ХАБАРИ ДОҒ

Кӯлоб: Латукӯби 1 кормандзани милиса

  • Панҷшанбе, Май 18 2017

Шахсони номаълум 1 бону-корманди Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлобро дар назди манзили истиқоматиаш лату кӯб кардаанд. Дар ин бора ягон мақомоти қудратӣ маълумот додан намехоҳанд. Аммо муайян он аст, ки Майрам Шарифзода-лейтенанти калони Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб аз шоми 16-ум то ба зӯҳри рӯзи 17-уми май дар беморхонаи ёрии таъҷилии ш.Кӯлоб бистарӣ гашта буд. Ба гуфтаи ҳамин бону, шоми 16 май, тахмин соатҳои 20, ӯ аз хона ба хотири гузаронидани маблағ ба телефони мобилиаш берун гаштааст. Дар подъезди хонааш ногаҳон нафари номаълуме аз қафо бо 1 даст даҳонашро дошта, аз мӯи сараш сахт кашида, ба девор ҷафсаш кардааст. Ҳамчунин лагаде ба рони по ва чанд мушти дигар ба шикамаш низ задааст. «Нохост даҳонам кушода шуду оча гуфта, дод задам. Ҳамин лаҳза модарам садо дод. Он нафар «гурехтем!» гуфта, ба берун давид ва ман дидам, ки дар беруни дар боз 1 нафари дигаре ҳам буд».
Дар ШКД ва РКД дар бораи ин қазияи рухдода ягон масъуле хабар додан намехоҳад. Дар прокуратура гуфтанд, ки сабаби ҳамла болои як бонуи милиса ҳанӯз рӯшан нест ва дар ин самт санҷиш рафта истодааст. Аммо вазъи саломатии бону хуб аст ва бо хоҳиши модараш ҳамин рӯз ӯро аз беморхона ҷавоб хоҳанд дод. Воқеан ҳам, кормандони шуъба ва ҳам Раёсати корҳои дохилӣ дар ш.Кӯлоб бо сабабҳои номаълум дар мавриди ҳар гуна ҷиноятҳои рухдода барои ВАО иттилоъ додан намехоҳанд. Ҳамин бемасъулиятии сардорони мақомот аст, ки дар пайи ҳар ҳодисаи ба амаломада усулан интернет ва дигар воситаҳои электронӣ аз рӯи овозаҳо хабарҳои росту дурӯғ нашр мекунанд. Ба ин монанд, дар шаҳр овоза аст, ки қазияи ин бону-лейтенанти калони милиса бо ҳолати ҳамагӣ 4 рӯз пеш рухдодаи корманди КДАМ Муҳиддин Юноев бастагӣ дорад. Тибқи ҳамин овозаҳо, корманди ярадоршудаи КДАМ бо ин бону шиносоии наздик доштаанд. Ёдовар мешавем, ки шаби 13 май Юноевро дар торикии шаб шахсони номаълум мавриди ҳамла қарор дода, ба баданаш 24 зарби корд зада буданд. Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ин афсар рӯ ба беҳбудист ва интизор меравад, ки ин амали ноҷавонмардона ошкор ва ҷинояткорон боздошт мегарданд.


Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter