ХАБАРИ ДОҒ

Шоираи Раҳимҷон -журналист, таронанигор, оҳангсоз ва фаоли шабакаҳои иҷтимоӣ занг задаву гуфт, мардум, ба вежа ҷавонону наврасонро бояд тарбият кард, на суд...

   - Бинед, барои 1 хатоӣ, 1 лайк, тасодуфан бо кадом гурӯҳе ҳамнаво шудан, намоз хондан... ҷавонону наврасонро меқапанду ҳабс мекунанд! Бо ҳамин ин ҷавон душмани ҳукумати мо мешавад. Зеро оқибаташонро мо месӯзонем! Коршиносон мегӯянд, ҳар ҷавоне суд шуд, дар зиндон бештар вобастаи таассубу экстремизм мегардад. Пас, чӣ бояд кард?

Ба фикри ман зиндон илоҷи кор нест. Бояд лагерҳои ислоҳотии гражданӣ ташкил кард. Яъне гурӯҳи ҷавононеро, ки фиреб хӯрдаву ба доми фанатизм афтодаанд, дар чандин гӯшаи диёр лагерҳои ислоҳотӣ таъсис дода бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ барем. Чаро 1-2 муллои чаласавод ҷавононро фиреб дода метавонистаанду 1 давлат онҳоро ислоҳ карда набитвонад? Ба онҳо бигзор шахсиятҳои шинохта, маслан аъзои ИНТ ва ИЖТ- адибони саршиносу журналистони номӣ, равоншиносон, муллоҳои таоруфии ба ҳукумат наздик, падару модаронашон вохӯрдаву зиндагониро фаҳмонанд. Бовар дорам, дар 2-3 моҳ ислоҳ ва пушаймон шуда, ба ҷамъият чун узви комилҳуқуқ бармегарданд. Мо бошем чӣ кор карда истодаем? Зиндон!!! Аз зиндон ретсидивисту туремшик ва душмани ҷамъият мебарорем...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter