ХАБАРИ ДОҒ

Турсунзода: манзил шахсӣ нест

  • Чоршанбе, Фев 15 2023

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Турсунзода ба самъи шумо мерасонад, ки дар ҳақиқат Насридинов Жума ҷанговари башардӯст, аъзои созмони «Сипарони Ватан», ветерани ташкилоти «Вимпел»-и СССР мебошад. Насридинов Жума сокини ш.Турсунзода буда, соли 1982 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Турсунзода (собиқ Комитети иҷроияи шаҳрии Шурои халқии депутатҳои халқии ш.Турсунзода) ба ӯ манзили истиқоматии ду ҳуҷрагӣ воқеъ дар суроғаи ш.Турсунзода, маҳаллаи 2, бинои 17, ҳуҷраи 15 бо манзилномаи хизматӣ вобаста шуда буд.

Чи тавре, ки Насридинов Жума қайд намудааст,  манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи ш.Турсунзода маҳаллаи 2, бинои 17, ҳуҷраи 15 шахсӣ мебошад, ин дуруст нест. Насридинов Жума соҳибмулк набуда ва намебошад, зеро тибқи низомнома солҳои пеш аз ҷониби ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба мутахассисони ҷавон ё ба кормандони дигар мақомотҳо дар асоси манзилнома (Ордер) танҳо барои истифодабари манзили истиқоматӣ дода мешуд. Соли 1993 аз ҷониби намояндагони ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» манзили мазкур тафтиш карда шуда, муайян гардидааст, ки дар суроғаи болозикр ягон нафар зиндагонӣ намекунад. Бо тартиб додани санад манзили мазкурро ба дигар нафар вобаста карда додаанд.

С.Остоназода,

муовини аввали раиси ш.Турсунзода

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter