ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 09 Март 2023 10:43
Панҷшанбе, 09 Март 2023 10:42

 

26.02.1917. Баъди намоишҳои эътирозӣ дар Петроград подшоҳ Николайи 2 фармон дод, ки эътирозро бо зӯр пахш кунанд ва Думаи давлатии Русия низ пароканда карда шуд. Лек соати 12-и рӯз гирдиҳамоиҳои нав оғоз ёфтанд, ки онро низ аскарони подшоҳӣ бо зӯр пароканда карданд. Дар ҷавоб коргарон дар шаҳр даст ба шӯриш зада, дар кӯчаҳо сангар гирифтанд. Дар Петроград корпартоии оммавӣ шурӯъ шуд ва чанде аз қисмҳои низомӣ низ ба шӯришгарон пайвастанд.

26.02.1924. Бо қарори КМИ СССР шаҳри Грозний барои муборизаи қаҳрамононаи меҳнаткашони шаҳр зидди душманони инқилоб ва барқароркунии саноати нафтӣ бо ордени Байрақи Сурх мукофотонида шуд.

26.02.1944. Зиёда аз 600 тайёраи бомбаандози шӯравӣ ба пойтахти Финляндия-шаҳри Хелсинкӣ ҳамла карданд. Он аз ҳама ҳамлаҳои бузурги ҳавоиест, ки нерӯҳои ҳавоии СССР дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ анҷом доданд.

26.02.1990. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав Ватслав Гавел (президенти Чехословакия) ва Михаил Горбачёв созишнома оид ба баровардани нерӯҳои ҳарбии СССР аз Чехословакияро ба имзо расониданд. Артиши Шӯравӣ аз Чехословакия бароварда шуд.

27.02.1917. Шӯришгарон дар Петроград Аслиҳахона (Арсенал) ва Қасри Зимистонаро тасарруф карданд. Ҳукумати подшоҳӣ дар Русия сарнагун карда шуд. Зимоми қудратро дар кишвар «Кумитаи муваққатии Думаи Давлатӣ» ба ӯҳда гирифт ва дар шаҳр бошад Кумитаи иҷрояи Шӯроҳои вакилони коргарон ва аскарони Петроград таъсис ёфт.

27.02.1937. Дар пленуми КМ ВКП(б) аъзои собиқи Бюрои сиёсӣ Николай Бухарин ва Алексей Рыков аз ҷониби комиссари халқии корҳои дохила Николай Ежов ба хиёнат алайҳи ҳизб муттаҳам шуданд. Дар ҳамон пленум онҳоро аз ВКП(б) хориҷ карда, ба ҳабс гирифтанд.

28.02.1917.Оғози инқилоби февралӣ дар Маскав. Дар ин рӯз дуюмин шаҳри Русияро ошӯбҳои коргарӣ фаро гирифтанд ва қудрат дар ин шаҳр низ ба дасти шӯришгарон даромад.

28.02.1921. Дар Кронштадт (қароргоҳи нерӯҳои баҳрӣ) матросҳо алайҳи ҳукумати болшевикӣ шӯриданд. Сабаби аслии шӯриш ҷанги шаҳрвандӣ, гуруснагӣ ва норозигӣ аз Ҳукумати Шӯроҳо шуд.

Панҷшанбе, 09 Март 2023 10:39

 

Моҳи январи соли 1943, 80 сол қабл дар шаҳри Краснодон фашистон аъзои ташкилоти пинҳонкори комсомолии «Гвардияи ҷавон» - ро бо азобу шиканҷаҳои зиёде ба қатл расонданд.

Дар давраи советӣ қаҳрамонии пионерон, наврасон, комсомолон, ҷавонон басо шоиста таблиғ мешуд. Фидокориву ҷоннисории онҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар филмҳои бадеӣ, китобҳо, плакатҳои таблиғотӣ, дар мактабу ҳунаристонҳо, корхонаву муассисаҳо, гӯшаҳои синфӣ ва ҳоказо сабт мегаштанд.

Ба мисол, қаҳрамонии комсомолони пинҳонкори Краснодон Олег Кошевой, Уляна Громова, Иван Земнухов, Сергей Тюленин, Любов Шветсова ва дигар аъзои «Гвардияи ҷавон» - ро аз хурд то бузург хуб медонистанд, чун ин корнамоиро ҳукумати вақт филм кардаву онро тавассути телевизиони марказӣ ва дар кинотеатрҳои мамлакат пайваста намоиш медоданд.

Бо он сабаб, ки аз ин корнамоӣ ва марги диловарони «Гвардияи ҷавон» 80 сол сипарӣ гашт, ба ёд овардани матонати ҷавонони пинҳонкорро намунаи ибрати ватандӯстӣ медонем.

 

САЙРИ ҚОМУСҲО

Чун одат, сарфи назар аз расонаҳои электронӣ маъмулан мавзуи таҳти назарро аз қомусҳои тоҷикӣ ҷустем. Аз «Энсиклопедияи советии тоҷик» интизориҳо доштем ва хато ҳам накардем. Дар ҷилди 2 – и Қомуси советӣ (Душанбе, 1980) дар бораи «Гвардияи ҷавон» 41 сатр маълумот бо 5 акси диловарон – қаҳрамонони сатҳи аввали ташкилоти мазкур: О. В. Кошевой, У. М. Громова, К. А. Земнухов, С. Г. Тюленин ва Н. Г. Шветсова дарёфт шуд, ки аз он хушнуд шудем.

Ба гуфте, бо ин баҳона ба «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», саҳ.253, ҷилди 4, ш.Душанбе, 2015 назар афкандем, аммо дар ҳарфи «Г» ба мавзуи «Гвардияи ҷавон» рӯ ба рӯ назадем. Мумкин аз рӯи талаботи нав ин мавзуъ сарфи назар шуда бошад. Аммо ба андешаи инҷониб ҷо кардани ҳамон 41 сатр маълумот зараре ба бор намеовард, зеро мавзуи болозикр – матонату қаҳрамонӣ, ватандӯстиро дар худ таҷассум мекард. Ҳамчунон, Тоҷикистони азиз дар асри XX узви комилҳуқуқи давлати СССР маҳсуб меёфт. Зикри қаҳрамонии ҷавонон дар корзори Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи ибрат аст.

Баъдан, ҳич наметавон, ки 67 соли таърихи миллатро дар садаи XX (1924 – 1991) бо Иттиҳоди Шуравӣ сарфи назар кард. Ин таърихи мост ва аз дастоварду манфиат, хубиҳош, диловарию қаҳрамонии ҷавонмардони он овон гуфтанро зарур ва ҳатмӣ медонем.

Панҷшанбе, 09 Март 2023 10:37

Панҷшанбе, 09 Март 2023 10:34

Панҷшанбе, 09 Март 2023 10:31

Панҷшанбе, 09 Март 2023 10:28

Панҷшанбе, 09 Март 2023 10:26

саҳ 6 аз 10

Китобҳо

Flag Counter