, ки одамонро барои ватанашон, барои хонаву дарашон омада, мепаронанд. Онҳое, ки хуни ноҳақ рехтаанд,  барои ҳар қатраи он дар ин дунё ва дар охират ҷазо мебинанд. Зеро Худовандаи азза ва ҷалла бегуноҳ ба қатл расонидани инсонҳоро намебахшад ва онҳо ҳатман ҷазояшро мебинанд, - гуфт Саидмукаррам Абдуқодирзода.

 ВКХ: 41 нафар кушта шуд…

19.09.2022. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран дар 1 брифинги матбуотӣ бо иштироки сафирони кишварҳои хориҷӣ, раисони созмонҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷиву дохилӣ шумораи шаҳрвандони кушташудаи тоҷикро эълон намуд. Дар задухӯрди чанд рӯзи ахир, аниқтараш аз 14 то 17 сентябр аз тиру туфанги қирғизи нохалафу аҳдшикан 41 нафар шаҳрвандон бо шумули кӯдакони ноболиғ кушта шуданд. Ин теъдод метавонад афзоиш ёбад, зеро вазъи чандин нафари дигари тирхӯрдаву ярадор ваҳим арзёбӣ мешавад. Дар ин бора зимни брифинги матбуотӣ Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ итиллоъ дод.

Бино ба гуфтаи Содиқ Имомӣ, дар мудати 12 соли ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 230 муноқишаи ҳарбӣ ба вуқуъ пайваста, ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ин солҳо кӯшиш намудааст, ин муноқишаҳоро бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ ҳаллу фасл намояд. Вале ҷониби қирғиз ҳамеша аҳдшиканӣ намуда, пайваста танишҳои гуногун амалӣ намудааст.

   - Бо мақсади пешгирӣ намудан аз хунрезӣ мо чанд маротиба дар маҳаллаҳои наздимарзӣ маъракаи халъи силоҳро ҳам гузаронида будем, вале ҳамсояҳои мо баръакс аз соли 2015 ба сокинони минтақаҳои наздимарзӣ истифода аз силоҳро омӯзониданд. Ҷумҳурии Қирғизистон солҳои ахир сиёсати хашини истифодаи обҳои марзиро пеш бурда истодааст. Инро мо дар мисоли дарёи Хоҷа Боқирхон мебинем, ки оби ин дарё гирду атрофи ш.Хуҷандро обёрӣ мекунад. Роҳандозии чунин лоиҳаҳо метавонад беш аз 500 ҳазор сокинони минтақаҳои наздимарзии вилояти Суғдро беоб гузорад, ин амал ба ягон меъёри талаботи байналмилалии ҳамсоядорӣ ҷавобгӯ нест, - таъкид дошт Содиқ Имомӣ.

 Фарзанди Ватан бош!

Даргириҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бори дигар собит сохтанд, ки ҷавонмардони ғайюру далери тоҷик ҳамеша омодаанд барои дифоъ аз марзу буми хеш ба по хезанд. Инро мо дар мисоли ҳазорҳо ҷавонмарде, ки сар аз рӯзи 14.09.2022 дар тамоми минтақаҳо ҷамъ омада, сӯи Исфара роҳ гирифтанд, мебинем. Ҷавонмардони тоҷик, ба қавле шерони нари Фронти Халқӣ аз ш.Кӯлоб бо роҳбарии генерал-лейтенанти мустаъфӣ Файзалӣ Лангариев ва бародараш Бахтиёр Лангариев яке аз нахустинҳо шуда, худро ба Воруху Чоркуҳ расониданд. Умар Алиматов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, раҳбари ширкати «Сим-Сим»-ро низ новобаста аз ин қадар дороиву сарват, дар сафи пеши ҷавонмардони шуҷои Ватан дар Исфара дидем, ки офаринаш бод! Мирзохӯҷа Аҳмадови ғармӣ бошад  кайҳост дар сафи пеши набардҳо сина сипари Ватан карда истодааст.

То чунин ҷавонмардон ҳастанд, Ватану Миллат дар амон аст! Мо Метавонем!!!

 СССР 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter