ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Айнӣ рав!

  • Чоршанбе, Окт 26 2022

 Ноҳияи Айнӣ яке аз ноҳияҳои дурдасти вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, бо ноҳияҳои Варзоб, Турсунзода ва ш.Ҳисор ҳамсарҳад мебошад. Айнӣ асосан ноҳияи кӯҳсор аст ва бо табиати бою афсункораш ба дили ҳар 1 бинанда фараҳу шодӣ меорад.

14-15.10.2022 бо супориши редаксия бо мақсади ошноӣ ба ин гӯшаи зебоманзари диёр ва вазъи иҷтимоию иқтисодии он озими ноҳияи Айнӣ гардидем. Чун аз нақби Анзоб берун шудем, гиру дори коргарони шахтаҳо, рафтуои мошинҳои пурбор ва меҳнати сангини кӯҳкоронро дида, боварамон омад, ки дар асл ҳам дар н.Айнӣ набзи ҳақиқии меҳнат ҷӯш мезанад.  

14.10.2022. Соат бо вақти Айнӣ 11:00 дақиқа. Ғайричашмдошт дар гардиши кони «Фон-Яғноб» мо бо раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм вохӯрдем. Раиси ноҳия низ пешопеши фарорасии фасли сармо аз корхонаҳои истихроҷи ангишти ноҳия дидан намуда, бо фаъолияти имрӯзаи онҳо ошно мегардиданд. Мо аз Муродзода Муқим Қаюм дархост намудем, ки моро ҳамсафар бигиранду мо низ бо истифода аз будани раиси ноҳия бо фаъолияти кӯҳканҳо ошно шавем.

Раис аз ин пешниҳоди мо истиқбол карданд.

  

Таъминотчии №1-и ТЭЦ-и Душанбе

Корхонаи фаръии шахтаи «Фон-Яғноб», ки нахуст мо аз он дидан намудем, айни замон таъминотчии асосии Маркази гармидиҳии ш.Душанбе – ТЭЦ буда, дар 1 шабонарӯз 200 тона ангишти мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба ин марказ мефиристад. Яъне, маҳз бо шарофати ангишти ин кон хонаҳои Душанбешаҳр дар фасли зимистон гарм аст.

Шахтаи «Фон-Яғноб» дар байни қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор, дар мавзеи ба ҳам пайвастшавии дарёҳои Фон-дарё, Яғноб, Искандар-дарё ва Пасруд-дарё ҷойгир аст. Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР Музаффар Остонов, муовини директори корхона оид ба иқтисод ва молия зикр намуд, захираи умумии ангишт дар шахтаи мазкур 835 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Ин хабар моро шод намуд, акнун мутмаин шудем, ки100-солаҳои дигар набераву чабераҳои мо дар фасли дай сардӣ нахоҳанд кашид.

Бояд гуфт, ки Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» ҳамасола ба садҳо оилаи камбизоат низ кумак намуда, онҳоро бо захираи ангишт барои 3-4 моҳи зимистон таъмин мегардонад. Бо ташаббуси ин корхона дар ҷамоати шаҳраки Зарафшон якчанд маркази хизматрасонӣ, аз ҷумла сехи дузандагӣ барои 20 нафар, толори варзишӣ ва марказҳои савдо бо гулгашти муосир барои тафреҳ бунёд карда шудаанд. Сокинони шаҳраки Зарафшон барои ин амали нек ба раҳбарияти корхона сипос мегӯянд. 

 

«ТАЛКО Голд»- кафили ояндаи дурахшон

14.10.2022. Соат бо вақти Айнӣ 15:12 дақиқа. Дар якҷоягӣ бо Муродзода Муқим Қаюм аз корхонаи нави «ТАЛКО Голд», ки дар наздикии кӯли Искандаркӯл фаъолият дорад, боздид кардем.

Ин корхона, аниқтараш Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ ҷойгир буда, он ҳамагӣ чанд моҳ пеш бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтааст. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави металлургӣ дар 1 сол 2,2 тонна тилло (99,99%), 15 ҳазор тонна сабикаи сурмаи 99,85-фоиза ва 6 ҳазор тонна сурмаи рангаш сафеди 99,5-фоиза мебошад.

Бояд таъкид намуд ки имрӯз қудрати истеҳсолии ҶСП «Талко Голд» 10 %-и бозори ҷаҳонии сурмаро ташкил дода, дар ҳолати 2 маротиба зиёд намудани истеҳсолот он ба бузургтарин корхонаи истеҳсоли сурма дар дунё мубаддал мегардад.

Дар ҶСП «ТАЛКО Голд” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар 1 шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.

Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва Ҷамъияти саҳомии “Тибет Хуаюй” 136 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардида, истихроҷу ғанисозии маъдан бо истифода аз техника ва технологияи муосири ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон сурат мегирад. Аз ҷумла, барои ба хока табдил додани маъдан дар хати технологӣ дастгоҳу таҷҳизоти ширкати “Метсо”-и Финляндия васл карда шудаанд, ки дар соҳаи кӯҳкории Аврупо ва ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешаванд. Техника ва механизми маъданборкунии ширкати “Волво”-и Шветсия дар қисмати тарзи кушоди кон мавриди истифода қарор доранд. Технологияи 14 коргоҳи ғанигардонии маъдан аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шуда, дар ин ҷо ашёи хом ба таври автоматӣ коркард мешавад. Ба таъкиди мутахассисони соҳа, истифодаи чунин дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар раванди истеҳсолот ба самаранокии кор ва сифати маҳсулот таъсири мусбат мерасонад. Дар ин корхона истихроҷи маъдан тариқи коркарди зеризаминӣ ва тарзи кушод сурат мегирад.

Аз қисмати тарзи кушоди кон дар 1 шабонарӯз зиёда аз 2 ҳазор тонна маъдан истихроҷ ва бо воситаи техникаю механизми зарурӣ ба коргоҳҳои ғанисозӣ интиқол дода мешавад. Ҳамзамон дар маҳалли сохтмон бо дарозии қариб 5 километр канали обгузар бунёд карда шудааст. Тариқи ин канал оби шохобҳои минтақаи Кончоч аз мавзеи корхона берун бурда мешавад, ки ин амал бо мақсади беҳдошти вазъи экологӣ ва зарар нарасидан ба табиати зебою нотакрори ин минтақаи сайёҳӣ иҷро карда шудааст.

Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи конҳои Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон бунёд гардида, тибқи маълумоти масъулин, захираи умумии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.

 

Нақша барзиёд иҷро шуд!

Дар умум ҳамин ҳоло дар ноҳияи Айнӣ 13 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, аз инҳо 3 адад ба истихроҷи ангишт,1 адад ба истеҳсоли консентрати 30 фоиза, 2- тои дигараш ба истеҳсоли сурмаю симоб, 2-и дигар ба истеҳсоли тилло ва боқӣ ба истеҳсоли дигар номгӯи маҳсулоти металлургӣ ва маъданҳои кӯҳӣ машғуланд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар 9 моҳи соли 2022 саноатчиёни ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 2 милиарду 664 миллиону 898 ҳазор сомонӣ расониданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 641 миллиону 794 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 131,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин радиф метавон аз аз ширкати металлургии «Анзоб» ёд кард, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро 128,9% иҷро кардааст. ҶДММ «Талко ресурс» бошад 115,0%, ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати қӯҳӣ»-274,5%, ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷик»-121% ва ҶДММ «Зеробод»-109,3% нақшаву ӯҳдадориҳояшонро иҷро кардаанд.

Инчунин аз тарафи Ширкати металлургии Анзоб 7 ҳазору 151 тонна металли сурма ва 269,71 тонна металли симоб истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 97,1 ва 116,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра корхонаҳои ангишт истеҳсолкунанда бошад 1 миллиону 217 ҳазору 388 тонна ангишт истихроҷ кардаанд, ки назар ба соли гузашта 26 ҳазору 115 тонна зиёд, ё ин ки 102,2 фоизро ташкил медиҳад. ҶДММ “Талко Ресурс” истеҳсоли ангиштро 114,6 фоиз иҷро намудааст, ки назар ба соли гузашта 53 ҳазор 371 тонна зиёд мебошад.

 

 

«Мурғи султон» - ягона ва беҳамто дар водии Зарафшон

15.10.2022. Соат бо вақти Айнӣ 08:02 дақиқа. Бо Муродзода Муқим Қаюм ба корхонаи мурғпарварии «Мурғи султон» ба мавзеи Хушекат омадем. Лозим ба таъкид аст, ки ин корхона соли 2021 ифтитоҳ ёфта, ҳамин ҳоло дар водии Зарафшон корхонаи ягонаи парандапарварӣ маҳсуб меёбад.

Тавре дар суҳбат бо мухбири мо Шароф Султонов, муассис ва директори генералии корхонаи мурғпарварӣ таъкид дошт, айни замон дар 1 шабонарӯз 15 800 адад тухми мурғи босифат истеҳсол шуда, он талаботи сокинони ш.Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ, ҳатто ш.Хуҷандро қонеъ менамояд.  

   - Тухми истеҳсоли корхонаи мо аз лиҳози сифату кайфият ҳамто надорад, инро бархе аз харидорон ҳатто рафта дар озмоишгоҳҳои ш.Хуҷанд низ санҷидаанд. Харидор низ ҳаст ва гоҳо барои харидорӣ намудани он дар назди корхона навбат мешавад. 30 дона тухми «Мурғи султон», яъне 1 ячейка 33 сомонӣ арзиш дорад ва пурра шаҳру ноҳияҳои водии Зарафшонро бо он таъмин менамоем, - изҳор дошт Шароф Султонов.

Соҳибкор афзуд, ки аллакай барои бунёди қисмати 2-юми корхона-бахши гӯшти паранда ва бандубасти он сар кардааст, ки он ҳам ягона дар водии Зарафшон хоҳад буд.

 

Ферма холӣ нест!

Чанде пеш дар бархе аз расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки гӯйё дар ноҳияи Айнӣ, дар фермаи нави чорвопарварие, ки бо иштироки Президенти кишвар соли равон ифтитоҳ шуда буд, чорво несту ферма холист. Барои равшанӣ андохтан ба ин, ҳайати эҷодии СССР аз Фермаи хурд оид ба парвариши чорвои калони гӯштии ба номи Ҳамрохоҷа Қозиев дидан кард. Ферма фаъол асту айни замон 86 сар гови хушзоти хориҷӣ дар он парвариш меёбанд (ниг.ба акс).

Чанд рӯз пеш аз сафари мо дар ин ферма 2 гӯсолаи нав тавлид ёфта, теъдоди чорво дар умум бо шумори чорвои маҳаллӣ аз 100 адад ҳам гузаштааст.

Ба кӣ лозим аст чунин фиребу дурӯғ, нафаҳмидем…

 

 

595 иншооти ҷашнӣ

Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёд ва таҷдиду азнавсозии 595 адад иншооти таъиноташон гуногун ба маблағи 178 миллиону 655 ҳазору 220 сомонӣ бо таъсиси 856 адад ҷои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки то охири соли 2022 тибқи нақша ба истифода додани 119 адад иншоот ба маблағи 35 миллиону 731 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 171 адад ҷойҳои нави корӣ дар назар аст.

 Дар 9 моҳи соли 2022  аз 119 адад иншооти ба нақшагирифташуда 46 адад иншоот ба маблағи 15 миллиону 898 ҳазору 800 сомонӣ бо таъсиси 91 адад ҷойҳои кории нав ба истифода дода шуд. Аз 46 адад иншооти ба истифода додашуда 3 адад ба корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, 3-то ба соҳаи маориф, 6 адад хатҳои оби нӯшокӣ дар масофаи 22,5 км ва 88,24 км таъмиру азнавсозии роҳҳо, 1 адад пули мошингузар, 3 адад чароғонкунӣ ва 17 адад дигар иншоотҳо рост меоянд.

Дар ин давра ба маблағи 7 миллиону 709 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 4 миллиону 438 ҳазор сомонӣ ё худ 2,3 баробар зиёд гардида, дар масоҳати 4322 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

 

Муродзода Муқим Қаюм:

“Ҳар 1 сокини ноҳияро мешиносам!”

15.10.2022. Соат бо вақти Айнӣ 09:00 дақиқа. Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сар шуд. Имрӯз наздики 20 нафар сокинони деҳаву ҷамоатҳои гуногуни ноҳия, аз ҷумла деҳаҳои Урметану Вешкану Дар-Дар, Шамтучу Зосун бо арзу дод омада буданд. Ин ҷо низ амсоли шаҳру ноҳияҳои дигар мардум дар мавриди ҷудо намудани қитъаи замин, кӯмакҳои моддӣ ва ёрии пулӣ, мусоидат дар ҳалли масоили оилавӣ ва баҳсҳои додгоҳӣ, кӯмак ва табобати ройгони тиббӣ, ҷудо намудани роҳхат барои истироҳат ба осоишгоҳҳо муроҷиат мекарданд.

Дар мавриди ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳраки Сайҳуни ҳудуди н.Б.Ғафуров, ки чанд нафар тақозои онро карданд, раиси ноҳияи гуфт, ки ин вобаста аз тасмимҳои раҳбарияти н.Б.Ғафуров аст. Танҳо дар сурати ҷудо намудани замин ба сокинони н.Айнӣ, он гоҳ МИҲД н.Айнӣ метавонад ба сокинони ниёзманд аз шаҳраки Сайҳун замин ҷудо кунад. Ба сокинони н.Айнӣ аз ҳудуди н.Зафаробод ҳам замин ҷудо кардаанд, вале кам нафароне мехоҳанд борубуни худро бардошта, ба заминҳои калону кушоди н.Зафаробод кӯч банданд.

1 ҳолати дигаре, ки маро ба ҳайрат овард ин хоҳиши кор кардани мардон дар корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва истихроҷи ангишт буд. Имрӯз шароит ва маоши корхонаҳои “ТАЛКО Голд”, “ТАЛКО Ресурс”, “ТВЕА” то ин ҳад хубу зиёд аст (маош аз 7 то 12 ҳазор сомонӣ), ки сокинон барои кор онҳоро интихоб мекунанд. Ин албатта хуб аст!

Ҳар касе бо арз омада буд, раис ӯро нағз мешинохт. Аз падару модар, бародару фарзандон мепурсид, медонист, ки кӣ, кай хизмат кардаасту кӣ дар куҷо таҳсил намудааст. Ин бесабаб нест, зеро раис фарзанди ин ноҳия буда, солҳои зиёд дар зинаҳои гуногуни ҳукумати ноҳия сар аз мутахассиси бахши кор бо ҷавонон то раиси дастгоҳу муовини аввали раиси ноҳия кор кардааст. Ва тавре худаш баъдан ба СССР гуфт, ҳама мардуми ноҳияи Айниро шахсан мешиносад... 

 

Айнӣ дигар ноҳияи дотатсионӣ нест

Мо ҳамеша фикр мекардем, ки калонтарин ноҳияи вилояти Суғд аз лиҳози ҳудуд 1 ноҳияи камаҳолӣ ва дотатсионӣ буда, дар он ба ғайр аз чанд кони ангишт дигар корхонае нест. Ноҳияи Айнӣ дар тасаввури мо ҳамон 2-3 километр шаҳрчае ҳаст, ки ҳамеша зимни сафар ба вилояти Суғд онро убур мекунем. Вале ин сафар ба қавле чашму гӯши моро ба маротиб боз карду ноҳияи Айниро бо нигоҳи дигар дидем.

Ноҳияи Айнӣ имрӯз 1 ноҳияи калони саноатӣ, дорои бузургтарин корхонаҳои маъдану металлҳои кӯҳӣ, иқтидори саноативу истеҳсолии қавӣ ва агар гӯем, ки доротарин минтақаи Тоҷикистон аст, хато намешавад. Захираҳое, ки дар кӯҳҳои Айнӣ ниҳонанд, дар ягон минтақаи дигари кишвар нестанд. Ин аст, ки аз соли 2011 ноҳияи Айнӣ аз руйхати гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои дотатсионӣ баромада, имрӯз ба яке аз ноҳияҳои сарватманд ва даромадовар дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гаштааст.

Дар ин радду бадал ва пешравиҳо, албатта, талоши Ҳукумати Марказӣ, заҳмати мардуми шарифи ноҳияи Айнӣ бо раҳбарии раиси он Муродзода Муқим Қаюм кам нест.  Мо Метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова,

Хайруллои Абдулло, СССР

Суратгир А.Собир

 

                         

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter