ХАБАРИ ДОҒ

Ашт: пулҷамъкунӣ зери назорат!

  • Чоршанбе, Окт 19 2022

 

Мақолаеро, ки санаи 01.09.2022 дар ҳафтаномаи СССР таҳти унвони «Таъмири роҳи Хуҷанд-Ашт аз кисаи мардум?» ба нашр расидааст, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баррасӣқарор доданд.

Бо дарназардошти ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои олии мамлакат, раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо иқдоми тоза дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Ашт ба соҳибкорони меҳанпараст ва мардуми бонангу номуси ноҳия вобаста ба саҳмгузорӣ дар таъмири ҷории роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Ашт ва роҳҳои дохилӣ муроҷиат намуд.

Пешниҳоди роҳбари ноҳия аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша пурра дастгирӣ ёфта, дар толор бо хоҳиши худ 74 нафар соҳибкорон баромад намуда, 1 миллиону 674 ҳазор сомонӣ маблағи интизорӣ ба ҳисоб гирифта шуд. Дар ҳама суханрониҳояшон раҳбарияти н.Ашт баён медоранд, ки маблағгузорӣ ба роҳ ин ташаббус баҳри ободӣ ва саховати аҳд асту маҷбурӣ нест. Мардуми шарифи н.Ашт оғози сохтмону таҷдиди асосии роҳи Хуҷанд-Аштро мутобиқи дастури Пешвои миллат ҷонибдорӣ намуданд. Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз 74 километр роҳи аҳамияти байнамилалӣ дошта, 20 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта, бо асфалти гарм ва 24 километр бо асфалти хунук бо дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таъмиру азнавсозӣ гардид. Дар идомаи ташаббуси раиси ноҳия Ҷамоатҳои деҳоти Пунук, Ориён, Шодоба, Меҳробод, Понғоз пешқадамии худро нишон доданд. То имрӯз барои таъмири роҳи Хуҷанд-Ашт ва роҳҳои дохилии ҷамоатҳои ноҳия 2 миллиону 531 250 сомонӣ ҷамъ гардидааст ва худи сокинон хароҷот карда истодаанд. Ҳазорҳо сокини ноҳия дар ҳашари таъмири роҳ ширкат мекунанд.

Дар таъмири роҳ ва азнавсозии он бо асфалти гарм худи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода дар қатори мардум иштирок доштанд. Тамоми техника барои таъмири босифати роҳ аз ҷониби МИҲД- вилоят ва ноҳия таъмин карда мешавад. Ҳамзамон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия аз ҳисоби Вазорати нақлиёт барои дастрас кардани 30 тонна битум мусоидат карданд. Аз ин хотир, дар ягон сохтори давлатию ҷамъиятӣ ҳолатҳои маҷбуран ҷамъ овардани маблағ ба қайд гирифта нашудааст ва умуман ин ҳолат вуҷуд надорад. Мо ҷонибдори фаъолияти шаффоф ҳастем. Ҷамъоварию хароҷоти маблағ барои таъмири роҳ таҳти назорати ҷамъият аст.

Шӯҳрат Муҳаммадзода,

раиси н.Ашт

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter