Қурбонгул Шарипова (тел: 919 98 82 09) сокини шаҳри Душанбе, аз кӯчаи Ю.Фучик-100/1, хонаи №3, дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ман маъюби гуруҳи 2 ҳастаму барҷомонда. 1 писари 16-солаамро ҳамроҳ бо шавҳарам дар ҷанги шаҳрвандӣ аз даст додам. Ҳоло 93 сомонӣ нафақа барои маъюбӣ мегираму бо писари ягонаву келину 3 набераам дар 1 хонаи 2-ҳуҷрагӣ зиндагӣ дорам. Болои ин, писарам мардикор асту гоҳ кор меёбаду гоҳе бекор. Нафақаи ман дар маҷмуъ барои табобату зиндагиам намерасад. Хонае, ки имрӯз он ҷо ба сар мебарам, дар ошёнаи 1 асту тагаш «подвал» ва зимистону баҳор бӯи намӣ мекунад. Болои ин, «труба»-ҳои хона пӯсидаанду об мебароранд. Бояд гуфт, ки ман аз соли 1992 то ҳол дар навбати замин ҳастам, лек ҳич навбат ба ман намерасад. Хуллас, ҳоло ҳамин қадар хоҳиш дорам, ки ба ман 1 қитъаи хурди замин аз атрофи пойтахт ҷудо карда бидиҳанд. Қаблан аз шаҳрдорӣ ва ҳам аз кормандони гиромии газетаи СССР сидқан миннатдорам!
Чаро ҳар навбат бе замин мемонам?
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Хатлон: биноҳои хароб кай гарданд обод? Назар
- Қиссаи 1 ҷӯгибачча дар Русия Назар
- Ҷарима барои ободонӣ? Назар
- Барои моҳе, ки нахондем, пул супорем? Назар
- Ёвон: Терминали нав бунёд меёбад! Назар
- Хуросон: корхонаи орд эҳё мегардад! Назар
- Амирхон Қурбонзода: аҳолии пойтахт то ба 2 миллион нафар хоҳад расид! Назар
- Боғчаҳое, ки 25-30 сол дар орзуи таъмиранд… Назар
- Боз шудани марзи ҳавоӣ аз русҳо вобаста аст! Назар
- «Беморхона» ё «Дармонгоҳ» Назар
- Зиёрати президентӣ Назар
- Ширкатҳои мобилӣ танҳо рекламаи холӣ? Назар