ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 19 Январ 2022 11:53

Чоршанбе, 19 Январ 2022 11:48

Чоршанбе, 19 Январ 2022 11:46

Зарина Раҳматова, сокини ш. Душанбе меҳмони идора шуда, аз гуруснагӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва заҳмати мардуми деҳот ёд кард.

    - Соли 1994 маро аз Кӯлоб келин карда, ба Ховалинг бурданд. Аз ноилоҷии рӯзгор ва гурусна намондан бо хушдоманам ба сари заминҳои гандум рафта, хӯшачинӣ мекардем. Аввал интизор мешудем, ки комбайн дарояд, пас аз дарави он ба замин медаромадем. Дар 1 рӯз 1 маротиба рафта, бо ҳамдеҳагонамон навбат поида хӯша мечидем. Дар хона хушаҳои гандумро бо санг зада, донаҳои гандумро аз хушаҳояш ҷудо  карда, ба осиёб мебурдем. Бо заҳматҳои зиёд 1 халтаи дар осиёб гандумро орд карда, ба хона  оварда, нон карда бо ҳамсоягон мехӯрдем. Ҳоло бошад, баръакс. Вақте, ман ба маъракаҳои дӯстонам меравам,  нонҳои фаровони руйи дастрахонро дида, ашки чашмонамро дошта наметавонам. Ба қадри нону сериву пурӣ расед, мардум!

Чоршанбе, 19 Январ 2022 11:30

  

 Ревизия

 Баъди барҳам хӯрдани яке аз давлатҳои пурқудрати ҷаҳон – Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) ибтидо аз солҳои 90-уми асри XX таърихи 74 - солаи аҳди шуравӣ ҳам аз ҷониби донишмандони навзуҳури дупустаи рус ва ҳам душманони сохти сотсиалистӣ ревизия шуд. Ба вижа як зумра донишмандону таърихшиносони худӣ (рус) ба кофтани чирки зери нохун камар барбастанд. То ҳадди тавон ҷор заданд, сафедро сиёҳ гуфтанд, ба қаҳрамонии ҳамватанони хеш, падару бобоҳо, бародарону хоҳаронашон, ки дар раҳи озодии Ватан ҷон нисор карда буданд, шак оварданд. Ин ҳама кам буд, ки онҳо ҳатто фарзандону пайвандони хешро ба вартаи раҳгумӣ мезаданд. Марҳалаи хатарзои таблиғу тарғиби мусолиҳакорони аз охурҳои хориҷиён донхӯранда то солҳои дуҳазорум идома ёфт.

Ин маротиб аз ревизияи бешарафонаи либералҳои навзуҳур бобати корзори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, возеҳтараш дар хусуси як тан аз қаҳрамондухтарони ин ҷанг ёдовар мешавем.

Дар таърихи адабиёти тоҷик, насли советӣ ин қаҳрамони ватанро бо номи Таня мешинохтанд. Ва дар хусуси диловариву матонати ин духтараки ватандӯст устод Абулқосим Лоҳутӣ достоне эҷод намуд, ки он бо унвони «Ғалабаи Таня» маҳбубият пайдо карда буд. Ин достони дилошубу дилнишинро аксар хонандагони советии тоҷик азёд медонистанд.

 

Таня ё Зоя?

 Тӯли 20 -30 соли ахир ҳич як қаҳрамоне дар фазои иттилоотии Русия ба мисоли Таня аз ғалбери буд- набуди «коршиносон» нагузаштааст. Сар аз соли 1991 то ба соли 2021 иштироки ин духтараки воқеан ҳам қаҳрамони 18 - соларо соат ба соат, рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ мӯшикофона аз назари таҳқиқ гузаронданд, ки оё ӯ воқеан ҳам қаҳрамон буд ва ё на.  Ва дар бораи ӯ филми ҳуҷҷатии тозаеро низ рӯи навор оварданд. Латтаи муғризон дар об зад. Дар бобати диловарию матонаташ дигар шаку шубҳае намонд.

Моҳи январи соли равон ба зодрӯзи Космодемянская Зоя Анатолйевна 99 - сол (13.9.1923) ва ба маргаш 81- сол (29.11.1941) пур мешавад.

Зоя дар деҳаи Осиновис Гаи, вилояти Тамбов, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадаву дар муҳити сохти давлатдории нав - Ҳукумати Советӣ ба камол расидааст. Ӯро чун ҷавондухтари фаъолу ташаббускор дар синни 15 - солагӣ ба сафи ВЛКСМ пазируфтанд.

Моҳи июни соли 1941, бо оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ талош варзид, ки дар сафи ҳимоятгарони  Ватан рост шавад. Ӯро ба курсҳои омодагӣ ҷалб намуданд. Ва аз моҳи октябр вай ба отряди партизанӣ пайваст ва дар зарфи ду моҳ дар дили шаб бо рафиқони хеш казармаи аскарон, яроқу аслиҳа, аспхонаҳои фашистон, воситаи асосии гитлерчиёни савораро тарконда, ҳоли фашистонро хароб карданд.

 

Петришево

 Охирҳои моҳи ноябри соли 1941 ҳангоми иҷрои вазифаи ҷангӣ дар деҳаи Петришево Зоя ба дасти гитлерчиён афтод. Ӯро таҳти азобу шиканҷаи шадид қарор доданд, аммо ҷаллодони фашистӣ комёб нагаштанд. Духтараки ҷасур ба ҳамаи азобу шиканҷаҳои даҳшатнок тоб овард ва ягон нафари ҳамсилоҳонашро нагуфта, худро Таня номид.

Фашистони хунхор 29 ноябри соли 1941 пирону барҷомондагон ва кӯдакони деҳаи Петришеворо дар маркази деҳа ҷамъ оварда, духтараки 18-соларо ба дор овехтанд.

Баъди гузаштани қариб се моҳ, бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР 16 феврали соли 1942 ба партизандухтари ҷасур Космодемянская Зоя Анатолйевна унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (пас аз марг) дода шуд.

Чоршанбе, 19 Январ 2022 11:26

 

17.01.1920. Артиши Сурх дар рафти ҷанги гражданӣ гурӯҳи асосии артиши Деникинро торумор намуд. Шикасти Деникин рафти ҷанги шаҳрвандиро тағйир дод ва аз ин баъд сафедҳо натавонистанд зидди Артиши сурх муқовимат намоянд.

17.01.1960.Тӯфони шадид дар Уқёнуси Ором 3 сарбози шӯравӣ-Зиганшин, Поплавский ва Федотовро ба уқёнуси кушод бурд ва онҳо 49 рӯз бе обу хӯрокворӣ дар уқёнус боқӣ монданд. Ахир, сарбозонро баъди 49 рӯз горди соҳилии ИМА наҷот дод.

17.01.1961. Президенти ИМА Дуайт Эйзенхауэр бори охир аз ТВи кишвараш ба мардуми ИМА муроҷиат кард. Мавзӯи гуфтугӯи ӯ «ҷанги сард» гардид. Президент мардуми Амрикоро аз хатари рушди комплекси ҳарбии кишварашон ҳушдор дод.

17.01.1961. Дар Конго бо фармони генерал Мобуту, аввалин сарвазири Ҷумҳурии Демократики Конго Патрис Лумумба ба ҳабс гирифта шуд ва сипас ба қатл расид. Лумумба яке аз намодҳои озодихоҳӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст ва дар СССР ба номи ӯ донишгоҳеро низ гузоштанд.

18.01.1943.Артиши Сурх муҳосираи Ленинградро рахна кард. Ленинград тирамоҳи с.1941 аз ҷониби артиши немисӣ, нерӯҳои финн ва дивизияи кабуди испанӣ муҳосира шуда буд. Дар тӯли муҳосираи сесола мардуми шаҳр ба гуруснагии сахт гирифтор шуда, беш аз 1 млн аҳолии он аз гуруснагӣ мурданд.

18.01.1947. Дар СССР вилояти Сахалин таъсис дода шуд. Ба ин вилоят ҷазираи Сахалин ва галаҷазираҳои Курил шомил шуданд. Ҳамагӣ ба ин вилояти нав 59 ҷазира дохил карда шуданд, ки қисмате аз онҳоро Ҷопон то ҳол моли худ медонад.

18.01.1961. КМ ҲКИШ лоиҳаи Никита Хрушев оид ба азнавсозии хоҷагии қишлоқро ба тасвиб расонид. Тибқи ин лоиҳа дар саросари СССР кишти ҷуворимакка роҳандозӣ шуд, ки зиёни фаровоне ба иқтисоди шӯравӣ расонид.

Чоршанбе, 19 Январ 2022 11:14

Чоршанбе, 19 Январ 2022 11:10

Чоршанбе, 19 Январ 2022 11:05

саҳ 4 аз 9

Китобҳо

Flag Counter