ХАБАРИ ДОҒ

Сейфдуздон ба даст афтоданд!

  • Сешанбе, Сен 13 2016

07.09.с.2016, тахминан соати 01 ба 02.00-дақиқаи шаб 3 нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш, бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо истифода аз ашёи ба силоҳи оташфишон ва олотҳои халандаю бурранда монанд, ғайриқонунӣ вориди хонаи истиқоматии марди 49-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа шуда, ӯ ва аъзоёни оилааш: ҳамсари 49-сола, писари 17-сола ва духтари 15-солаашро мавриди лату кӯб қарор дода, дасту пойҳояшонро баста, аз дохили ҳуҷраи хоби онҳо як адад сейфи оҳанин, ки  дар дохилаш 48000-доллари амрикоӣ пули нақд  дошт, тасарруф намуда, бо истифода аз автомашинаи тамғаи “Хонда СР-В”, ки ба соҳиби хона тааллуқ дошт, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

 

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медихад, санаи 08.09.2016 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ кормандони РВКД дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур гурӯҳи муташаккили ҷинояткорон иборат аз 5 нафарро дастгир намуданд. Инҳо 4 нафар сокинони ноҳияи Бохтар марди 51-солаи қаблан бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст, марди 46-солаи пеш бо моддаҳои 96 (таҳрири 1961) ва 244 КҶ ҶТ суд шудааст, мардони 41 ва 31-сола, инчунин марди 29-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд.

Муайян карда шуд, ки гумонбаршудагон бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр, бо истифода аз ашёҳои ба силоҳи оташфишон ва олотҳои халандаю бурранда монанд, ба хонаи истиқоматии ҷабрдида ворид шуда, пас аз таҳдиду лату кӯб, аз он ҷо як адад сейфи оҳанин, ки дар дохилаш 48000-доллари амрикоӣ пули нақд  дошт, онро тасарруф намуда, бо истифода  аз  автомашинаи тамғаи “Хонда СР-В”-и соҳиби хона аз ҷойи ҳодиса баромадаанд. Пас аз ин, автомашинаро дар маҳаллаи Қизилюлдузи ноҳияи Бохтар гузошта, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” нишаста, сейфро ба хонаи аъзои гурӯҳ бурда, пинҳон мекунанд. Сипас, гумонбаршудагон қулфи дари сейфро  шикаста, аз дохилаш 48000 доллари амрикоиро гирифта, байни худ тақсим кардаанд. 

Ҳангоми азназаругзаронии манзили истиқоматии гумонбаршудагон сейфи мазкур ва як қисми маблағи пулӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.

Нисбати дастгиршудагон бо моддаи 249 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter