ХАБАРИ ДОҒ

Истаравшан: куштори зан аз ҷониби шавҳар

  • Чоршанбе, Июл 13 2016

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

 

Бино ба иттиллои сомонаи расмии ВКД ҶТ, номбурда, санаи 12.07.с.2016, тахминан соати 01:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамсараш, зани 35-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 2-маротиба ба қафаси синааш задааст. Дар натиҷа ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter