ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 12 Январ 2022 11:20

Моҳи феврали соли 1944 хушхабаре дар кишвар барқосо паҳн гашт. Сокинони деҳаи Яхтан, вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд), Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нашри Фармони Президиуми Совети Олии СССР дар бораи мукофотонии Урунбек Якибов бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ табли шодӣ мезаданд. Ҳамватанон аз он хушҳолӣ мекарданд, ки сафи ҷавонони қаҳрамони тоҷикистонӣ афзуд.

Завқмандон дар пайи ҷустуҷӯи маълумот оид ба рӯзгор ва фаъолияти пешазҷангии қаҳрамон ҷадал карданд. Чикораву аз кадом гӯшаи диёр сабзидани ҷавонмардро фаҳмидан мехостанд. Бо ҳама меҳрубонӣ ва таблиғоти мутамаркази овони шуравӣ дар хусуси Урунбек маълумоти кофӣ ба назар намехӯрад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳам тарғиби корнамоии сарбозони диловари Ватан дар корзори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 шоистаи таҳсин нест.

 

КӢ КИСТ?

Кунун ҳамааш бо тартиб. Дар нигоштаҳои гуногун - маълумотномаҳо, қомусҳо, сайтҳо ному насаби қаҳрамонро ба чанд навъ менигоранд. Ӯрунбек Ёқубов, дар китоби Л. Сечкина, «Фарзандони шарафманди Тоҷикистон» (Душанбе, «Ирфон», 1968, саҳ. 73 - 75), Якибов Урунбек, дар китоби Л. П. Сечкина, «Твои герои Таджикистан» (Душанбе, «Маориф», 1985, саҳ. 207 - 209), Якубов Урунбек, дар қомуси «Худжанд» (Москва, типографияи №2, 1999 саҳ. 916-917), Якибов Ӯрунбек, дар китоби Ш. Алиев, «Ёдбоди қаҳрамонон» (Хуҷанд, «Ношир», 2015, саҳ. 44 - 45), Якубов Урумбек дар сайтҳои интернетӣ ва ҳоказо.

Саҳеҳатараш варианти «Якибов Урунбек» аст. Аз ин ба баъд дар навиштор ба ҳамин ному насаб такя мекунем. Зеро ному насаби қаҳрамонро ҳамин хел (ба ҳамин тартиб), аз моҳи июли соли 1943, аз бози гирифтани билети ҳизбӣ Якибов Урунбек нигоштаанд. Вақти навиштани билет ному насаби қаҳрамон ғалат шудааст.

Ба ин сӯ, аз соли 1943 Ӯрунбек Якубов (ё Ёқубов) – Урунбек Якибов шудааст. Ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои шахсии диловар солҳои баъдӣ ҳамин тарз омадааст.

 

ЗОДГОҲ

Нисбати зодгоҳи қаҳрамон низ дар маъхазҳо ду гуна омадааст.

Чоршанбе, 12 Январ 2022 11:16

Чоршанбе, 12 Январ 2022 11:12

  Нигора Ҳалим, сокини ш.Душанбе меҳмони идораи газетаи мардумӣ шуда иброз намуд, ки дар бозорҳои Душанбешаҳр нархи маҳсулоти хӯрока гарон гаштаву касе сари роҳи чунин беадолатии савдогарон намешавад. 

   - Дар оилаи мо танҳо шавҳарам кор мекунад. Ҳама медонем, ки маоши буҷавӣ  кам аз 800 сомонӣ аст. Ману шавҳарам ва духтарчаи 5 солаам дар хонаи  иҷора менишинем, пештар нархи иҷораи 1 хоначаи бешароит 500 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло бошад, бо сабаби сардии зимистон хонадорон баробари баланд шудани нархи маҳсулоти хӯрока нархномаи иҷоранишиниро низ баланд бардоштаанд. Намедонем ин маошро ба пули иҷора пардохт кунем ё сарфи хӯрока, бе ин ҳам рӯзамон нимсер мегузарад ва чунин хонаводаҳо дар кишвар кам нестанд.  

Чоршанбе, 12 Январ 2022 11:08

Чоршанбе, 12 Январ 2022 09:19

Чоршанбе, 12 Январ 2022 09:15

Чоршанбе, 12 Январ 2022 09:13

Чоршанбе, 12 Январ 2022 09:09

саҳ 6 аз 9

Китобҳо

Flag Counter