Хонандагони азиз! Чанд шумора пеш эълон намудем, ки мутахассисони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ омодаанд ба суолҳои хонандагони Газетаи мардумии СССР ҷавоб гӯянд. Редаксия дар тӯли 3 ҳафта тамоми арзу саволҳои аз шумо ба унвонии ин кумита ирсол гаштаро ҷамъ ва ба Кумитаи мазкур равон карданд. Мо аз Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи мазкур барои ин ҳамкорӣ арзи сипос менамоем, зеро на танҳо роҳбарияти ин ниҳод, балки тамоми кормандони он саъйю талош карданд, то ҷавобҳо дар фурсати кӯтоҳ ба дасти мо бирасанд. Мо метавонем!
Соли 2017 аз тарафи мақомот ва муассисон дар ҷумҳурӣ 1938 масҷид баста шуда, айни замон танҳо 231 масҷид тибқи қонунгузории кишвар фаъолият доранд. Дар байни масҷидҳои фаъолияташон қатъ гашта иттиҳодияҳои динӣ ва конфесияҳо низ мебошанд.
Чуноне ки Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ рӯзи 5.02.2018 ба хабарнигорон гуфт, айни замон дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3528 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилотҳои динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмӯъ 3873 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шудаанд.
СССР
Пайғамбари мо чанд фарзанд дошт?
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман ба домуллои гиромулқадр, устод Ҳоҷӣ Мирзо 1 саволе аз таърих дорам. Ҳазрати Муҳаммад (с) чанд фарзанд дошт, аниқтараш чанд бачча ва чанд духтар? Зеро дар ин боб ҳар кас ҳар хел андеша дорад. Аммо шумо чӣ мегӯед? Хоҳишмандам, инро сода карда фаҳмонед.
Насим Ҳоҷиев, ш.Қӯрғонтеппа
Шуарои классик шароб менӯшиданд?
Дуруд ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ман ба домуллои гиромӣ, мӯҳтарам Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов 1 суол дорам. Оё шоъирони пештар ба мисли Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил…, ки дар шеърҳояшон калимаи «май»-у «шароб»-ро меоранд, мақсади онҳо нӯшидани оби ангур, ё ба истилоҳи мардум, «арақ» аст?
Анвар Очилдиев, ш.Қӯрғонтеппа
Зан нодухтар бошад, нагирем?
Салому дуруд ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Аз домуллои гиромии мо-Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов роҷеъ ба 1 мушкили умдаи ҷамъияти навхонадорони имрӯз 1 чиро пурсиданиям. Оё барои мо-ҷавонон, зарур аст, он занеро, гирем, ки бояд духтари бокира бошад? Агар зани интихобкардаву дӯстдоштаи мо нодухтар бошад, пас бигирияш гунаҳгор мешавӣ? Хоҳишмандам инро бо тафсил шарҳ бидиҳед.
Абӯбакр Шамсиддинзода, донишҷӯ, н.Ҳисор
Паёмбарро кӣ кафан кард?
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Аз домуллои гиромӣ Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов пурсиданиям, ки баъди вафоти ҳазрати Муҳаммад (с) кӣ ӯро кафан кард, шуст ва қабрашро канд?
Афзал Салимов, кӯч.Айнӣ, н.Шоҳмансур
Муҳаммадро (с.) Алӣ…шуст
Посух: Ҳазрат (с) рӯзи Душанбеи 12-рабиъ-ул-аввал, соли 11-уми ҳиҷрӣ мувофиқ ба 20 апрели соли 570-и мелодӣ даргузашт.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- ДИДОРҲО БА ҚИЁМАТ: ХОНАИ ОХИРАТАТ ОБОД БОШАД, ВАЛИҶОН! Назар
- Муаррифии китоби Зиҷи радиометеорҳои Тоҷикистон Назар
- “Юнистрим” ҳаққи хизматрасониро барои Тоҷикистон коҳиш дод Назар
- Нурали Хоркашев: РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ “МИЛЛӢ" -И ТОШКАНД… Назар
- БМТ: интиқоли маблағ дар тамоми кишвар тавассути операторони “Юнистрим” ва “Контакт” бемамониат ва бемаҳдудият дастрас аст! Назар
- Темурмалик: кӯдакон ба муассисаи томактабӣ ниёз доранд! Назар
- Ҷасорати адиб Назар
- 1.03.2020- рӯзи интихобот! Назар
- Вусъати нави ҳамкориҳо байни Душанбе ва Тошканд Назар
- Рустами Эмомалӣ: «Мансабдорон навбатдорӣ намоянд!» Назар
- Шералишо Кабиров-раиси Федератсияи нави триатлон Назар
- Номатонро Худо хат мезанад! Назар