ХАБАРИ ДОҒ

Файзобод: ба дарвозаи 2-юм зарурат нест

  • Чоршанбе, Янв 04 2023

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод маводи рӯзноманигор Ҳокими Сафарро бо номи «Дарвозаҳои нообод....», ки дар ҳафтаномаи «СССР», шумораи №50(691) рӯзи 16.12.2022 рӯйи чоп омадааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Мавриди зикр аст, ки дарвозаи Заркамари шаҳраки «30-солагии Истиқлол» бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар асоси лоиҳаи ангоравӣ бо баландии зиёда аз 5 метр ва паҳноии зиёда аз 9 метр бунёд гардидааст ва барои убури нақлиёт ва мусофирон ягон монеа эҷод намекунад. Барои убури пиёдагардон тибқи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 аз назди маркази хизматрасонии соҳибкор Сангинов Нусрат то назди бинои хизматрасонии соҳибкор Давлатов Ҷамол роҳи пиёдагард ба масофаи зиёда аз 500 метр сафолакпӯш гардид, инчунин дар назди шоҳроҳи Вахдат - Рашт аз даромадгоҳи деҳаи Мискинобод то қисмати наздикии дарвозаи Заркамар роҳи пиёдагард таъмир шуда, мавриди истифода қарор дорад.

Пеш аз бунёди дарвозаи даромадгоҳи деҳаи Заркамар биноҳое, ки муаллиф дар назар дорад, аз ҷумла марказҳои савдо, хизматрасонӣ ва дигар иншоотҳои мавҷудбуда, фаъолият мекарданд. Мавриди зикр аст, ки хароҷоти дарвозаи мазкур аз ҷониби худи соҳибкорони маҳаллӣ маблағгузорӣ гардида, бунёди дарвозаи дуюм ягон зарурат надорад. Ҳол он, ки аз дигар қисматҳои деҳа барои рафтан ба деҳаи Заркамар роҳ мавҷуд аст ва аз он аҳолӣ истифода мебаранд.

Н. Маҳмадзода,

муовини раиси н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter