ХАБАРИ ДОҒ

Ватанро иваз кардӣ, ҷанг ҳам меравӣ...

  • Чоршанбе, Фев 08 2023

«Тоҷикон! Ватанатонро ба нархи 1 патенти русӣ нафурӯшед ва паспорти русӣ нагиред!!!». Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи мардикорони тоҷик дар ФР

Усулан коре, ки дар Россия мегузарад, агар ба таҳқиқ ва ҷидд бингарем, айни савоб аст. Чаро? Зеро тоҷиконе, ки ватанро иваз кардаанду мекунанду хоҳанд кард, БОЯД бидонанд, ки дар ҳолати изтирорӣ нахустин туъмаи ҷангу хархашаву кашмакашҳо-«пушечное мясо» мегарданд! Инро ман намегӯям, ин политика, сиёсати дилхоҳ кишвар буд, ҳаст ва мемонад.

         «Легионер»-ҳо аз даврони, ба таъбири Бобои Ғулом, «бобошид»вуҷуд доранд. Дур намеравем, дар ҶБВ ҳар саввумин тоҷик ба ҷанг рафта буд. Худи Бобои Ғулом низ «легионери шӯравӣ» буд, вагарна Тоҷикистон куҷову Украинаву Белорусу Россияву Олмон куҷо? Вале мардум рафт, аз давлати худ (оре, давлат яке будӣ ва номаш СССР) ҳифз кард. То соати марг бобоғуломҳо ифтихор ҳам доштанд, ки миёни фашизмро шикаставу бурути Гитлерро сухтаанд.                                                                 Ва аммо чаро тоҷику узбеку қирғизу қазоқе, ки паспорти Россия гирифтаанд, имрӯз бояд аз ҷанг гурезанд? Охир, ватанатонро иваз кардед? Кардед! Акнун, боз ҳам гуфти ҳамон Бобои Ғулом, ки аз русидонияш ифтихор мекард, «будьте добры», ватани наватонро ҳимоят кунед. Тоҷикистон-ку киха буду бо паспорти ФР фахр мекардед, пас куҷо гурехта меоед? Шахсан ман ҷонибдори онам, ки Тоҷикистон умуман инҳоро қабул накунад. Чаро? То ба дигарон дарси ибрат шавад.

Зимнан тоҷикони паспорти ИМА, Канада ва Шенген дошта низ ифтихор накунед. Соате мерасад, ки шуморо низ ба ҷангҳо мебаранд! Намебаранд? Мебаранд, мебаранд, ещё как мебаранд!!! Гуфти ҳамон Бобои Ғуломи русгуфтор «как миленкий меравед ба ҷангу ҷадалҳо». Зеро шумо ватанатонро иваз кардаед. Россия, Аврупо ва Амрико Тоҷикистон нестанд, ки аз саркашии шумо чашмпӯшӣ кунанд. Ҳам муҷозо мешавед ва низ ба ҷанг меравед! Ин кори техника аст, дақиқан кори технократия.     

 Хонандаи зирак ва тезҳӯш ёд дорад, ки дар мавриди конфликти сунъии Бадахшон анде аз хиёнаткорони ватанӣ чӣ мегуфтанд? Ба вежа дупаспортҳо: «Шаҳрвандони Россия дар Тоҷикистон мавриди фишору тазйиқ қарор доранд!». «Шаҳрвандони Россия» маҳз ҳамин дупаспортҳоро мегуфтанд, зеро бо фурӯпошии СССР чун давлат русҳову аврупоиҳо оҷилан кишвари моро тарк карда буданд! СССР борҳо навишта буд, ки душаҳрвандӣ, дар шароити бархӯрди абарқудратон (мо инро низ пешгӯӣ карда будем, ки конфликти Украина ҳатман бо ҷанг тамом мешавад, СССР№4, аз 29.01.2022), ба тоҷикистониён хатар эҷод мекунад. Вале он вақт камазисту ришдору кӯсаву бузришакони авро-амрикоӣ зидди мо шӯрида, гастербайтерҳои бечораи бесаводро зиддамон таҳрик доданд. Акнун куҷоянд ин шофиру кофирҳо? Акнун мард ҳастанд, ки ақаллан иқрор шаванд, СССР ғами тоҷиконро мехӯрд, на баракс...                                                                                                                                              

         Дар ҳамин маврид Раиси Кумитаи тафтишотии Россия, генерал Бастрикин пешниҳод кардааст, афродеро, ки паспорти ФР гирифтаанду шумораашон аз 1 млн нафар беш аст, ба вежа зодаҳои Осиёи Марказиро, ки ним миллион зиёдатарак будаанд, бештарак ба ҷанг фиристанд. Александр Бастрикин дар солрӯзи таъсиси ниҳоди зертобеаш, ба хабаргузории «Русская газета» интервю дода, минҷумла мегӯяд (бо забони асл-русӣ меорем ва фикр дорем, хонандаи мо, ба вежа онҳое, ки паспорти ФР гирифтаанд, ба тарҷумон ниёз надоранд):

15.01.2023. Александр Бастрыкин: Приобретая российское гражданство, эти люди получают не только права, но на них также возлагаются и обязанности, которые установлены действующим законодательством. Одной из них является прохождение срочной службы в Вооруженных силах РФ при соответствии предъявляемым требованиям. В условиях проведения специальной военной операции государство стимулирует иностранных граждан для поступления на военную службу по контракту, предоставляя возможность получения гражданства России в упрощенном порядке. Статистика говорит о том, что иностранцы массово получают российское гражданство, минуя военную службу. За последние пять лет его приобрели более миллиона лиц, прибывших из стран Средней Азии и Закавказья, в том числе 550 тысяч бывших жителей Таджикистана, Узбекистана и Кыргызстана. Только в первом полугодии 2022 года более 60 тысяч совершеннолетних граждан указанных государств получили российское гражданство и, следовательно, не только права, но и конституционную обязанность по защите принявшей их страны. В связи с этим целесообразно рассмотреть вопрос о приоритетном направлении натурализованных граждан для участия в выполнении задач специальной военной операции.  

Ба ҳамин тартиб, Россия ба ТОҶИКОНЕ, КИ 2-ШАҲРВАНДӢ ДОРАНД, ИҶОЗАИ ТАРКИ РОССИЯРО НАМЕДИҲАД!!!

Акнун тоҷиконе, ки бо шиносномаи урусӣ фахр мекарданд, илоҷи халосӣ аз онро меҷӯянд. Адо, тамом, капут! Шумо дигар гаравгони хомии сиёсии хеш шудаед, мардум, соате, ки аз ватан ор карда будед, бояд сари ин моҷаро фикр мекардед. Хафа нашавед! Акнун бояд ҷангид, барои ватани нави худ. Ё ихтиёрӣ ё ихтиёран маҷбурӣ. Ва ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории кишвардории мо ҳар нафаре дар ин ҷанг ва дигар ҷангу ҷадалҳои хориҷӣ ширкат дорад, ҷинояткор маҳсуб меравад...

Валентина Чупик-ҳуқуқдифои виждонпанаҳ, ки зикраш дар пешгуфтор рафт, дар ин бора мегӯяд:

– То ҷое медонам, беш аз 500 ҳазор дар 5 соли ахир шаҳрвандии Россияро гирифт. Дар ҷойи аввал Тоҷикиcтон аст, ки тақрибан 280 ҳазор нафар шиносномаи Россияро гирифтааст. Шаби соли нав ба ман занг заданд, 14 зодаи шаҳри Конибодоми Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Россияро доштанд, ба онҳо гуфтаанд, ки мобилизатсия шудаанд ва яке аз онҳо худкушӣ кард...

         Дар охири сӯҳбат Чупик бисёр 1 нуктаи нозукро баён дошта мегӯяд, «тибқи қонун мақомот ҳуқуқ доранд, нафаронеро, ки паспорти Россия ва мақоми 2-шаҳрвандӣ доранд ба ҷанг баранд, вале онҳоеро, ки паспорт надоранд, набояд бубаранд. Ҳарчанд дар Россия ҳарчӣ шуданаш мумкин аст».

         Воқеан ҳам, дар мавриде, ки роҷеъ ба ин конфликти низомӣ дар кишвари мо, ягон ахбори дақиқ ва расмие вуҷуд надорад, хатту хабарҳо аз зиндониёни тоҷики муқими Россия мерасанд, ки ишонро ба тариқи ихтиёран маҷбурӣ ба ҷанг мебаранд. Дастикам ҷасади 10 тоҷикистонӣ, ки ҳудудан 6 танашон зиндонӣ будаанд, ба Тоҷикистон расидааст. Комбизи Раҳим, 1 зиндонии Россия, чанде пеш тариқи газетаи мардумии СССР бонги изтироб зад, ки онҳоро мехоҳанд бо зӯр ва фиреб ва фишор ба ин ҷанг бубаранд.

         Меҳроб Раҳмонови 23 сола ва Эҳсон Аминзодаи 24-сола бошанд, дар таърихи 15.10.2022 ба ҳамяроқони худ оташ кушода, 11 нафарро кушта, 15 тани дигарро захмӣ карданд. Баъдан дар интернет хабарҳо пахш шуд, ки ин тоҷиконро тариқи «облава» ба Белгород бурдаанд, то пасон ба ҷанг равона кунанд. Ин 2 нафар, ки кушта шуданд, гӯиё баъди «таҳқири дину мазҳабашон» ҳамсилоҳони худро тирборон кардаанд.

         Сулаймонхӯҷа Набиеви 22 сола, сокини деҳаи Чилгазии Исфара бошад, ихтиёран ба ҷанг рафта, бо чеченҳо пайваст ва 08.06.2022 дар набарде хунин кушта шуд.

         Нашрияҳои укроинӣ, ки дар аксари маврид дурӯғ ҳам менависанд, теъдоди ҷангиёни аз Осиёи Миёнаро дар суфуфи Артиши Рус 6000 гуфтаанд ва тоҷиконро чизе каму беш аз 100 тан. Лозим ба зикр аст, ки дар шароити кунунӣ, ки ҳар 2 ҷониб бо иддаои сирри ҳарбӣ хабаргузориҳоро бо ҷангиёни худ ошно намесозанд, тафтиши ин ахбор ғайриимкон аст.

         Вале ин ки бархе тоҷикони русшуда ихтиёран ҳам ба ҷанг мераванд, Маҳдӣ Собир-собиқ полковники мақомоти кишвар, ки шаҳрвандии Россияро гирифтааст, таъйид кард. Ӯ дар сӯҳбати баҳсбарангез бо Сафват Бурҳонови «укроинӣ» гуфт, омодааст «фарзандони худро ба Украина ба ҷанг фиристад», зеро «Россия ватани нави писаронаш шудааст ва ватанро бояд ҳифз кард!».

 Ин дар ҳолест, ки Сафват Бурҳонов, ки дар Украина мезисту чун муҳоҷири укроинӣ дар Германия паноҳанда шудааст, назари акс дорад ва бо тамоми вуҷуди хеш ва хонаводааш аз сиёсати Киев пуштибон аст.

 Баҳсу кашмакашҳои Тоҷикон сари ин ҷанг онгуна сахту гарм аст, ки ахиран Абдуқодир Талбаков-журналисти маъруф бо ишора ба тоҷикони аврупоӣ гуфт, «ақидаи мо зид бошад ҳам, ба маъное нест, ки шумо моро таҳқир кунед!». Ин дар ҳолест, ки баъди ин иддаои Талбаков боз ҳам таниш поин нашуд ва Саймурод ном соҳибкори тоҷики муқими Россия, ки шодихӯрдаи Укроин будааст, боз ҳам ба ӯ сақат фиристод.

         Бо ин ҳама танишу чолиш ба ТОҶИКони азиз 1 гуфтае дорам:

- Аз барои ватани дигарон на хун резеду на ҳамдигарро дашном диҳед. Бовар кунед, мурдаву зиндаи мову шуморо ҳамин Тоҷикистон мебардораду бас. Зимнан бас кунед хиёнату ҷинояту разолату ҳақоратро ва ба Ватани аслии хеш баргардед. Аз Хӯҷа Каримови миллионери фирорӣ пурсед, ки зиндагонии фаровон дар хориҷ хуб аст ва ё зиндон дар Тоҷикистон:

Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,

100 кош гадо мебуд ба Канъон беҳтар...

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter