ХАБАРИ ДОҒ

С.Мирзораҳматов: «Руки прочь от Улджабаева!!!»

  • Чоршанбе, Окт 12 2022

 

 

Ҳушдор!!!

Газетаи СССР борҳо дар бораи сарварон-муншӣ ё худ котибони СеКа РСС Тоҷикистон матлаб нашр кардааст. Онҳо хуб буданд-хуб, бад буданд-бад. Ҳукм аз хонанда аст. Вале 1 чиро фаромӯш набояд кард:

-Паспорти имрӯзаи ҶТ, ки аз 31 солагии Истиқлолаш ҷашн мегирем, дар соли 1924 имзо шудааст ва он шиносномаи миллати мо-РАСС (Çumhūrijati Sūsiolistiji Şūraviji Muxtori Toçikston, 14.10.1924) ва сипас РСС Тоҷикистон (Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, 05.12.1929) ном дошт. Мо низ медонем Истиқлолият беҳтарин неъмат аст, вале ҳар нафаре фикр мекунад, бо ҳамин БОЯД таърихи 100 соли ахирро хати бутлон кашид, душмани ин давлат аст. Бинед дар дунё чӣ муаммоҳо мегузаранду чигуна давлатҳо ба коми нестӣ рафта истодаанд. Украина мисоли оддист.

Зимнан СССР то ҳаст аз РСС Тоҷикистон ва сарварони он ёд мекунад. Мо Метавонем!

 

Имрӯз дар ҳаққ ин марди бузург «таърихдонҳо»-и кучаву бозору чойхонаҳо туҳмат мебофанд ва ӯро тахкир мекунанд. Гӯё ӯ «тоҷик набуд, узбек буд», «заминҳои РСС Тоҷикистонро ба қирғиҳо такдим кард» ва ғайра.

Чунончи 1 «таърихдон», ки арзиши онро надорад аз номаш ёдовар шавам, дар китобаш ҳамаи раҳбарони Тоҷикистони Шуравиро бо 1 нафрати бе андоза сиёҳ кардааст, аз ҷумла Улҷабоевро:

«Ё мисли Улҷабоевҳо (?!), ки корашон айшу ишрат, ҷӯрабозӣ, сарватҷамъкунӣ ва ғайра буд.»

1 «таърихдон»-и дигар дар Душанбе, дар суҳбати рӯ ба рӯ маро пардапушона сарзаниш кард, ки ман роҳбарони Тоҷикистони шуравиро аз ҳад зиёд таърифу тавсиф мекунам. Дар ҳоле,  ки онҳо бо буҷҷети тайёри дар Маскав тасдиқшуда кор мекарданд.

 Ҷавонони азиз! Шумо ба таърихнигорони ҳирфаӣ бовар кунед, на ба «таърихдонҳо»-и кучагӣ! Ана ба ин навиштахои Султон Мирзошоев, арбоби маъруфи давлати Тоҷикистон, дуст ва ҳамтои Турсун Улҷабоев таваҷҷӯҳ намоед:

«Давраи роҳбарии Турсун Улҷабоев, ки мактаби зиндагиро бо ҳама талхиву шириниаш паси сар кардааст, шоёни таҳсин ва таҳният аст. Танҳо ҳаминро ёдовар мешавам, ки толеи баланди мардуми Тоҷикистон будааст, ки баъди Бобоҷон Ғафуров худованд ба сари мо чунин роҳбар, марди бузург, бо нангу номус, дӯсту ватанпарварро лоиқ донистааст!»

 (Султон Мирзошоев, Дар пайванди ду аср, Душанбе, с. 2009, сах. 279)

 

 

 МУЗАФФАРИЯТ ВА ФОҶИАИ УЛҶАБОЕВ

“Ҳаёт ва фаъолияти ҳамватани бузурги моро бояд омӯхт ва чун мисоли ахлоқии хидмат ба мардуми худ дар дастрасии умум қарор бояд дод.”

ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ, ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 

Боби I. Аз омӯзгор то пешвои сиёсӣ

Бархоста аз миёни мардум, вай ҳанӯз дар овони бачагӣ дарк карда буд, ки фақр яъне чӣ? Ва қабл аз вақт вай аллакай навраси камолёфта буд. Ҳанӯз писарбача буд, ки дарк намуд: раҳоӣ аз фақр ва ақибафкандагӣ танҳо бо наҷот аз ҷаҳлу нодонӣ ва ҳарб бо таассуб имконпазир аст. Ин замоне даст хоҳад дод, ки омӯзишу парвариш ҳамагонӣ шавад, одамон соҳибмаълумот ва рушангаро шаванд. Он вақт зиндагӣ низ ба самти хубӣ тағйир мекунад. Аз ин рӯ, дар синни 16-солагӣ, баъди хатми мактаби ҳафтсола ба қароре омад, ки омӯзгор шавад. Он замон вай дар бораи ягон шуҳрати ҳизбиву давлатӣ ҳам намеандешид. Вале худи сиёсат ӯро ба худ кашид. Чеҳраи зебо, ақли расову зеҳни бурро (талоши мутолиа, ки ҳанӯз овони мактабхонӣ дар замираш тавлид шуда буд, тамоми умр ӯро тарк накард), доштани истеъдоди ташкилотчигӣ Улҷабоеви ҷавонро аз миёни ҳамсолонаш ҷудо кард ва ӯро то ба 1 пешвои ғайрирасмӣ рушд дод, ки билохира ба ҳадди 1 сарвари ҷавонон дар ҷумҳурӣ сабзид.

Дар қуллаи шуҳрати сиёсии худ вай ба 1 шахсияти маъруфу машҳур дар Тоҷикистон табдил ёфт, дар қалби миллионҳо ҳамватанони мо ҷо гирифт.

Роҳбарияти Шӯравӣ дар симои ӯ бидуни шак, 1 роҳбари ояндадори миллӣ дар ҳадди Иттиҳодро медид.

 

Саркӯбсозии Улҷабоев

Аммо қонунҳои нонавиштаи сиёсӣ разилу бераҳм, маккор ва беарзиш мешаванд. Дар саҳнаи сиёсӣ оне рушд мекунад, ки ин қонунҳоро медонад ва ба назар мегирад. Турсун Улҷабоев, ки ба ғояҳои башарии худ содиқ буду арзишҳои инсониро болотар аз ҳама медонист, натавонист ва ё нахост ин қонунҳоро дар мадди назар бигирад. Ва нархи гарон пардохт кард. Дар синни чиҳилупанҷсолагӣ, дар айни камолот аз зинаи Котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон уфтод ва ба шуҳрати худ абадан поён дод.

Хушунати бешармонаву разилона нисбати Улҷабоев ва ҳамсафони ӯ ба саркӯбии соли 1937 шабоҳат дошт. Баҳори соли 1961, чун дар солҳои 30 даҳҳо роҳбарони ҳизбӣ, хоҷагӣ ва масъулини шӯроҳо аз сафҳои ҳизби коммунист берун ва аз вазифаҳои ишғолкардаашон дур, баъзеи онҳо ба муҳлатҳои дурудароз зиндонӣ шуданд. Баъди баҳори фоҷеабори соли 1961 номи Турсун Улҷабоев муддати 30 соли дигар ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда шуд...

 

БОБИ 2. Таваллуди Улҷабоев

Турсун Улҷабоев 1-майи соли 1916 дар наздикии Хуҷанд, дар хонаводаи марди деҳқони батрак ба дунё омадааст. Волидонаш каме баъдтар ба ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) кӯч бастанд. Соли 1932 баъди хатми мактаби ҳафтсола ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд дохил шуд ва худи ҳамон сол ба сафи комсомоли ленинӣ пайваст.

Ҷавонон ва ҷавондухтарони он замон на барои мансабу вазифа ба сафи комсомол ё ҳизб мепайвастанд, балки сидқан мехостанд дар татбиқи амалии барномаи сталинии сотсиализм дар кишвари доманпаноҳи шӯроҳо саҳм гиранд. Ва барои Улҷабоеви наврас низ узвият дар комсомол (баъдан ба ҳизби коммунист) интихобе буд, ки бо дарки ояндаи он сурат гирифт. Ғояҳои коммунистӣ, ки то охири умр ба онҳо содиқ монд, барояш он имконеро фароҳам оварданд, ки истеъдоди ташкилотчигии худро амалан татбиқ кунад ва 1 ходими маъруфи давлатӣ шавад.

 

Ленин, ВЛКСМ ва Улҷабоев

Барномаи амали артиши бисёрҳазорнафараи комсомол дар солҳои 20-30 нутқи машҳури В.И.Ленин дар анҷумани III – уми Комсомол “Дар бораи вазифаҳои иттиҳоди ҷавонон” шуд, ки доҳӣ дар таърихи 2-уми октябри соли 1920 ироа карда буд. Матни ин суханронӣ бо тиражи басо бузурге интишор ёфт ва талабот ба он ба ҳадде зиёд буд, ки баъзе созмонҳои комсомолӣ онро дар мошинҳои чоп рӯнавис ва миёни ҷавонон паҳн менамуданд. Турсун Улҷабоев ин нутқи Ленинро омӯхтаву таҳлил карда, нуқтаҳои асосии онро дар суханрониҳояш чун сарвари ояндаи комсомоли ноҳия ва баъдан ҷумҳурӣ миёни ҷавонон шарҳ медод.

“Коммунизм он аст, ки ҷавонон ва ҷавондухтароне, ки дар узвияти Иттиҳоди Ҷавонон қарор доранд, бигӯянд: ин кори мост, мо ба ҳам меоем ва ба деҳот меравем, то ин ки насли наврас аз омӯзиш ва савод дур намонанд”.

“Танҳо дар кор бо коргарон ва деҳқонон метавон коммунисти ҳақиқӣ буд, то ҳама бубинанд, ки ҳар касе ба Иттиҳоди ҷавонон мепайвандад, босавод аст ва ҳамзамон кор карда тавонад”.

 

Маҳви бесаводӣ дар СССР

Муддати хеле кутоҳе аз пирӯзии Инқилоби Сотсиалистии Октябр нагузашта ҳукумати Шӯравӣ эълон кард, ки дар қаламрави империяи собиқи Русия боз 1 инқилоби дигарро роҳандозӣ мекунад, ки он инқилоби фарҳангӣ ном дорад. Барномаи барҳам задани бесаводӣ дар сар то сари кишвар эълон шуд. Аллакай соли 1919 дар Тоҷикистони Шимолӣ 88 ва моҳи марти соли 1921 дар шаҳри Душанбе дарҳои 5 мактаби Шӯравӣ боз шуданд. Солҳои хониши 1923-1924 аввалин мактабҳои Шӯравӣ дар Кӯлоб, Ховалинг, Ғарм, Ҳоит ифтитоҳ гардиданд, дар Душанбе, Кӯлоб, Ғарм, Қаротоғ мактаб-интернатҳо низ дарҳои худро ба рӯи фарзандони коргарону деҳқонон кушоданд. Дар сар то сари мамлакат курсҳои маҳви бесаводӣ амал мекарданд, ки дар онҳо мардону занони аз синни 12 то 45 – сола ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд.

 

Дар 20 сол 80 млн босавод шуд!!!

Зарфи 2 даҳсолаи нопурра дар Иттиҳоди Шӯравӣ бештар аз 80 миллион нафар хондану навиштанро ёд гирифтанд. Иттиҳоди ҷавонони коммунист дар ин инқилоби фарҳангиву маданӣ нақши калидӣ бозид. Ҳазорҳо ҷавонон бо роҳхатҳои комсомолӣ ба гӯшаҳои дурдасттарини Иттиҳоди Шӯравӣ сафар мекарданд, то зидди бесаводиву ҷаҳолату нодонӣ мубориза баранд. Маҳз онҳо созмондиҳандагони давраҳои омӯзишии маҳви бесаводӣ, мактабҳои шабонаи коргарони ҷавон буданд.

Комсомол Турсун Улҷабоев замоне ба фаъолиятҳои амалӣ оғоз кард, ки дар РСС Тоҷикистон мушкилоти маҳви бесаводӣ чун мушкили умда боқӣ монда буд. Он солҳо на дар ҳамаи марокизи аҳолинишин, шаҳру рустоҳо одамонеро метавонистӣ пайдо кунӣ, ки хондаву навишта тавонанд. Вай дар корҳои фарҳангиву омӯзишӣ иштироки басо фаъолона дошт: дар оғоз чун сарпионервожатий ва муаллими синфҳои ибтидоӣ дар зодгоҳаш ва баъд чун муншии комсомоли ноҳияи Нов ба саводноккунии аҳолӣ камари ҳиммат баст. Сар аз соли 1937 дар вазифаҳои мудири шуъбаи ҷавонони хонанда ва муншии Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон кор кард. Соли 1939 аллакай 70% аҳолии калонсоли РСС Тоҷикистон  шахсони босавод буданд. Дар ин саҳми пешвои комсомоли ҷумҳурӣ Турсун Улҷабоев низ калон аст.

 

Протопопов падари саноати Тоҷик

Моҳи июни соли 1938 Котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон коммунисти рус Дмитрий Протопопов интихоб шуд. Зарфи 3 соли роҳбарии Д. Протопопов (аз 1938 то 1941) Тоҷикистон рушд кард ва ба 1 ҷумҳурии саноативу кишоварзӣ табдил ёфт. Ҳаҷми истеҳсоли саноатии он дар соли 1940 дар қиёс ба соли 1937 то 72 дарсад афзуд. Комбинати маъданҳои куҳии Тагоб сохтаву ба истифода дода шуд, нерӯгоҳи обиву барқии Хоруғ ба кор даромад, ки ба он номи В.И. Ленинро доданд, корхонаҳои тавлиди равған дар Регар, Конибодом фаъол шуданд. Соли 1938 дар шаҳри Сталинобод корхонаҳои консерв, шир ва механикии ба номи Серго Орҷоникидзе ба истифода дода шуданд. Сохтмони яке аз калонтарин корхонаҳои бофандагии ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Соли 1940 сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ба анҷом расид. Барои бунёди ин роҳ 22 ҳазор нафар ширкат карданд. Худи ҳамин сол сохтмони роҳи оҳани камбари Сталинобод-Қурғонтеппа оғоз гардид. Дар солҳои роҳбарии Д. Протопопов танҳо дар Сталинобод беш аз 30 корхонаи саноатӣ сохта ба истифода дода шуд.

 29-уми феврали соли 1940 баъди муроҷиатҳои мукаррару боисрори Д. Протопопов ба роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ ва шахсан ба худи И. Сталин КМ ВКП (б) Шӯрои комиссариати халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Қарор “Дар бораи чораҳои минбаъдаи тавсеъаи кишоварзӣ ва афзудани кишти пахтаи мисрӣ дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон”-ро қабул кард, ки тибқи он Ҳукумати Шӯравӣ маблағҳои калонеро ҷиҳати таҳкими бунёди моддӣ-техникии корхонаҳои саноати кишоварзӣ, рушди иҷтимоии деҳот ҷудо намуд.

 

Рушди илм ва маориф

Дастовардҳои Тоҷикистони Шӯравӣ дар самти илм, маориф ва фарҳанг дар ин 3 соли даврони пеш аз оғози ҷанг хеле муассиранд. Соли 1939 дар пойтахти Тоҷикистон 32 мактаб сохта шуда буд, ки 20 ҳазор хонандаро ба таҳсил фаро мегирифт. Солҳои таҳсили 1939-1940 дарҳои донишкадаҳои кишоварзӣ, омӯзгорӣ ва тиббӣ ба рӯи 7 ҳазор донишҷӯ боз шуданд. Дар 7 муассисаи махсуси омӯзишӣ тақрибан 5 ҳазор ҷавонписарону ҷавондухтарон таҳсил мекарданд. Акнун ҳар сокини кишвар новобаста ба маҳалли истиқомат ва мансубияташ ба кадом қишри аҳолӣ дастрасӣ ба омӯзиш ва хату савод ёфт.

 Соли 1941 бар пояи Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон бахши Академияи илмҳои СССР ташкил шуд ва ҳамзамон пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии таърих, забон ва адабиёти тоҷик, табиатшиносӣ, ҷонваршиносӣ ва паразитология низ оғоз ба фаъолият карданд.

 

Филармония дар Душанбе

Ифтитоҳи Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар моҳи августи соли 1938 рӯйдоди хеле муҳим дар ҳаёти фарҳангии кишвар маҳсуб мешуд.

Дар кутоҳтарин фурсат Сталинобод ба 1 шаҳри корхонаҳои азим, маркази илмиву фарҳангии Осиёи Марказӣ табдил ёфт.

Моҳи апрели соли 1941 дар остонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бори аввал дар шаҳри Маскав Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон баргузор шуд, ки ин 1 саҳифаи равшан ва пурҷилои таърихи замони шӯравии мост. Муаррихон, фарҳангшиносон, нависандагон-публистистон бояд воқеъият ва шукуҳу шаҳомат ва таъсири он ба рушди ояндаи фарҳанг дар кишварро бар пояи далелҳои воқеиву илмӣ биёмӯзанд. Китоби ҷолибу басо хондание барои оммаи васеъи хонандагон метавон аз ин рӯйдод ба қалам овард.

 

Сталин ва фарҳанги Тоҷик

«…бо дуои хайру ширкати Сталин «рӯзҳои фарҳанги миллӣ» ва ё «даҳа» баргузор шуд. Ин ҷашнвораи бузургу муҳташаме буд, ба Маскав садҳо нафар ҳунармандон, адибон, машшоқон, ҳайатҳои комили театрҳо, хорҳо, дастаҳои ҳунарӣ ҳузур ёфтанд. Театрҳо, толорҳои консертӣ, поркҳо ройгон ба мардум рушди ҳунар дар Тоҷикистонро намоиш медоданд.

Ин гуна «даҳаҳо» ҷашнвораи фарҳанги миллӣ, тантанаи санъати бародарӣ, дӯстии халқҳо, сиёсати миллии сталинӣ буданд. Пеш аз ҷанг бо талошҳои Сталин якпорчагиву бародарии халқҳо шакл гирифт. Шаффияти маънавии онҳо – он ҳама «омилҳои доимамалкунанда», ки лашкари истилогарони фашистӣ дарҳам шикаст».

«Иқтибос аз китоби «Генералиссимус»-и Владимир Карпов, Маскав, интишороти Вече, соли 2016, саҳ. 211)

Ана ҳамин гуна ҷашнвораи навбатии муҳташаму азимеро ҳунармандон, сарояндагон ва машшоқон дар Маскав роҳандозӣ карданд. Мулоқоти адибони тоҷик бо сокинони Маскав дар корхонаву муассисаҳои пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ сурат мегирифт. Дар рӯзҳои ин Даҳа театри опера ва балет бо ордени Ленин ва театри драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шуданд.  Ҳунарманди машҳури театр Муҳаммадҷон Қосимов соҳиби унвони Артисти халқии СССР шуд.

 

 

Нутқи таърихии Сталин

Баъди анҷоми Даҳа Сарвари вақти кишвари Шӯроҳо Иосиф Сталин дар Кремл барои меҳмонон аз Тоҷикистон зиёфат дод ва рӯзе баъд рӯзномаи “Правда” нутқи таърихии  Сталинро дар ин зиёфат чоп кард, ки ин чанд ҷумла баргирифта аз он аст:

“Тоҷикон халқе мебошанд, ки зиёиёнашон ба олами тамаддун шоири бузург Фирдавсиро ба олам овард ва бесабаб ҳам нест, ки тоҷикон анъанаҳои фарҳангии худро аз ӯ ба мерос доранд. Шумо бояд ҳис карда бошед, ки дарки бадеии тоҷикон хеле хушу латиф аст, фарҳанги қадимии онҳо ва завқу салиқаи вижаи бадеӣ дар мусиқӣ, рақс ва суруд инъикос меёбад. Ман мехостам, ки санъати онҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳамагонӣ қарор бигирад.

Ман барои шукуфоии санъати тоҷик, халқи тоҷик нӯшбод мегӯям. Мо москавиҳо омодаи он бошем, ки ба онҳо ҳар кумаки заруриро расонем."

Баъди 50 сол, 12-уми апрели соли 1991 рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, марҳум Мақсудҷон Ҳусейнов дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») хотироти ширкакунандагони аввалин Даҳаи адабиёт ва фарҳанг дар Маскавро интишор дод, ки ин ҷо иқтибосоте аз он меорам:

«Имрӯз дар пойтахти Союзи Советӣ – Москва декадаи намоиши санъати точик сар мешавад. Гул-гул шукуфии пуравҷи маданият ва санъати тоҷик натиҷаи ёрмандӣ ва ғамхории ҳаррӯза ба халқи тоҷик кардаи партия ва ҳукумат ва шахсан рафиқ Сталин мебошад. Зинда бод партияи Ленин-Сталин, ки талантҳои халқиро тарбия карда, ба камол расонд! Зинда бод Сталини кабир!»

(«Точикистони сурх» 12 апрели соли 1941).

 Аз хотироти Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар:

«Баъди нутқи Сталин дар зиёфат устод Садриддин Айнӣ, ки дар паҳлӯи ман менишаст, нидо кард: «Мо пирӯз шудем! Шарқшиносон тамом шуданд!» Устод он зумра шарқшиносонеро дар назар дошт, ки тӯли солҳои дароз талош мекарданд исбот намоянд, ки Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ нисбатеву муносибате ба тоҷикон надоранд».

 Дар ин замон, бо гузашти даҳсолаҳо боварнакарданист, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ҳар рубл барои ҷабҳаи ҷанг зидди фашизм мебоист масраф мешуд, вале дар Тоҷикистон сохтмони театри опера ва балет оғоз гардид. Моҳи апрели соли 1945, дар остонаи пирӯзӣ бори аввал дар бинои ин театр барномаи ҳунарии устодони санъати Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳоло ин бино, яъне театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ёдгории меъмории кишвар аст.

 

 

“ҲАМАИ ҶАВОНОНИ БО САВОД БА ҶАНГ РАФТАНД...”

Вале сазовортарин хизмати Дмитрий Протопопов он буд, ки дар замони роҳбарии ӯ ба майдони сиёсӣ шахсиятҳое чун Бобоҷон Ғафуров, Махмадалӣ Курбонов, Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов, Назаршо Додхудоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров ворид шуданд. Дар ҷараёни сафараш ба навоҳии ҷудогона вай аз миёни ҷавонон истеъдодҳо, мутахассисони умедворкунандаро пайдо мекард ва ба кор ҷалб менамуд, вай дар банди он набуд, ки ин афрод хеле ҷавонанд ва таҷрибаи кори сиёсиву роҳбарӣ надоранд, балки ба боварӣ ба оянда онҳоро ба вазифаҳои масъулиятноки роҳбарӣ пешбарӣ мекард. Ва бо Турсун Улҷабоев низ ҳамин гуна муносибат кард. Соли 1941 Улҷабоеви 25-сола аз КМ Комсомол ба КМ Ҳизби коммунист гузашт ва зарфи 2 сол бахши мақомоти шӯравиро роҳбарӣ кард ва баъдан ҷонишини мудири шуъбаи кадрҳо таъин гардид. Таъини 1 кадри ҷавон ба вазифаҳои масъул, албатта, бо мувофақаи Маскав сурат мегирифт ва номи Улҷабоев дар Дастгоҳи КМ ВКП (б) шинохта шуд .

Баъди ду сол, дар авҷи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Улҷабоеви 27-сола Котиби якуми КМ комсомоли Тоҷикистон интихоб мешавад. Ҷолиб он аст, ки ин бор номзадии вай ба вазифаи сарварии комсомолони ҷумҳурӣ шахсан бо Иосиф Сталин мувофиқа карда шуд. Каме пештар аз интихобаш ба сарварии комсомол Улҷабоев худро ихтиёрӣ ба курсҳои омодагии коркунони сиёсӣ барои хати ҷабҳа номнавис кард ва барои таҳсил ба Маскав рафт. Дар остонаи анҷоми давраи омӯзишӣ Д. Протопопов ба Сталин ба ин мазмун муроҷиат мекунад: “Ҳамаи ҷавонони босавод ба ҷабҳа рафтанд ва дигар касе намонд, ки ҷумҳуриро идора кунад. Дар давраҳои омӯзишии кормандони сиёсӣ дар Маскав ҷавоне бо номи Турсун Улҷабоев таҳсил мекунад, ки корманди кадрии комсомол ва ҳизб аст. Барояш иҷозат диҳед, ки ба ақибгоҳ баргардад. Ақибгоҳ ба вуҷуди вай зиёдтар ниёз дорад!”

 

Улҷабоев-кадри ояндадор...

Идома аз шумораҳои пешин

Бино ба нақли ҳамзамонон Д.Протопопов махсус номи Улҷабоевро ба Сталин гуфт ва бо ин васила ба ӯ гӯшзад кард, ки сухан аз кадри ояндадор меравад. Дар бораи хотираи фавқулодаи доҳии Шӯравӣ афсонаҳое миёни мардум дар гардиш буданд. Сталинро одате буд, ки даҳҳо номи кормандони давлатӣ, ҳизбӣ ва комсомолӣ, директорони корхонаҳои хурду бузург, олимон, фаъолони фарҳанг ва ғайраҳоро на танҳо дар дохили Кумитаи марказии Ҳизби комунист, балки берун аз он, дар дуртарин гӯшаҳои Иттиҳоди паҳновари Шӯравӣ дар хотираш нигоҳ медошт. Шояд номи Турсун Улҷабоевро низ дар ёд дошт.

Моҳи апрели соли 1946 Дмитрий Протопопов ба Маскав даъват шуд ва идораи ҷумҳурӣ боз ҳам зери назорати Маскав бештар ба кадрҳои маҳаллӣ вогузор гардид. Дмитрий Протопопов солҳо дар вазифаҳои гуногун ва масъули ҳизбиву давлатӣ кор кард ва 3-уми марти соли 1986, дар синни 88-солагӣ дар Маскав аз олам даргузашт.

 

КОМСОМОЛЕ, КИ УЛҶАБОЕВ ШИНОХТ

Комсомол дар Иттиҳоди Шӯравӣ 1 мактаби баёни андешаву мафкура, ислоҳи иштибоҳот ва худтакмилдиҳӣ, ҳамчунин интизом буд. Сарварони комсомол ба он хондаву таҳсил карда буданд, ки сахткӯш ва нисбат ба худ талаботи бештар дошта бошанд, мисоли рушани интиқодгарӣ аз худ барои ҷавонон бошанд. Ман метавонам ин ҷо даҳҳо дастпарварони комсомол аз Тоҷикистонро ном барам, ки ходимони шинохтаи давлатӣ, роҳбарони корхонаҳои бузурги саноативу кишоварзӣ, олимони маъруф, фаъолони шинохтаи фарҳанг на танҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, балки хориҷ аз он буданд. Ва ҳамин гуна 1 мактаби фавқулодда аҷибро Улҷабоев низ гузашт. Комсомол аз Улҷабоев 1 сиёсатмадори касбӣ сохт.

 Ба муҷарради интихоб шуданаш ба сарварии комсомол вай ангуштнамо миёни мардум шуд. Хеле мушкил буд ӯро дар пойтахт пайдо кардан. Ҳамеша дар сафар буд, ҳафтаҳо дар навоҳии дурдаст мегашт, ҳоли мардумро медид, ба ҷараёни корҳои саҳро, корхонаҳои саноативу кишоварзӣ ва ҳаёти ҷавонону машғулиятҳои онҳо аз наздик ошно мешуд. Ӯро лозим меомад миёни мардум бошад ва ба онҳо бо забони оддӣ фаҳмонад, ки ин чӣ ҷангест ва чаро падарони онҳоро лозим омад дар ин ҷанг ширкат дошта бошанд. Вай мегуфт, ки ин ватани воҳид ва ин марзу бумро бояд ҳифз кард. Ҳамзамон бо ин мефаҳмонд, ки чӣ гуна имрӯз заҳмати онҳо, бедорхобиҳои онҳо барои ҷабҳа зарур аст.

 Дар солҳои ҷанг вай тамоми қаламрави Помирро гашт ва баъдан ҳам ин гӯшаи зебоманзари диёр ва одамони наҷиби онро ҳамеша дӯст медошт. Вай дар ин мулк дӯстони зиёд пайдо кард ва он дӯстонаш то охирин лаҳазоти умраш бо ӯ буданд, ба аҳди дӯстиву бародарӣ устувор монданд. Улҷабоев ҳатто дар интихоби дӯстон иштибоҳ намекард.

 

Ғафуров №1, Улҷабоев-2...

Моҳи июни соли 1946 Бобоҷон Ғафуров Котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, сарвари республика интихоб шуд. Улҷабоев, ки аз оғози зинаҳои шуҳрати сиёсиаш на 1 бору 2 бор бо Ғафуров вохӯрда буд, баъди ин интихоб яке аз ҳамқадамон ва шарикону муттаҳидони ӯ шуд. Соли 1947 бо тавсияи Бобоҷон Ғафуров вай равонаи таҳсил ба Мактаби олии ҳизбӣ дар назди КМ ВКП(б) шуд.

Мактаби олии ҳизбӣ дар Маскав яке аз муассисаҳои хеле обрӯманди вақт буд. Аксари кормандони ҳизбиву давлатӣ, ки дар симои онҳо ҳизб ояндаи роҳбариро медид, дар ҳамин мактаб аз нигоҳи назариявӣ худро омода мекарданд. Қариб аксари онҳо шахсони дорои маълумоти олӣ буданд, ки дар зинаҳои аввал фаъолияти худро чун афроди соҳибтахассус ва ташкилотчӣ дар хоҷагии халқ нишон додаанд. Шунавандагони ин мактаб на танҳо назарияи марксистӣ-ленинӣ, балки таърих, иқтисод, фалсафа, адабиётро меомӯхтанд ва ба маҳалҳои худ чун инсонҳои таҳсилдидаву омӯзишёфта бармегаштанд.

 Солҳои таҳсил дар мактаби олии ҳизбӣ барои Турсун Улҷабоев хеле муҳим ва 1 мактаби хеле омӯзандаи сиёсӣ буданд. Баъди Бобоҷон Ғафуров Турсун Улҷабоев дуввумин одами босавод дар низоми ҳизбиву давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Вай ин гуна намебуд агар, ба донишҳои ҳосилкардааш дар доираи барномаҳои сесолаи ҳизбӣ қаноат пеша менамуд. Аз ин рӯ, дуввумин мактаби омӯзишӣ барои ӯ Китобхонаи Марказии ба номи Ленин – бузургтарин бойгонии мероси фарҳангӣ ва хазинаи китоб дар СССР шуд. Ба маънии дигар Бобоҷон Ғафуров бо тавсияномаи худ дарҳои мактаби олиро ба рӯи Улҷабоев кушод ва худи ӯ бо заковате, ки дошт дарҳои бузургтарин китобхонаи оламро ба рӯи худ боз кард. Дар толорҳои хониши ин китобхонаи боазамат ҳар рӯз садҳо тан нишаставу саргарми мутолиа мешуданд. Соатҳои холӣ аз дарсҳоро Улҷабоев дар ҳамин толорҳо пушти сар мекард. Ҳамзамон бо ин вай ба муҳити фарҳангии пойтахти кишвари Шӯроҳо низ сар фурӯ бурд ва талош кард ягон нахустнамоиши театрҳои бузурги Маскавро аз даст надиҳад. Ин буд, ки баъди анҷоми таҳсилаш вай то охир 1 бинандаи ҳамешагии театр боқӣ монд.

 

“ИН ТОҶИК ФАВҚУЛОДДА БО АҚЛИ РАСОСТ...”

Соли 1950 Улҷабоев Мактаби олии ҳизбиро бо муваффақият хатм кард ва ба ватан баргашт. Тарҷумаи ҳоли ӯро омӯхта, воқеъияти ҷолиберо кашф кардам: вай ҳамеша аввалин будааст. Аввалин нафар миёни ҳамсолонаш дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, Котиби аввали кумитаи комсомоли ноҳияи Нов, Котиби аввали КМ комсомоли Тоҷикистон, Котиби аввали ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб ва Ленинобод...Танҳо дар 2 маврид яке аз котибони Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Сталинобод будаву соли 1954 Котиби КМ ҲК Тоҷикистон. Дар насиби ӯ ҳамеша дар сафи пеш қарор доштан ва афродро, шахсони арзанда, соҳибмаълумот ва шинохтаву маъруфро атрофи худ муттаҳид кардан будааст.  Соли 1955 Улҷабоевро Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ таъин мекунанд. Вай дар ин вазифа Ҷаббор Расуловро, ки он замон ҷонишини аввали вазири кишоварзии Иттиҳоди Шӯравӣ таъин шуда буд, иваз кард. Дар аввалин рӯзҳои корӣ эҳсос намуд, ки доштани дониш ва таҷриба барои Сарвазири муваффақ будан кам аст ва барои худ ин талаботҳоро пеш гузошт:

-Раиси ҳукумат ин қабл аз ҳар чизи дигар бояд технократи соҳибтахассус, иқтисодчии сатҳи олӣ, донандаи хуби саноат, кишоварзӣ ва фарҳанги мамлакати худ бошад. Аз ин рӯ вай дар хона барои худ ин гуна давраҳои омӯзиширо ташкил кард. Бино ба шаҳодати духтаронаш вай аз кор хеле дер ба хона бармегашт, зуд шом мехӯрд ва ба утоқи дигар гузашта, китобхонӣ мекард. Ва ин машғулиятҳои хонагии омӯзишӣ то 1 поси шаб идома меёфтанд.

Танҳо ба инсони фавқулодда боистеъдод муяссар мешавад, ки дар вазифаи олии давлатӣ қарор дошта, ҳамзамон барои худомӯзӣ вақт ёбад, донишу малакаи худро боло барад ва аз омӯхтан даст накашад. Тафаккури созандаву таҳлилгар, ва хеле ба зудӣ аз худ кардани дониш ба вай имкон дод, ки дар 1 муддати басо кӯтоҳ ба 1 Раиси Шӯрои Вазирони салоҳиятдор табдил ёбад.

Дар аввалин сафараш ба Маскав чун сарвари ҳукумат чизи дигарро дарк кард:

-бояд муносибати дӯстона ва маҳрамонаро бо роҳбарони Шӯрои Вазирони СССР, вазоратхонаҳои умумииттифоқӣ ва қабл аз ҳама бо ГосПлан – идораи асосии иктисодии мамлакат ба роҳ монд. Аз ин шиносоӣ ва иртибот тарҳҳои бунёдие вобаста буд, ки ҷумҳурӣ ба онҳо ниёз дошт. Аммо барои ин боз дипломат ва равоншинос низ бояд буд.

Дар маснади нахуствазир дар КМ ҲКИШ Улҷабоев амалан ҷойгузини Бобоҷон Ғафуров тасдиқ шуд. Дар Маскав вай на танҳо бо далелҳои илмиву амалӣ ва босалоҳиятона аз тарҳҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди ҷумҳурӣ ҳимоя мекард, боз бо далелҳои қотеъ ва раднопазиру мантиқӣ зарурати онҳоро барои Иттиҳоди Шӯравӣ исбот ҳам менамуд ва дар ин роҳ аз 1 фарҳанги пазируфташудаи олӣ истифода менамуд.

Дар ибтидо дар Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ба Улҷабоев аз боло менигаристанд. Аммо баъди ҳар мулоқот муносибаташон бо соҳибмансаби ноошно тағйир меёфт. “Ин тоҷик фавқулодда бо ақли расост, бо вай бояд муносиб ба худаш гуфтугӯ кард”,- боре баъди 1 суҳбат хулоса кард тааасуроти худро яке аз кормандони Шӯрои Вазирони ИҶШС.

 

Назаршо Додхудоев

Нақли мо дар бораи Улҷабоев хеле нопурра мебуд, агар дар бораи яке аз наздиктарин шариконаш ва қаринтарин дӯстонаш Назаршо Додхудоев, ки он замон Раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон буд, қисса накунем. Онҳо соли 1937 дар яке аз ҷамъомадҳои комсомолӣ шинос шуданд. Додхудоев он замон Котиби аввали комсомоли ноҳияи Обигарм буд. Соли 1950 Додхудоев, ки Раиси кумитаи иҷроияи Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон буд, бо тавсияи Ғафуров Раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардид. Аз соли 1946 то соли 1956 тими Бобоҷон Ғафуров аз фаъолони салоҳиятдоре аз қабили Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов, Назаршо Додхудоев ва Абдулаҳад Қаҳҳоров иборат буд ва ҳамаи онҳо Ғафуровро устод ва муаллими маънавии худ медонистанд.

 Москав, моҳи апрели соли 1956. Баъди Пленуми навбатии ҲК Иттиҳоди Шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров Турсун Улҷабоев ва Назаршо Додхудоевро ба утоқи худ дар меҳмонхона даъват кард. Гуфтугӯи онҳо хеле кутоҳ буд. Бобоҷон Ғафуров гуфт:

“Ман дар қабули Никита Хрушев будам, вай ба ман пешниҳод кард, ки Институти шарқшиносии Академияи илмҳоро сарпарастӣ кунам. Ман розӣ шудам ва ба ҷойи худ Турсун Улҷабоевро тавсия додам...”

10.05.1956. Дар Пленуми КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Улҷабоев Котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизб ва Петр Степанович Обносов Котиби дуюм интихоб шуданд. Бобоҷон Ғафуров Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъин гардид.

Баъди чанд рӯзи дигар иҷлосияи Шӯрои олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Назаршо Додхудоев Раиси Шӯрои Вазирон ва Абдулаҳад Қаҳҳоров ҷонишини аввали ӯ ва Раиси идораи банақшагирии (Госплан)-и ҷумҳурӣ таъин гардиданд. Раиси Президиуми Шӯрои олии Тоҷикистон Мирзо Раҳматов интихоб шуд.

Дар ҷумҳурӣ ҳайати роҳбарӣ комилан дигар шуд...

 

 

Саломиддин Мирзораҳматов

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter