ХАБАРИ ДОҒ

Зиндагии пур аз ҳақорати аробакаш

  • Панҷшанбе, Июн 30 2016

Шукрулло Маҳмадалиев, хонандаи синфи 10 аз н.Восеъ меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки 4 рӯз боз дар бозори Шоҳмансури пойтахт бо мақсади формаи мактабӣ харидан ароба мекашам. Аробакашӣ воқеан мушкил.

Барои 1 рӯз аренда мегирам, 6 сомонӣ пули аренда ва 3 сомонӣ чек медиҳам. Аробакаше ҳаст, ки онро ба миқдори 400-500 сомонӣ харида, фақат чекпулӣ медиҳад ва рӯзе то 80 сомонӣ кор мекунад, ман бошам 40-50 сомонӣ. Бозори аробакашон ҳоло хело танг шудааст. Саҳар соати 6 аз хоб хеста бозор меоям, аллакай аробаи холӣ нест ва ночор 2-3 соат интизор мешавам, ки кай холӣ мешавад. Болои ин, дар роҳ мабодо пои касеро зер кунӣ, ҳатман ҳақорат мешунавӣ. Дар пойтахт, дар хонаи тағоиям зиста, шукр мекунам, ки иҷоранишин нестам. Зеро аробакашони бозорҳоро мебинам, ки дар 1 хона 15-20 иҷора нишаста, ҳар рӯз 5 сомонӣ квартплата медиҳанд. Дар бозор бо ҳар навъи мардум дучор мешавӣ: Марде бо мошини «Лексус» ба ҳадде крахабор аст, ки барои ҳаққмузди аробакаш мемурад, ҳатто дар Рӯзаи Рамазон! 5 сомонӣ ҳаққи аробакашро бо азоб аз кисааш мебарорад, дар бораи хайр фикр намекунад! Боз ҳаст одаме, ки 20-30 сомонӣ дода, бақия намепурсад…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter