ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 29 Март 2023 11:26

Чоршанбе, 29 Март 2023 11:19

Чоршанбе, 29 Март 2023 10:28

Чоршанбе, 29 Март 2023 10:24

Чоршанбе, 29 Март 2023 10:13

Чоршанбе, 29 Март 2023 10:10

Идибек Пириев, раиси маҳаллаи Роҳи нави ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш меҳмони идора шуда, гуфт, ки дар деҳаи мо мактаб, ё худ муассисаи таълимии рақами 47 фаолият мекунад, вале пулталабкунии омӯзгорон мардумро ба дод овардааст.

   - Ҳар рӯз мардуми деҳа бо шикоят ба наздам меоянд, ки аз ҳамин пулҷамъкуниҳои мактабӣ безор шудаем. Имрӯз пули театр, пагоҳ пули обуна, пасфардо пули ҷорӯбу сатилу лата, пасфардоҳои дигар маблағи ину он. Ҳамаи ин басанда нест, ки замони ахир хонандагон барои картошкабарӣ барои муассиса аз мо волидон боз пул талаб менамоянд. Ҳамин пулҷамъкуниҳои то кай идома меёфта бошанд?!

Агар хонандае картошка набарад, ӯро намегузоранд ба дарс дарояд ва ӯ муҷозот мегирад. Дар деҳаи мазкур аз 1 оила дар ин муассиса то 4 нафар таҳсил менамоянд. Шароити деҳот, пӯшида нест, ки хеле мушкил аст. Бечораҳо аз куҷо пул ёбанд?!

Чоршанбе, 29 Март 2023 10:07

Чоршанбе, 29 Март 2023 09:58

саҳ 2 аз 10

Китобҳо

Flag Counter