ХАБАРИ ДОҒ

Чаро роҳкиро арзон нашуд?

  • Чоршанбе, Фев 01 2023

 Наҷмиддин Худоиев, муаллиф ва хонандаи ҳамешагии газета аз ш.Роғун занг зада, гуфт, ки чаро бо коҳиш ёфтани нархи гази моеъ нархи роҳкиро арзон намешавад?

   - Чанде пеш ронандаҳо ва раҳбарияти корхонаҳои нақлиётӣ нархи сӯзишворӣ гарон гуфта, роҳкироро бардоштанд. Таксиҳои хусусии ш.Душанбе аввал 3 сомонӣ буданд, баъд 5-7 сомонӣ шуданд, таксиҳои самти Душанбе – Ваҳдат ҳам дар аввал 5 сомонӣ буданд, баъд 10 сомонӣ шуданд. Нархи роҳкиро дар самти Душанбе – Роғун 25 сомонӣ буд, шуд 30 сомонӣ, охир ба 40 сомонӣ расид.

Қариб 70% таксиҳо бо гази моеъ мегарданд. Имрӯз нархи гази моеъ аз 9 сомонӣ то 4 сомонӣ фаромадааст, вале нархи роҳкиро ҳамоно боқист. Чаро касе инро назорат намекунад?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter