ХАБАРИ ДОҒ

Шӯравибадбиниро бас кунед!

  • Чоршанбе, Нояб 10 2021

 

  Наҷмиддин Худоиев, муаллиф ва хонандаи ҳамешагии СССР аз шаҳраки Роғун ба идораи ҳафтаномаи СССР меҳмон шуда, оиди матлаби Сафват Бурҳонов дар бораи шуравипарастӣ изҳори ақида намуд.

   - Ҳафтаи гузашта маводи Сафват Бурҳоновро бо номи «Шӯравипарастиро бас кунед» хондам. Ҳоло ба бародари азиз Сафват гуфтаниам: агар шумо каломи шарифро мехондед, сигор намекашидед, май наменушидед, аз Ватан қаҳр карда намерафтед, шумо дар дилу дидаи Тоҷикистон ҷой доштед. Шуморо шӯравӣ не, шуморо муҳити атрофатон майнушу сигорӣ кардааст. Шумо ҷанги Германияро мисол овардед, ки одами зиёд мурд. О, бародар дар ҷанг одамон мемиранду шаҳрҳо вайрон мешаванд.  Ман аввал ин, ки ватанамро дуст медорам. Дар диёрам мактаб, варзишгоҳ, истгоҳ сохта, оромгоҳи деҳаамонро панҷарапуш кардаам. Вале шӯравӣ ҳам ватанам буд ва ман он ватанро низ дӯст медорам ва мепарастам…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter