ХАБАРИ ДОҒ

Бозорҳои Душанбе: тозагӣ ҳаст, инсоф не!

  • Чоршанбе, Окт 26 2022

  Бо супориши редаксия ҳафтаи гузашта мухбирони газетаи СССР ба бозорҳои ш.Душанбе баромада, бо оини бозору бозордорӣ, ҳолати санитарию беҳдоштӣ, нарху наво, захираи маводи аввалия ва риояи либоси ягона ошно шуданд. Вазъи бозорҳои пойтахт имрӯз дар кадом ҳолат аст? То куҷо бозорҳои ш.Душанбе тозаву тамизанд? Захираи маҳсулоти ниёзи аввалия ҳаст ё не? Нархи маҳсулотро кӣ бояд танзим кунад? Посух дар матлаби мост!

 

«Бозори Деҳқон»: тозаву тамиз, вале…

14.10.2022. Соат бо вақти Душанбе 09.30 дақиқа. КВД «Бозори Деҳқон», ки дар маҳаллаи Гипроземи н.Синои ш.Душанбе воқеъ гардидааст, яке аз марказҳои савдои маъмулу машҳуртарин ба ҳисоб рафта, дар он асосан маҳсулоти кишоварзӣ тариқи яклухт ва чакана ба фурӯш бароварда мешавад. Бозор аз рӯи талаботи бозордорӣ бунёд ёфта, соҳибкорон ва фурушандагон бо дӯкону мағоза ва рафҳои махсуси зери айвончаҳо ҷойгиршуда, таъминанд. Роҳравҳои бозор тозаю озода буда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки назорати санитарӣ дар дохили бозор дуруст ба роҳ монда шудааст.

Бояд гуфт, ки КВД «Бозори Деҳқон» яке аз таъминкунандагони бозорҳои ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ба ҳисоб меравад. Тамоми тарабхонаҳо, ошхона ва мағозаҳо, марказҳои савдо маҳз аз ҳамин бозор маҳсулоти заруриашонро харидорӣ мекунанд.

 

Масъули тозагӣ кист?


Мутаассифона 1 ҳолати хело ҳам дилгиркунанда ва риққатовар дар обравҳои беруни бозор ба назар расид, Бӯйи бади новаҳои обгузари пур аз партов таъби ҳар як роҳгузарро хира мегардонад. Аз масъулини бозар ин ҳолатро пурсон шудем. Мастон Шарифов, муовини директори КВД «Бозори Деҳқон» иброз дошт, ки он аз ҳудуди бозор берун аст ва масъулияти тозагии ин мавзеъ ба души Идораи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»- и ноҳия мебошад.

Шояд баъди огаҳӣ ёфтан аз ин ҳолат масъулини Идораи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и н.Сино аз пайи тоза намудани партовҳои дохили обравҳо мешаванду баъд аз ин, дигар роҳгузарҳо аз ин роҳ бо даҳону бинии баста ва бо кафи дасташон маҳкамдошта намегузаранд.

 

Бейдҷик канӣ? Нест!

   - «Бозори Деҳқон» дорои 2 минтақа буда, яке минтақаи соҳибкорони инфиродӣ ва дигар минтақаи яклухтфурушӣ, ки бевосита худи деҳқон бе ягон миёнарав маҳсулоташро ба фуруш мебарорад. Дар бозор 7 дӯкони фуруши орд ва дигар дӯкону растаҳои фуруши маҳсулот мавҷуд аст ва илова бар ин дар беруни бозор фуруши 16 номгӯи маҳсулоти ниёзи аввал ба роҳ монда шудааст, ки ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Нисбати дигар бозорҳо нарх дар бозори мо то 10- 15 фоиз фарқият дошта, нарх дар бозори деҳқон арзонтар аст. Зеро маҳсулоти ба бозори мо воридшаванда танҳо аз 1 даст аст. Дар бозор дар 3 марҳила 1800 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мебошанд. Шароити хуби корӣ барои соҳибкорон муҳайё буда, ҳама фурушандагон бо либоси ягона таъминанд. Дар назди бозор 2 коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият менамояд, ки соҳибкорон ва фурушандагони бозорро бо либоси ягона таъмин менамояд, афзуд дар суҳбат Мастон Шарифов.

  Дар робита ба суоли мо дар бораи он, ки чаро соҳибкорон ва фурушандагон нишони сарисинагӣ ва ё ба истилоҳ бейдҷик надоранд, муовини директори КВД «Бозори Деҳқон» гуфт, ки дар ҳақиқат чунин кабудӣ ҷой дорад.

   - Новобаста ба таъкиду назорати доимии роҳбарият ва нозирони бозор, ҳастанд фурушанда ва ё соҳибкороне, ки ба талаботҳои бозор риоя намекунанд ва саркашӣ ҳам мекунанд. Ва ин камбудии ислоҳшаванда аст ва мо инро бартараф мекунем, иброз дошт Мастон Шарифов.

 

ҶДММ «Варзоб-ТҶ»: бозори хурду нафси калон!

Бозори ҶДММ «Варзоб-ТҶ» дар маҳаллаи Водонасос, ки бо номи дигари мавзеи Сарҳадчиён низ маъмул аст, воқеъ мебошад. Бозор дар 1 гӯшаи алоҳида ҷойгир буда, масоҳати на он қадар калон дорад. Роҳу роҳравҳои бозор тозаю озода, рафу дӯкону мағозаҳо аз рӯи талабот ва стандартҳои бозордорӣ ҷойгир мебошанд. Вале нарху навои бозор каме моро нороҳат кард, бозор гарчанде хурд ҳам бошад, аммо ба қавле нафсаш калон будааст.

Агар нархи картошка дар бозори яклухтфурушии ҶДММ «Вориси Сино»-и маҳаллаи Гипрозем аз 3,10 то 3,5 сомонӣ, нархи пиёз аз 2,40 то 2,70 ва нархи сабзӣ 2,70 сомонӣ бошад, дар бозори ҶДММ «Варзоб-ТҶ» нархи 1 кило картошка аз 4,50 то 5 сомонӣ, пиёз аз 4 то 4,50 сомонӣ ва сабзӣ бошад аз 3,50 то 4 сомонӣ ба фуруш бароварда мешавад. Бубинед, Аз Хуҷанду Бохтару Кӯлоб не, аз Бадахшону Зарафшон не, аз худи ш.Душанбе, аз 1 маҳал то маҳали дигар нархи маҳсулот аз 2 сомонӣ то 2 сомонию 50 дирам фарқ мекунад.

Инсоф ҳаст-мӣ, эй савдогарон!?

 

Ошхонаҳои ғайрисанитарӣ

Ҳолати ошхонаҳои дохили бозор бениҳоят ташвишовар мебошад. Ҳатто дар онҳо оддитарин талаботи санитарию эпидемиологӣ риоя намегардад. Дар бораи бехатарии маҳсулот, нигоҳдории маводи хӯрока ва ҳимояи ҳуқуқи харидору истеъмолкунанда умуман ҷойи гап ҳам нест. Боварии кас намеояд, ки дар чунин шароити носозгору муҳити носолим ОДАМҲО нишаста хӯрок хуранд.

Бо сармутахассиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеъ Раҳим Исоев атрофи ин камбудиҳо ва ҳолати ҷойдошта дар ошхонаҳои ҳудуди бозор сӯҳбат намудем. Номбурда ҳолати ҷойдоштаро чунин шарҳ дод:

   - Дар ҳақиқат чунин камбудиҳо ҷой доранд. Шароити иқтисодиашон намерасад…

 О, барои тозаю озода нигоҳ доштани ошхона ва ё сари вақт партофтани партовҳои бадбӯю ҳафтаҳо дар тағораю сатилҳо хобрафта шароит чи лозим, ин ҷо танҳо фаросат ва ҳисси масъулият лозим асту бас.

   - Назорат албатта ба зиммаи мост ва бояд мо барои бартараф кардани ин камбудиҳо чораҷӯӣ намоем, мекунем, - таъкид дошт Раҳим Исоев.

Аммо кай мекунанд, маълум нест…

 

Бозори «Сафариён»

Бозори «Сафариён» дар наздикии Автовокзали пойтахт воқеъ мебошад. Бозор дар 2 самт фаъолият мекунад. Ҳам фуруши либос ба роҳ монда шудаасту ҳам фуруши маводи хӯрока. Бозори мазкур нисбат ба дигар бозорҳое, ки мо дидем, аз бисёр ҷиҳат фарқкунанда аст. Тозагӣ ва беҳдошти санитариаш зери назорати қатъӣ қарор дошта, растаю роҳравҳо, дӯкону мағозаҳо тозаю озода ба назар мерасанд. Кормандон ва соҳибкорону фурушандагони бозор бо либоси ягонаи корӣ таъминанд.

  Абдулваҳҳоб Авғонов, яке аз масъулони бозори мазкур зимни сӯҳбат оид ба захираи бозор чунин гуфт:

   -  Айни ҳол дар бозор 8 тонна картошка, 30 тонна пиёз, 3 тонна равған, 3 тонна шакар, 30 тонна орд ва дигар маводи ниёзи аввалия захира карда шудааст. Ҳамчунин барои дар тамоми фасли сол таъмин намудани харидорон бо маводи зарурӣ дар бозор анбор бо ғунҷоиши 110 тонна ва сардхона бо ғунҷоиши 90 тонна мавҷуд аст. Дар бозор барои омодагӣ ба зимистон ангишт ва ҳезум низ захира карда шудааст, афзуд мавсуф.

 

Лаҷоми нафси саркашро бояд кашид!

Фаровонии дастархони мардум агар аз 1 тараф аз баракати замини ганҷофар ва меҳнати марди деҳқон вобаста бошад, аз ҷониби дигар фаровонии бозор низ ободгари хони мардум ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, агар бозор чи қадар фаровон ва нарху навояш арзону барои мардум дастрас бошад, зиндагӣ ҳамон қадар беҳтару хубтар мегардад. Биёед, инсофро ҷомаи қаноат пӯшонему лаҷоми нафси саркашро каме бикашем.

Мо пайгири мавзуем. Мо метавонем!

 

Хайруллои Абдулло, СССР

Аксбардор А.Собир

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter