ХАБАРИ ДОҒ

Мушкилот дар қонун аст ва ё дар татбиқи он?!

  • Чоршанбе, Фев 08 2023

Имрӯз бо авҷ гирифтани сиёсати лоббистӣ ва ба мақомоти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузоридошта роҳ ёфтани онҳо ва ё дар ин мақомотҳо пайдо кардани шахсиятҳои амаликунандаи ҳадафҳои худ, духӯрагию даҳхӯрагиҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуда истодааст. Ҳолати мазкур натанҳо мушкилотро болои мардуми азизи Тоҷикистон зиёд мекунад, балки аксар маврид рӯирост ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои онҳоро поймол карда, бар ин неъматҳои фитрию позитивии эътирофкардаи давлат, таъсир карда истодааст. Ҳар рӯз мардум бонги адолат мезананду аз қонуният домангиранд, аммо адолати судӣ ба нафъи онҳо набуда, баръакс вазъашонро аз пештар мураккаб месозад Пас, мушкилӣ дар чист?Мо метавонем ҳазор мисол аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин мавзӯъ биорем, аммо масъалае, ки имрӯз дар зодгоҳи маҳбуби ман минтақаи Кӯлоб домани мардумро гирифтааст, бо таҳлили он қаноат мекунем.

Имрӯз бо моддаи 209-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (яъне истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани мардум ба ҳукми анъана даромада, моддаи натиҷадиҳанда (дежурная статья) шудааст. Агарчи қонунгузории мо аксар маврид дар натиҷаи омӯзиши қонунгузории кишварҳои дигар, махсусан Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардад ҳам, вале ҳангоми татбиқи онҳо нисбати шаҳрвандони ҷумҳурӣ таҷрибаи ин кишварҳо ба инобат гирифта нашуда, балки хусусияти миллӣ касб мекунад. Ба забони дигар гӯем, тоҷикӣ мешаванд. Аксари парвандаҳои бо ин модда дар минтақаи Кӯлоб оғозшуда нишон медиҳанд, ки онҳо барои муҳлати истеъмолашон гузаштани молу маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз гардидаанд, на барои ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ва ё саломатии истеъмолкунандагон ҷавобгӯ набудан.

 

«Ҷинояте», ки бояд ҷазо набинад, вале...

Масалан тибқи талаботи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» аз 19 июли соли 2012 таҳти №389 маҳсулоти хӯрокворӣ хатарнок ҳисобида мешаванд, агар: - аз ҳайвоноте пайдо шаванд, ки аз назорати пешакӣ ва баъдинаи байтории забҳ гузаронида нашудаанд; - бо тартиби муқарраршуда истеҳсол, коркард, борҷомакунӣ, борчинӣ ва тақсим карда нашуда бошанд; - бо тартиби муқарраршуда тамғагузорӣ ва нишонагузорӣ нашуда бошанд; - мӯҳлат ва (ё) санае, ки то он лаҳза маҳсулоти мазкур бояд истеъмол шавад (барои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки нисбат ба онҳо муқаррар намудани мӯҳлати истеъмол ҳатмӣ мебошад) нишон дода нашуда бошад, ё муҳлати истеъмоли онҳо гузашта бошад; - ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва меъёрӣ мутобиқат накунанд; - қалбакӣ бошанд ва ғайраву ҳоказо. Бояд қайд кард, ки тибқи талаботи моддаҳои 121, 126, 132, 279, 377, 625, 635, 641, 643 ва дигари Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ин ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо қабл аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар ин хусус дар КҲМ ҶТ ва КҶ ҶТ низ пешбинӣ шудааст, ки кадом ҳуқуқвайронкуниҳо метавонанд дар 1 маврид ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ бошанд (дар КҲМ ҶТ «ҳангоми набудани аломат(ҳо)и ҷиноят») ё ин ки дар кадом ҳолатҳо ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷиноят табдил меёбад (дар КҶ ҶТ «дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ»).

Дар асоси моддаи 17-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки ҳамин Кодекс бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст, ҷиноят эътироф мешавад». Яъне ҷинояткор бояд шахсияте бошад, ки кирдори ӯ 1-ба ҷамъият хавфнок, 2-зидди ҳуқуқӣ, 3-гунаҳгор ва 4-лоиқи ҷазои ҷиноятӣ бошад. Дар қисми 2-и моддаи мазкур омадааст «кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки зоҳиран аломатҳои яке аз кирдорҳои дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад ҳам, вале бо сабаби камаҳамиятӣ барои ҷамъият хавфнок нестанд, ҷиноят намебошад», яъне дар доираи дигар ҳуқуқвайронкуниҳо маҳдуд карда шаванд. Дар асоси моддаи 11-и Кодекси мазкур «асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ содир намудани кирдоре мебошад, ки дорои тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аст». Таҳлили пурраи моддаи мазкур дар бобҳои 4-5-и ин Кодекс, яъне субъект ва тарафи субъективӣ шарҳ дода шуда, дар Қисми махсуси он объектҳои аз ҷиноят ҳифзшаванда нишон дода шудааст ва тарафи объективӣ бошад аз (дар) натиҷаи содиршавии ҷиноят муайян карда мешавад.

 

Навоварӣ дар қонун боиси афзоиши «ҷиноят» шуд...

Дар ҷумҳурии мо масъалаи татбиқи ҷазои ҷиноятӣ бо моддаи 209-и КҶ ҶТ қаблан мушкилие надошт, зеро дар асоси моддаҳои 26 ва 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» аз 10 майи соли 2001 таҳти № 54 танзими пурраи худро ёфта буд. Аммо бо қабул кардани қонуни нав дар ин соҳа, ки дар боло қайд кардем ва хориҷ кардани меъёрҳои моддаҳои 26 ва 27 қонуни қаблӣ, мушкилӣ барои мардуми мо оғоз гардид. Чунки бо қонуни нав муайян кардани навъи ҳуқуқвайронкунӣ ва қонуни татбиқшаванда барои он бар дӯши таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд ва судя вогузор карда шуд. Акнун дар асоси моддаҳои 36, 88 ва 279-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектони номбурда бояд ҳуқуқвайронкунии содиршуда ва далелҳои ҷамъовардашударо бо ақидаи (эътимод, эътиқод) ботинии худ баҳо диҳанд. Яъне онҳо низ ба мисли дигар инсонҳо бояд ҳиссиёт, эҳсосот, раҳм, шафқат, меҳрубонӣ ва ҳоказо дошта бошанд, робот набошанд, дараҷаи ҳуқуқвайронкуниро худ муайян кунанд ва фикр кунанд, ки чунин амалро нисбати худ ва хешовандонаш раво мебинанд ё не?

Мушкилоти мазкур натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо низ ба миён омад, аммо дар онҳо саривақт ҳалли худро ёфт. Масалан дар Федератсияи Россия барои тавзеҳ додани ин ҷиноят, ки дар моддаи 238-и Кодекси ҷиноятии он пешбинӣ шудааст, Пленуми Суди Олии ин кишвар аз 25-уми июни соли 2019 таҳти №18 Қарор қабул кардааст. Тибқи талаботи қисми 2-и ин Қарор дар сурати набудани фавт ва ё бемории вазнин аз истеъмоли чунин молу маҳсулот ва ё мавҷуд набудани хатари воқеъии фарорасии онҳо ба саломатии инсон, бояд ин кирдори шаҳрвандон дар доираи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маҳдуд карда шавад, мисле ки қаблан дар қонунгузории мо танзим шуда буд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар асоси қисми 5 моддаи 82-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017 №1414 Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи судиро оид ба амалияи татбиқи қонунгузорӣ ҷамъбаст намуда, тавзеҳоти дастурӣ медиҳанд ва онҳо барои судҳо, мақомоту шахсони мансабдоре, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошанд. Аммо чаро Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаи мазкур намепардозад, ин суолест бе ҷавоб?!

Фарз кардем, ки агар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала ихтилоф дошта бошад, пас ҷавоби он низ дар қисми 2, моддаи 84-и Қонуни номбурда пешбинӣ шудааст. Тибқи он, санади меъёрии ҳуқуқии баробардараҷа нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқии ҳамин дараҷа ҳангоми мавҷуд будани ихтилофҳо дар ҳолатҳои зерин қувваи бештари ҳуқуқӣ дорад, агар:

- ин санади меъёрии ҳуқуқӣ аз рӯи ҳамон 1 мавзӯи танзим нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ баъдтар қабул шуда бошад;

- мавзӯи танзими ин санади меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки умумӣ мебошад, махсус бошад.

Яъне танзими ҷиноятии кирдори мазкур дар Кодекси ҷиноятии ҶТ агар дар асоси қонуни қаблӣ шуда бошад ва ба он бо Қонунҳои ҶТ аз 17.05.2004 № 35 ва 6.10.2008 № 422 тағйиру иловаҳо ворид шуда бошад ҳам, аммо бо қонуни нав дар он ҳеҷ тағйироте нашудааст. Танзими маъмурии худро бо КҲМ ҶТ аз 11111ёфтааст. Пас худ қазоват кунед, ки ин ҳуқуқвайронкунӣ аввал бояд бо кадом қонун бандубаст карда шавад ва ҳангоми бархурди ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшаванда ба кадоме аз он афзалият дода шавад?

 

Мушкил дар парлумон аст!!!

Ин натанҳо мушкилоти мақомоти татбиқкунандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аст, балки аксари ин мушкилӣ аз парлумои кишвар сарчашма мегиранд. Зеро онҳо ҳангоми аз эътибор соқит донистан, қабул ва ё ворид кардани тағйиру илова ба ин ё он санади меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқие, ки бар асоси онҳо қабул шудаанд, муносибати бо ҳам шабеҳро танзим мекунанд, сарчашмаи танзими худро аз он мегиранд ва ғайра ба инобат намегиранд. Ҳолати мазкур дар санади олии меъёрии ҳуқуқии кишвар, яъне Конститутсия низ ба чашм мерасад.

Чунончӣ, дар моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

Матни тоҷикӣ: «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад». Матни русӣ: «Никто не может быть подвергнут пыткам, бесчеловечному обращению и наказанию».

Пас инҷо саволе ба миён меояд, ки ба кас ҷазо татбиқ кардан мумкин аст ё не? Ба ин савол матни русии моддаи 18-и Конститутсияи мазкур бо тағйиру иловаҳои он аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ҷавоб медиҳад.

Матни русӣ: «Никто не может быть подвергнут пыткам, жестокости и бесчеловечному обращению». Дар он на ин ки истилоҳи «ҷазо», балки истилоҳи «бераҳмона» пешбинӣ шудааст. Яъне «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ раво дида намешавад». Аммо парлумони кишвар ҳангоми аз 1 забон ба дигар забон гардонидани санади меъёрии ҳуқуқӣ ва дар марҳилаҳои гуногуни тағйиру иловаҳо бар он ба чунин хатои бузург роҳ медиҳанд, ки мушкилотро болои мардуми шарифи кишвари мо дучанд месозад.

 

 Фархор: Ҷазо барои 300 гр печен ва 2 кило колбаса...

Муаллифи ин матлаб, барои огоҳӣ тавассути воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати сокини шаҳри Кӯлоб, Рустам Одинаев, бо ин модда, навишт, зери шарҳи он даҳҳо нафар низ навиштанд, ки онҳо низ гирифтори чунин ҳолат шудаанд. Мисолеро меорем, ки худ иштирокчии бевоситаи он ба сифати ҳимоятгар мебошам. Баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо ин модда дар Суди ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоб нисбати сокинони ҷамоати Хуросони ин ноҳия шаҳрвандон «А» ва «Р» нишон дод, ки яке аз ин парвандаҳои ҷиноятӣ барои муҳлати истеъмолашон гузаштани 0,365 кг печен, 0,8 мл ҷурғот ва 2 кг ҳасиб ва дигаре барои чанд дона нӯшокӣ оғоз карда шудааст. Баъзан маврид ҳангоми ҷамъоварии далелҳо ва ё ба қавли онҳо гирифтани намунаҳо, ягон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон риоя намегардад ва дар назди онҳо шаҳрванд танҳо 1 ҳуқуқ дорад «ҳуқуқи хомӯш истодан». Инчунин ҳолатҳоеро низ ба чашм мебинӣ ва ба гӯш мешунавӣ, ки нисбати шаҳрванд бо ин модда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаасту худ огоҳӣ надорад ва ҳангоме, ки худ ва ё хешовандони наздикаш мехоҳанд ба ин ё он мақомоти давлатӣ ба кор дароянд, ҳангоми санҷиш аз Маркази ахборотию иттилоотии ВКД ҶТ огоҳӣ меёбанд, ки кайҳо доғи судӣ дошта, наметавонад худ ё хешованди наздикаш дар хизмати миллату давлат бошад! Баъд аз таҳлил ва баррасии қонунгузорӣ суоле ба миён меояд, ки принсипи афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷумҳурии мо кай татбиқ мешуда бошад?

Дигар ин ки, бо чунин кирдорҳои камаҳамият нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ ҳадафи сиёсӣ, иқтисодӣ, гуруҳӣ, маҳаллӣ ва ё дигар дорад? Ё ин ки мушкилоти донишии татбиқкунандагони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад? Кӣ аз он бурд мекарда бошад, Ҳукумати ҶТ ва ё шахсони алоҳида? Зиёдшавии шумораи маҳкумшудагон ва доғдоршудагон ба миллат, давлат ва ҳукумат чӣ суду зиён меоварда бошад? Минбаъд ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷиноят бо чӣ фарқ мекарда бошад?...

Гуфтаниҳо зиёданд, аммо хаста ва афсурдаҳол кардани хонанда мақсади мо нест! Мо метавонем!

 

Раҳимов Моҳир Рустамович

Ҳуқуқшинос,

Тел: 933982484

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter