ХАБАРИ ДОҒ

Куштори бераҳмонаи 2 зан дар Душанбе

  • Душанбе, Авг 01 2016

21 ва 29-уми июли соли 2016, аз соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаҳои А.Қаҳҳоров ва Мушфиқии шаҳри Душанбе ҷасадҳои 2 зани шахсияташон номаълум, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне баъди куштор бо қисмҳо ҷудогардида, дарёфт карда шуданд.

Нисбати ин ҳодисаҳо гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералӣ таъсис дода шуда, ин ҷиноятҳои мудҳиш ба таври фаврӣ ошкор ва қотилон дастгир карда шуданд.

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ иттиллоъ медиҳад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар шаҳрвандон: марди 25-солаи сокини ноҳияи Восеъ, марди 23-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноятҳои махсусан вазнин муайян карда шуданд.

Ҳамчунин, муайян карда шуд, ки санаи 21-уми июли соли 2016, номбурдаҳо бо зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон шинос шуда, аввалан барои муносибатҳои шаҳвонӣ ӯро ба манзили истиқоматиашон ба кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои маблағ бераҳмона ба ҳалокат расонидаанд. Сипас ҷасадро ба қисмҳо ҷудо намуда, дар ҷузвдон ва халтаи полиэтиленӣ гирифта, ба дарё мепартоянд.     

Ҳамин тариқ гумонбаршудагон, такроран даст ба ҷинояти махсусан вазнин зада, санаи 27-уми июли соли 2016, тахминан соатҳои 03:00-дақиқа, бо мақсади муносибатҳои шаҳвонӣ, зани 23-солаи сокини шаҳри Душанберо ба манзили истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои пул бо воситаи болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расонидаанд.

Номбурдагон барои рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамуда ҷасади занро бо корди хоҷагӣ ба қисмҳо ҷудо карда, ба ҷузвдони сиёҳ ва селофани полиэтиленӣ ҷой намуда, ба дарёи Душанбе партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Ҷинояткорон ҳама дастгир шуда, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо дастрасии моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter