ХАБАРИ ДОҒ

"Хабарнигори фаврӣ"-озмуни ВКД

  • Чоршанбе, Сен 21 2016

Шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд. "Хабарнигори фаврӣ" метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber,WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 ва почтаи электронии ВКД ҶТ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд",-омадааст дар хабарномаи хадамоти матбуоти ВКД ҶТ. Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи ирсолкунандаи хабар кафолат дода мешавад. Беҳтарин навор ё хабари фаврӣ аз ҷониби комиссияи вежа бо маблағи пулӣ ва мукофот қадр карда мешавад. "Хабарнигори фаврӣ" ҳангоми пешниҳоди навори беҳтарин аз тарафи комиссияи ВКД ҶТ баҳодиҳӣ шуда, бо тӯҳфаҳои қимматнок ва маблағҳои пулӣ мукофотонида мешавад. Ҳамчунин шахсоне, ки дар ҷамъбасти семоҳа навори беҳтарин ирсол кардаанд, новобаста аз тӯҳфаи гирифтаашон дар озмунҳои пештара, аз нав қадрдонӣ карда мешаванд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter