ХАБАРИ ДОҒ

Яке ҳамсарро кушту дигаре модару духтарро…

  • Панҷшанбе, Март 16 2017

Сокини 62 солаи ш. Истаравшан рӯзи 9.03.2017, пас аз 1 рӯзи Рӯзи модарон, ҳамсари 59 солаи худро пас аз ҷангу ҷанҷол ӯро зери лату кӯб қарор дода пас аз он бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат мерасонад. Рӯзи 11.03.2017 бошад ҷасадҳои зани 56-сола ва духтари 34-солааш истиқоматкунандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз манзили истиқоматиашон бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо ҷароҳатҳои бурандаву халанда, дарёфт карда шуданд.
Чуноне ик мухбири СССР аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 62-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд. Гумонбаршуда, 9-уми марти соли 2017, тахминан соати 10:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари 59-солааш ҷангу ҷанҷол карда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, бо роҳи буғӣ кардан, ба ҳалокат расонидааст.
Сипас, бо мақсади рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудааш ба хешовандон ва ҳамсояҳояш гуфтааст, ки гӯё ҳамсараш бинобар бемории фишори хун буданаш, ногаҳон афтида, ба ҳалокат расидааст. Ҷасади зикргардидаро 10-марти соли 2017 дафн кардааст.
Тибқи санади ташхиси судӣ дар ҷасади зан аломатҳои марги маҷбурӣ бо тариқи зӯроварӣ дар намуди шикастани қабурғаҳо, изи бастани роҳҳои нафас, хароша ва хунхобравии зиёд муайян ва дарёфт карда шудааст.
Аз рӯи далели мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Истаравшан парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
11-уми марти соли 2017, тахминан соати 10:00-дақиқа ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии созмондодашуда вобаста ба ҷинояти куштори зикргардида марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид. Дар вақти муноқишаи оилавӣ вай модар ва завҷаи хешро ваҳшиёна ба қатл расонидааст.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти ҳодиса идома дорад.



СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter