ХАБАРИ ДОҒ

Гурӯҳи роҳзанҳо суд шуданд!

  • Сешанбе, Янв 10 2017

Шаби 6-7 сенятбри соли равон ба хонаи корманди Раёсати гумруки вил.Хатлон Зуҳуров Қурбонхон, соатҳои 1-2 Норматов Рӯзибой Ӯрозович (с.тав.1965), Норматов Мумин Ӯрозович (с.тав.1975), Одинаев Раҷабалӣ (с.тав.1970) зода ва сокинони н.Бохтари ҷамоати деҳоти «Бӯстонқалъа», Норматов Фарҳод Закирович (с.тав.1987) истиқоматкунандаи ш.Қурғонтеппа ва Қурбонов Кароматулло (с.тав.1993) бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо истифода аз яроқи оташфишон ва бо маслиҳати пешакӣ дар автомашинаи шахсии Абдуҳалимов Ориф (тамғаи Опел-Астра, рақ.қайди дав.8800ВА03) нишаста, ба маҳаллаи Навободи ш.Қурғонтеппа омада, ба нияти ғорат вориди ҳавлии мешаванд. Дар ҳамин ҳол байни Қурбону ғоратгарон муноқиша сар зада, ҳамлагарон бо корди дар дастдошта гардани аввалиро мебуранд. Сипас  шиками писари ӯ-Бахтоварро, ки ба кӯмаки падар мешитофт, бо корд захмӣ мекунанд. Ҳамчунин ҳамсари Қурбон- Моҳҷамол ва духтари ноболиғаш-Меҳрангезро лату кӯб карда, дар яке аз ҳуҷраҳои ошёнаи 2-и бино дасту пойҳояшонро бо миёнбанди чармин баста, аз дохили ҳуҷраи хоби онҳо сейфи оҳанинро гирифта, ба автомашинаи Қурбонхон (тамғаи «Хонда СR-V», рақ.қайд.дав. 7575 АН 03) нишаста, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. 

Автомашинаро дар маҳаллаи Қизил-юлдузи н.Бохтар гузошта, сейфи оҳанинро гирифта, ба автомашинаи Ориф (тамғаи Опел-Астра, рақ.қайди дав.8800ВА03)  савор шуда, ба  хонааш бурда пинҳон мекунанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Ориф бо ҳамраҳонаш Мумин ва Раҷабалӣ бо гумони содир кардани ҷинояти мазкур дастгир шуда, ҳини азназаргузаронии манзили истиқоматии Ориф сейфро бо $11.450 меёбанд. 

Имрӯз 10 январи соли 2017 дар сӯҳбати хабарнигори СССР Сайдалӣ Сироҷиддин-суди шаҳри Қурғонтеппа тасдиқ намуд, ки нисбати Одинаев Раҷабалӣ, Норматов Муъминжон ва писар амакаш Норматов Фарҳод бо моддаи 249, яъне роҳзанӣ ва ҳуҷум бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шуда, нисбати онҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 22,18,6,18,6 сол таъин гардидааст.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter