ХАБАРИ ДОҒ

Расонаҳои давлатӣ хиҷолатоваранд

  • Чоршанбе, Окт 05 2022

Оё духтуреро, ки бемори дар дами марг бударо аз дур мушоҳида мекунад ва чорае намеандешад, метавон духтур номид? Шояд ҳа, аммо ӯ минбаъд соҳибэҳтиром намешавад ва касе дар оянда ба ӯ муроҷиат нахоҳад кард! Айнан ҳамин чиз ба расонаҳои хабарӣ низ дахл дорад, ки ба мардум иттилоъ намедиҳанд.

 Ҳамин аст вазъи имрӯзаи таассуфовар дар шабакаҳо ва расонаҳои хабарии давлатӣ. Ба ҷои гузориши таҷовузкорона дар бораи он, ки дар марз бо Қирғизистон чӣ рух дод ва дода истодааст, куллан хомӯширо ихтиёр кардаанд.

 Нокомии журналистии онҳо нокомии 1 легиони том аст. Хатоҳои онҳо намоёну фаромӯшнашавандаанд. Охирин чунин нокомии онҳо саркашӣ аз пӯшиши муноқиша дар марз аст, дар ҳоле, ки ҳамаи олам аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз даҳон ба даҳон ва аз забони расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла расонаҳои қирғиз, аз вазъ  огоҳ мешуданд, ЯГОН шабака ё расонаи давлатӣ аз манотиқи марзӣ расман хабаре надод. Намоиши видеоӣ, мусоҳиба бо сокинони манотиқи наздимарзӣ ва на ягон наворе вуҷуд надошт.

  Расонаҳое, ки муштариро аз даст доданд!

 Саҳифаи «Ютуб»-и шабакаи асосии хабарии «Ҷаҳоннамо» дар 1 соли охир ҳамагӣ чанд навор дошта, ҳар яки онро наздик ба 100 тамошобин дидааст (фарзи мисол 1 навори ютубии СССРТВ-ро 90.000 одам мебинад!-ред.). Саҳифаи «Фейсбук»-и онҳо соли 2020 нав карда шуда, «Инстаграм» ҳоло фаъол нест. Ин дар замонет, ки аксари аҳолӣ вақти худро дар ин шабакаҳо сарф мекунад. Ҳеҷ яке аз расонаҳои расмӣ ва эелектронии давлатӣ дар ягон шабакаи иҷтимоӣ пайравони зиёд надорад. Онҳо дар маҳбубият бо расонаҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд (Озодӣ, ВВС, РИА Новости, Садои Машҳад-ред.), рақобат карда наметавонанд, чӣ расад ба расоанҳои берун аз он. Ин бисёр шармовар аст. Онҳо танҳо дар сомонаи  худ дар бораи низоъ зикр карданд, аммо кӣ ба сомонаи онҳо медарояд ва кӣ онҳоро мехонад?

 Ховар низ «хоб» буд

Агентии иттилоотии давлатии «Ховар» дар сомонаи худ изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро нашр кард, ки ҳамчун манбаи иттилоъ дар миёни мардум он қадар маъруф нест.

 Ба ҷойи тирпарронӣ, куштор ва тахриби амвол дар марзҳои Тоҷикистон шабакаҳо ва расонаҳои давлатӣ дар бораи низоъ миёни Арманистон ва Озарбойҷон ва даргириҳо дар Конго гузориш доданд. Дуруст аст, ки  дар бораи интиқоли кӯмак ба вилояти Суғд, барои онҳое, ки бар асари муноқиша молу мулкашон хароб ва ё осеб дидааст, хабар доданд. Яъне расонаҳои давлатӣ ба ҷоидар бораи рӯйдоди асосӣ-моҷаро ва қатлу куштор дар марз навиштан, танҳо дар бораи воқеаҳои дуюмдараҷа (расонидини кӯмак) гузориш доданду халос.

 Ҷанги иттилоотие, ки бохтем

Дар даврони нави технология ҷанги иттилоотӣ муҳим аст. Вале ҳама расонаҳои иттилоотии давлатӣ натавонистанд 1 таҳлил ё 1 фаҳмише пешниҳод кунанд, ки чаро муноқиша рух дод, чаро созишномаҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон натиҷа надоданд, оё ҳамлаҳо ба мушкилоти сиёсати дохилии Қирғизистон ба хотири ба марз равон кардани таваҷҷуҳи халқи қиргиз рабт дошт ё на? Оё Туркия дар ин ҳодиса даст дорад? Ё ин ки ҳарду кишвар дар бозии заиф кардани мавқеи Русия дар Украина мӯҳраи «пиёда» дар тахтаи Шоҳмоти глобалсиёсат ҳастанд?

 Ин ҷо айб сари роҳбарони ин расонаҳо нест. ВАО-и давлатӣ мустақил нестанд. Ба давлат тобеъанд. Пас, дар бораи кадом масъулияти ин расонаҳо суҳбат кардан мумкин аст?

 Коре, ки давлат анҷом медиҳад, бе самар аст. Андешаҳо, таҷриба ва беамалии кӯҳнаи идеологҳои он ба худи давлат зиён мерасонанд. Ин амал, яъне коҳилӣ ва фаолият дар ҷомаи кӯҳна, расонаҳои давлатиро дар замоне, ки иттилоот ба мисли силоҳ муҳим аст, бефоида мегардонад ва мардум метавонанд таваҷҷуҳи худро ба манобеи дигари иттилоот ва таҳлил, ки дар беҳтарин ҳолат бетараф ва дар бадтарин вазъ нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон мавқеи душманона дошта бошанд, равона кунад.

 Агар расонаҳои давлатӣ дар бораи бузургтарин ва эҳтимолан яке аз муҳимтарин рӯйдоди соли 2022 гузориш надиҳанд, пас онҳо дигар манбаи муътамади иттилоот нестанд, балки шабакаи фароғатӣ мебошанд.

  Раванди ноумедкунанда

Дар муқоиса бо расонаҳои хориҷӣ ва онҳое ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванду фаъолтар ва бештар гузориш медиҳанд, расонаҳои давлатӣ ҳамчун намояндагони ҳукумат ва давлат ҳар чизе, ки доштанд, аз даст доданд. Масалан, “Озодӣ” ва “Азия-Плюс” дар бораи низоъ ва мардуми осебдида назар ба ҷамъи ҳамаи расонаҳои давлатӣ бештар матолиби хабарӣ доштанд. Ин ноумедкунанда аст. Барои ВАО давлатӣ номуедкунанда аст, барои рақибонашон, расонаҳои хориҷӣ ва  шахсӣ баракс умедворкунанда…

 

Чизи дигаре, ки вазъро нохуш мегардонад ва ба асабоният мерасонад, ин аст, ки расонаҳои давлатӣ на танҳо ҳукумат, балки тоҷикон ва фарҳангу арзишҳои ин миллатро низ намояндагӣ мекунанд.

 

 

Тавре вазъи имрӯза бозгӯ мекунад, муҳим нест, ки расонаҳои давлатӣ ё дигар расонаҳо чӣ хабар медиҳанд. Ин ҳам муҳим нест, ки касе, ҳатто генералҳо ва раисони штабҳо, тавассути расонаҳо изҳорот намедиҳанд, то ба мардум фаҳмонанд, ки чӣ ҳодиса рух дода истодааст ва оё амнияти онҳоро метавон кафолат дод? Ин ҳам муҳим нест, ки мардуми Тоҷикистонро аз он ҳодисаи нохуше, ки дар масофаи 3 соат дуртар аз пойтахти онҳо рух медиҳад, расман огоҳ кардан намехоҳанд (дар асл тавассути шабакаҳои интернетӣ аз 7 то 70 сола аз ин моҷаро огаҳ аст!). Муҳим ин аст, ки мавқеи ҳозираи расонаҳои хомӯш, ба мардум ва махсусан ба ҷаҳони беруна нишон медиҳад, ки ВАО расман фаолияти де-юре доранду де-факто на! Ва ин амал дар олами имрӯзаи дастрасии кулли ҷаҳон ба иттилоот, бисёр хиҷолатовар аст.

 

 

Шогуна Собир

журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter