ХАБАРИ ДОҒ

Шаҳри Бохтар маркази маъмурии вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳури Тоҷикистон ин вилоят яке аз калонтаринҳост. Вале ин шаҳр дар баробари ободу зебо буданаш, боз аз камбудиҳо холӣ нест. Беобӣ, бӯи ғализ, сагҳои дайду, хонаҳои баландошёнаву роҳҳои танги кӯчаҳо ба дили мардуми шаҳр задааст. Аз касе пурсон нашавӣ, дар ин бора ҳарф мезанад. Бовар накунӣ, худат пурс, хонандаи азиз!

 Боғи Раҳмон Мурчаев куҷо шуд?

Чанд сол пеш бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси боғи фарҳангиву фароғатӣ дар масоҳати 1 гектару 23 сотих қарор ба имзо расид. Имрӯз бошад, аллакай ин боғ ба 2 соҳибкор ба иҷора дода шудааст. Аз масоҳати дар боло зикршуда анқариб нисфаш ба ҳисоби соҳибкорон гузаштааст, ки масоҳати умумии боғро комилан маҳдуд мекунад.  Арғунчаку ҳавопаракҳои насбгардида, ки аз берун намуди зебо доранд, имрӯз ба сокинону меҳмонон хизмат мерасонанд. Рӯзҳои истироҳат инҷо макони дилхушии кӯдакон мегардад, ки агар он соҳибкорон бино бардоранд, тамоман ҳудуди боғ кам шуда, боғ неву роғ мегардад!

Ба гуфти роҳбари Боғи марказӣ барои бунёди Боғи фарҳангӣ грант ҷудо шудааст. Шарикони рушд ҳам омодаанд то барои обод кардани боғ то ҷое мусоидат намояд. Лек дигар дар шаҳр ҷойе нест. Ҳама заминҳо обианду имкони бунёди боғ намондааст.  

 Аз ТЭЦ фақат ном монд…

Шаҳрнишинон гила аз он доранд, ки биноҳои бесифати солҳои ахир бунёдшуда на оби гарм доранду на бо гармӣ дар фасли сармо таъмин мегарданд. Хонаҳои аз даврони Шуравӣ боқимонда имрӯз фарсуда ва ба ҷойи он биноҳои баланд сохта шуда истодааст. Дигар кӯдакон ҳам намедонанд, ҷойи бозӣ куҷоро ихтиёр кунанд. Ҳама ҷо аз мошинҳо пур аст, ҳатто майдончаҳои варзишии назди биноҳо низ. Мардуме, ки дар баландошёнаҳо зиндагӣ мекунанд, аз беобӣ шикоят мекунанду мардуми заминӣ аз бӯи ғализи партовгоҳҳои ҳафтаҳо фаромӯшшуда гиллагузоранд.

Имсол ҳаво назар ба солҳои қаблӣ хело сард буд. Аҳолӣ аз беобӣ ва бебарқӣ надонистанд ба куҷо фирор намоянд. Солҳои Шуравӣ дар шаҳр истгоҳи гармигузорӣ бо номи ТЭЦ (Тепло Электро Станция) фаол буд. Он сокинонро бо оби гарм таъмин менамуду мардум аз фаъолияташ қаноатманд буданд. Ҳоло ин истгоҳ фарсуда шудааст. Танҳо аз он дар шаҳр ном боқӣ мондаасту халос. Маълум нест, ки гармии мутамарказ ба хонаҳои сокинони ш.Бохтар кай меояд…

 Саги дайду соҳибашро меҷӯяд?

Дар соли 2022 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2 ҳазору 210 сар сагҳои дайду безарар гардонида шуда, 1458 адад бо шиноснома таъмин гардид. Дар ин хусус, Э. Рауфзода сардори Раёсати бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд. Агар ин рақамҳо рост бошад, пас имрӯзҳо дар кӯчаҳои ин шаҳр ин галаи бузурги сагҳо киро меҷӯянд?! Мардум аз дастаи сагҳои дайду метарсанд, ки шабона ба берун бароянд.

Чаро масъулини вежаи ҳукумати шаҳр сари роҳи сагони дайдуро намегиранд? Сагҳои дайду метавонанд ба одамон осеби ҷисмонӣ расонанд.

 8 автобус меояд, вале роҳ танг...

Дар назар аст, ки дар марҳилаи аввал, то моҳи март, 8 автобус ба шаҳри Бохтар оварда шавад. Исроил Шафизода, сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки аллакай истгоҳҳои умумӣ дар ш.Бохтар пурра омода шудаанд.

Ӯ мегӯяд, ки дар таваққуфгоҳи нақлиётӣ таъмир рафта истодааст.     

   - МИҲД шаҳри Бохтар тасмим дорад, то Наврӯзи имсола автобусҳои навро ворид кунад. Дар ояндаи наздик ба шаҳри Бохтар боз 31 автобуси дигар оварда мешавад, роҳҳои мошингард бошанд, дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ сохта шудаанд. Он замон шояд дар шаҳр 1 ҳазор мошин буд. Ҳоло зиёда аз 10 ҳазор нақлиёт ҳаракат мекунад. Албатта, роҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд, - афзуд вай.

 Феълан дар ш.Бохтар тамбашавии роҳҳои мошингард яке аз мушкилоти асосии шаҳрдорӣ ба ҳисоб меравад. Бо афзудани шумораи нақлиёти гуногун ва тангии роҳҳои мошингард ин мушкилӣ ҳанӯз роҳи ҳал пайдо накардааст. Барои мисол самти ҳаракати роҳи кӯчаи Норинов - Бохтар пробка ҳамарӯза рӯх медиҳад. Ронандаҳо маҷбуранд, мусофиронро бо роҳҳои гуногун ё кӯчаҳои танги шаҳр ба ҷойи лозимӣ расонанд. Дар гирду атрофи Бозори марказӣ мошинҳо умуман ба тартиб дароварда намешаванд. 1-2 нозири роҳ гоҳе ҳаст-гоҳе на. Аробаҳои пурбори савдогарон сари роҳи мардумро гирифта, онҳоро канори роҳи мошингард тела медиҳад…

 Муҷассамаҳои ношиноси Бохтар

Ҳайкалҳои ҳайрони шоирону нависандагон ва абармардони роҳи илму маърифату фарҳанг дар Бохтар имрӯз рангпаридаву ношиносанд. Устод Рӯдакӣ солҳо рӯи рангу борро надида, аз таъсири боду борон симои худро аз даст додааст. Пайкараи устод Ҷ.Балхӣ дар назди Раёсати ҷавонони вилоят «мавзеи дилхушии» сагҳои дайду ва партовгоҳи сокинони акноф шудааст. Бо навиштани 1 мақолаи таҳлилӣ бо номи «Китоби Бобоҷон лонаи паррандагон» мо ба хонанда гӯшрас карда будем, ки ҳайкали ин нафари донишманд дар кадом ҳолат қарор дорад. Хушбахтона ҳам ман ва ҳам хонандаи рӯзномаи СССР фаҳмид, ки ӯ аслан симои асосии академик Бобоҷон Ғафуров нест ва аз маркази шаҳр бардошта шуд. Ҳоло «Муҷассамаи аср» мавзеи сехи дӯзандагиро оро медиҳад.

Раёсати фарҳанги вилоят магар аз ин кирдори хеш шарм намедорад, ки муҷассамаҳои чунин нафарони зиндаёдро хор мекунад? Имсол 115 солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистонро ҷашн мегирем ва озмунҳои гуногуне, роҷеъ ба китоби абадзиндааш-Тоҷикон дар сатҳи ҳукуматӣ роҳандозӣ шудааст…

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

 

 

 

 

 

   

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter