ХАБАРИ ДОҒ

Бо Турсунзода дастбагиребон шудаам

  • Ҷумъа, Май 27 2016

Узви Ихвон-ал-СССР, Холматҷон Исмоилов, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Саноӣ-32-8/А (тел: 93 503 06 71) меҳмони гиромии СССР шуд ва гуфт, ки дар ҳамин шумораи СССР матлаби «Сарбадорони Канди Бостон» ва «Мурғ»-ро хонда, хело хушам омад.

Ва бетоқатӣ карда пеши шумо омада, пурсиданиям, ки давоми «Сарбадорон…» дар ин шумора чоп мешуда бошад? Ман соли 1962 Институти педагогии ба номи Кирови ш.Хуҷандро бо ихтисоси физика ва асосҳои истеҳсолот хонда, дар замони Шӯравӣ тахаллуси «қолабшикан»-ро доштам, ба ин маънӣ, ки сахт ислоҳотхоҳ будам. Ҳатто соли 1974 дар 1 вохӯрӣ бо шоир Мирзо Турсунзода, ки раиси ИНТ буданд, дастбагиребон шудам, ки «чаро дар бораи милитсия наменависед?». Муъмин Қаноат шоҳид аст, ки он ҷо ҳузур дошт ва котиби ИНТ буд. Ростӣ, бори аввал аст, ки газетаи СССРро мехонам ва аз ин пас барои ҳар шумораи СССР матлабҳои ҷолиб ва проблемавӣ хоҳам навишт. 1 гапи дигар: Ман рӯзномаи шахсӣ дорам, ки дар он қариб имзои садҳо нафар шахсиятҳоро гирифтаам ва мефахрам, ки бо онҳо дӯсту рафиқ ва шинос будам.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter