ХАБАРИ ДОҒ

Ман он баҳрам, ки дар зарф омадастам,

Чу нуқта бар сари ҳарф омадастам,

Ба ҳар алфе алифқадде барояд,

Алифқаддам, ки дар алф омадастам!!!

 

02.01.2023. Боварнокарданист, вале Ӯ имрӯз 70-сола шуд!!!

Корро аз журналисти қаторӣ шуруъ кард. Сабзид. То бар рӯзноманигор, мудир, хабарнигори калон, муҳаррир ва сардабир. Сардабири «Мубориз»-и н. Маскав ва сипас сармуҳаррири «Роҳи Ленинӣ» шуд. Ун даврон кори саҳлу содае набуд, сардабири газетаи вилояти Кӯлоб шудан. Рӯзномае, ки он ҷо бузургони миллат, чун Аюбзода, Ашӯр Сафар, Аюбӣ, Ёдгорӣ кору фаолият доштанд...

            Абулфайз Атоев Шахсият аст. Солҳои сангини ҷанги гражданӣ депутат шуд (1995-2000) ва паҳлӯи сарвари давлат қомат алам кард. Ун давроне буд, ки депутатҳо ҳам фармондеҳ буданду интихобкунандагон низ. Лаҳзае аз ун даврон дар ёдҳо ҳаст:

-Раҳмон-Гитлер ном «боевики наҳзатӣ», ки ҷои ақл сараш пур аз фарти ифрот будӣ, боре мехоҳад, намояндагони мардумиро гаравгон бигирад. Меояд ба парлумон ва мебинад, ки 1 депутати галстукдор истодааст. Мегираду мебарад. Иттифоқан ин депутат Абулфайз Атоев будӣ. Чун аз гаравгонии Атоев чанде мегузараду касе суроғаш намекунад, ба журналист рӯ оварда мегӯяд, ки

«Ака, худут кулобиӣ ё не? Касе ба суроғат наомад?».

Абулфайз бо табассум мегӯяд:

-Гитлерӣ, Сталинӣ, Хрушёвӣ, ягон буз кушта биор, ки гушна мондем, вале пухта бидон, ки барои ман касе ба ту сагашро ҳатто қурбонӣ намекунад...

Аз ҳамон лаҳза Раҳмони Гитлер бо Ӯ дӯст мешавад...

Мисле, ки дар Қундузу Мазори Шариф аз латифгуфторияш тамомии қумандонҳои афғонӣ, чӣ толибу чӣ тоҷику чӣ ӯзбаку чӣ туркман «ҷӯрааш» буданд.

Боре душманонаш матлаби фармоишие дар газетаи СССР зидди ӯ нашр карданд. Чун нек медонистанд, ки Абулфайз дӯсти ҷумла журналистон аст, номашро наоварданд. Мо чоп кардем. Аз Афғонистон занг заду гуфт:

-Бобои эшон! Чӯпони беҳунар дар навбати подааш ғунаҷини худро савор шудааст...

1 соат хандидем. 1 саҳифа матлаб навишт, роҷеъ ба фаолияташ дар кишвари ҷангзада. Мо чоп кардем. Мо Метавонем!

Воқеан ҳам ӯ дипломат аз модар аст. Тамомии мушкилотро бо ханда ва танз ҳаллу фасл месозад.

Боре, устод Сафармуҳаммад Аюбӣ, шеъри танзомезе дар газетаи «Роҳи Ленинӣ» чоп мекунаду ӯро аз хабарнигори калон то ҳадди «подсчитчик» мактуббанд бо маоши 45 рубл мефароранд. Боре журналистон самолёт фармоиш дода, ба Сари Хосор мепаранд (ун вақт рӯзноманигор қурбу маоши хубе дошт!). Ҳини парвоз дили Аюбӣ мезанад. Ҳама сарсону саргардон, ки дар баландии кӯҳ устодро чигуна раҳо кунанд. Ин лаҳза Абулфайз Атоев шоирро аз марг мераҳонад, ки болои сараш рост шуда мегӯяд:

-Устодо! Аз ҳамин маоши 45-сомона мурданат беҳ!

Шоир қаҳқос зада механдад ва мераҳад...

            Тамомии бузургонро мешинохт ва бо тамомии эшон сӯҳбати хоса дошт ва тамомии бузургон ӯро дӯст медоштанду месутуданд. Зеро 1 ҳарфаш бидуни танзу шӯхии дӯстона нест.

Ҳамин дирӯз занг зад, ки «Қурутоб дорам, биё Сайёф!».  Гуфтамаш, Соли Нав аст, ягон чӣ мешавад-мӣ, ки гуфт:

-Раҳматии Одина Ҳошим 1-май бошад, 1 январ бошад, 7 ноябр бошад, мегуфт, «Си нофим годом» ва меафзуд, ки идҳои кофирӣ бе майу мутриб намешаванд!!!

Рӯзе хона даъваташ кардам. Ба таоми калапочахӯрӣ. Омаду гуфт:

-Сайёф маладестӣ ба Худо! Эшонҳо зирак мешаванд. Кадом гаишникро пул додаӣ, ки аз 2 тарафи хонаат нишонӣ-знаки хишт (кирпич) монад, то касе меҳмонӣ наояд...

Баромада дидам, ки дар кӯчаи Яккачинор воқеан ҳам аз 2 тарафи хонаи ман нишонии даромадан қатъан манъ аст мондаанду чанд нозир мошинҳоро боздошта ҷарима мебанданд.

...Бо тамомии лутфу мутоябае, ки дорад, намакпосдор аст. Умре ба Султон Қувват содиқ монд. Ҳатто вақте, ки ахирӣ персона нон грат ҳукм гирифт. Бо ӯ буд, то лаҳзаи марг. Шӯхӣ ҳам мекард:

-Рӯдакиро ин миллат кӯр карда, сари Ҷузҷонӣ афганд, мо ҳамин кӯрро (Қувват Султонро) вардошта мегардем..

 Бо Талбак Назаров-мэтри дипломатияи тоҷик риштаи бародарӣ дорад. Ҳаргиз ин ришта гусаста нахоҳад шуд. Бо тамомии элитаи советии тоҷик сари муҳаббат бастааст ва дар 70-солагияш ман ҳамаи онҳоро дар хонааш дидам.

 Боре чун дигарон бар тангное уфтодам. Инро устод Абулфайз медонаду ману Худо. Ба иззати Худое, ки дорем, паҳлӯям қомат алам кард ва ҳамарӯза чӣ, ки ҳамасоата дар барам буд, то ин мушкил ҳаллу фаслу васл гардид...

...Агар замоне аз ман пурсанд, ки «Дар олами фонӣ чӣ дастоварде доштӣ, ки ин қадар дағ-даға мекунӣ?», ҳатман хоҳам гуфт:

-Бо Абулфайз Атоев дӯстӣ доштам...

Мо Метавонем!!!!!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter