ХАБАРИ ДОҒ

Муздури тоҷик ба куҷо равад?

  • Чоршанбе, Янв 25 2023

Ҷумъабой Яҳёев, муаллиф ва хонандаи фаоли мо аз н.Деваштич ба редаксия занг зада, гуфт, ки масъулони шуғли аҳолӣ ва меҳнату муҳоҷирати кишвар бояд сари масъалаи пайдо намудани ҷойҳои нави нави корӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар давлатҳо андешанд.

   - Чи тавре ки медонем Россия вориси СССР буда, ба иборае «правоприëмник»- и СССР асту бо вуҷуди он бо бастани шарномаву аҳдномаҳои гуногун қисми зиëди ҷумҳуриҳои собиқро дар доираи нуфузи хеш ҳоло ҳам нигоҳ медорад.

Дар СССР – и бузург бо хиëнати Елтсини майхора, Леонид Кравчуки рубоҳи маккор ва Шушкевичи сустирода дар ҳамаи ҷумҳуриҳо ҷангҳои шаҳрвандӣ оғоз гардида, муносибатҳои иқтисодӣ аз ҳам пошиданд. Бештари ҷумҳуриҳои собиқро бекорӣ фаро гирифта, ин омил наздики 30 сол боз давом дорад.

Ҳар сол садҳо ҳазор ҷавонони мо барои мардикорӣ ба шаҳрҳои гуногуни Россия мераванд. Ба наздики яке аз ҳамсоягонам аз ш.Сочи аз муҳоҷират баргашту ман аз зиндагиву шароити кориаш пурсидам. У гуфт шароити корӣ руз ба руз мушкил шуда истодааст. Масалан солҳои аввал барои патент ҳудудан 100 сомонӣ месупоридем, ҳозир 7000 рубл шудааст. Ë худ ҳар сол 1 бор аз сарҳад баромада, даромадан лозим. Аз Сочи то ба сарҳади Абхазия рафта омадан 2 ҳазори русӣ мешавад. Дар сарҳад ҳангоми вуруд аз забони русию таърихи рус имтиҳон гирифта, бо страховкаю медомотр, дар ҷамъ бо кори миëнаравҳо 40 ҳазор рубл мегиранд. Ба ин боз музди ҷои хобу хурокхурӣ илова мегардад, ки аз музди мегирифтаат пули кироие намемонад.

Дар Москва ҳам патенти моҳона 6800 рубл шудааст. Ба болокории он раиси партияи «Россияи боадолат – Барои ҳақиқат» Сергей Миронов дар парлумони Россия баромад карда, талаб дорад, ки ба шаҳрвандони собиқ шуравӣ дархост -виза ҷорӣ карда шавад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter