ХАБАРИ ДОҒ

Вазир барои ҷарроҳӣ ёрӣ медиҳад?

  • Ҷумъа, Авг 05 2016

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Қутбиддин Ашуров, сокини деҳаи Гули Сурхи ноҳияи Ваҳдат (тел: 907 73 18 00) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки духтари ман, муаллима Моҳира Ашӯроваи 26-сола, 1 сол пеш ба садама дучор шуд ва пои чапаш шикаст.

Барои табобат ва ҷарроҳӣ духтурон пули калон талаб карданд. Барои кӯмак ба вазири Вазорати тандурустии Тоҷикистон-Нусратулло Салимов муроҷиат кардам, лек ягон чора ва посухе нашуд. Наход, ки духтари ман кадри соҳибихтисос бошаду қадре барои пешравии соҳа надошта бошад??? Ҳич бовар надорам, ки Вазорати тандурустӣ барои кӯмак шароит ва имконият надошта бошад. Духтурон барои ҷарроҳии пояш 3500 доллари амрикоӣ мехоҳанд, ки чунин имкониятро мо надорем. Агар ин миқдор маблағро медоштем, дигар ҳоҷат ба муроҷиат ва гарданкаҷӣ набудӣ. Бори дигар, аз Вазири мӯҳтарам эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба мушкили сиҳатии мо расидагӣ кунад, ақаллан, қимати ҷарроҳиро поинтар кунанд…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter