ХАБАРИ ДОҒ

Норозигии Убайдуллоев аз фаъолияти милисаҳои пойтахт

  • Сешанбе, Сен 27 2016

Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти роҳбарияти Раёсат ва шуъбаҳои корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онро  дар самти иҷрои қонунҳои амалкунанда ва аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, ба хусус нозирони минтақавиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда,  дастур фармуд, ки оид ба рафъи ин зуҳуроти номатлуб бо дарки баланди масъулияти хизматӣ чораҳои мушаххас андешанд. Дар ин бора ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷаласае, ки рӯзи 26.09.2016 дар шаҳрдорӣ баргузор гашт, ҳамчунин масоили хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва ташкили фаъолияти муназзами он баррасӣ гашта, баҳри  таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи мусофирон Маҳмадсаид Убайдуллоев лоиҳаи дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиягардидаи Қарори Раиси шаҳри Душанберо оид ба ворид намудани тағйирот ба тарифҳои амалкунандаи нақлиёти ҷамъиятӣ бе баррасӣ гузошта, ба масъулин дастур фармуд, ки масъалаи мазкурро бо инобати  тамоми паҳлӯҳои иқтисодию иҷтимоӣ  маротибаи дигар мавриди пажӯҳиш қарор дода, таклифи асосноки бо сохторҳои марбута мувофиқагардидаро пешниҳод намоянд.    

СССР

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter