ХАБАРИ ДОҒ

Дод аз дасти зоғҳои пойтахт!!!

  • Чоршанбе, Март 01 2023

Сафарбоӣ Додарзода ном хонанда, ки рақами телефони моро аз саҳ-2 гирифта будаст, занг задаву шӯру мағал вардошта, гуфт мехоҳад ба масъулини пойтахт ва ҳукумати марказӣ бонги изтиробашро расонем. Ва ӯ аз дасти зоғу майнаҳои пойтахт шикоят намуд:

   - Муҳтарам газетаи мардумии СССР! Намедонам додамро ба кӣ гӯям. Ман, сокини Хуҷандам. Зебоиҳои пойтахтро тавассути ТВ дида, орзу мекардам, 1 бор биояму ин зебоиро бо чашми сар бинам. Ба вежа рекламаҳои шабонаи ТВТ ва Сафина маро ба ин ҷо кашиданд. Ва омадаму...пушаймон шудам. Э, ин чӣ гап, ҳой масъулини шаҳри Душанбе, 1 бор шабона гаштегитон ҳай-мӣ? Бовар кунед, вақте аз маркази пойтахт мегузаштем, ҳазорон-ҳазор зоғу майна қию чув карда, болои сарамон р...данд! О, инро дигар чигуна адабӣ карда баён кунем? Ри...данду тамом! Бо рӯмолча пок кардем, нашуд, «влажный салфетка» задем, нашуд, омада оббозӣ кардем. Вале субҳ дидем, ки тамомии шиму костум, курткаву палтоҳомон аз саргини зоғу майна пур!!!

О, ин проблема дар тамомии шаҳрҳои бузурги дунё ҳаст, вале хадамоти коммуналӣ, ба забони омм «сагпарронакҳо» ин зоғу зағанро шомгоҳ 2-3 тири сочма зада, паҳну пареш мекунанд. 3-4 рӯз парронед, дигар намеоянд! Ё тир надошта бошед, грант нависед, кӯмаки башардӯстона гиред. Вале аз барои савоб сари меҳмонҳои пойтахт нар...нед... Бубахшед, ки хеле асабониям. Боз химчистка ҳам ин ҷо набудааст, бало занад...

Аз СССР: Воқеан ҳам ҳар шом маркази пойтахт «Боғи Зоғон» мегардаду онҳо дар ҳамовозии ҳазорон-ҳазор майна соатҳо месароянд ва шаб то саҳар сари раҳгузарон саргин мерезанд. Кӯчаҳо бошанд, тамоман ифлос ва пур аз саргини шабонаанд ва ин моҷаро ҳамарӯзаву ҳамасола давом мекунад. Бояд садди роҳи ин ифлосиву саргинпартоиву таронасароии зоғу майнаҳо шуд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter