ХАБАРИ ДОҒ

Шод бошед, «СССР»-чиёни азиз! Таи 2 сол аст, ки дар ВАО менависанду мегӯянд, ки мо ба иқтидори барқӣ пурра расидем, дигар «лимити» барқ намешавад, лекин «соҳибони барқ» ҳар сол аз тирамоҳ сар карда, мувофиқи хости худашон барқро хомӯш мекунанд. Ба муносибати соли нав 1-2 рӯз барқ доданд, вале боз «лимит» сар шуд. Баъди сар шудани сардиҳои қаҳратун ба воситаи тамоми ВАО хабар доданд, ки «лимит»-и барқ бардошта шуд. Дар ҳақиқат дар рӯзҳои аввали хунукӣ 5 - 6 рӯз барқи хира доданд, лекин боз барқхомӯшкунӣ идома ёфт.

Барои чӣ роҳбарони «Барқи тоҷик» дурӯғ мегӯянду ВАО – ро ҳам дурӯғнавису дурӯғгӯй мекунанд? Дили халқ аз онҳо мемонад.

Ғайр аз ин, тамоми сокинони мамлакат дар сохтмони ГЭС-ҳои «Сангтӯда» ва «Роғун» ҳиссагузоранд. Мо барои ГЭС-и «Сангтӯда» 9 ҳазор вомбарг харидорӣ намудем. Эй роҳбарони «Барқи тоҷик», барқро ба хориҷи кишвар фурӯхта, роҳат накунед, ки оҳи дили халқи мазлум мегирад!

Ҳаким Ғуломов,

н.Дӯстӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter