ХАБАРИ ДОҒ

Фурӯши ғайриқонунии либосҳои мактабии кӯдакона ошкор гардид

  • Чоршанбе, Сен 06 2017


Мубориза алайҳи қонуншиканиҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ яке аз вазифаҳои муҳими кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, дар ин самт пайваста диққати махсус зоҳир карда мешавад.
Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе фурӯши ғайриқонунии либосҳои мактабии кӯдакона дар бозори ҶДММ «Достӣ»-и пойтахт ошкор гардид.
 28-уми августи соли 2017 дар натиҷаи гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар бозори ҶДММ «Достӣ»-и пойтахт аз контейнери №3, ки иҷорагираш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Я. В., соли таваллудаш 1982 истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан мебошад, 104 баста либосҳои мактабии кӯдаконаи истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарёфт карда шуд.
 
Дар вақти пурсиш муайян гардид, ки ин либосҳои кудаконаи мактабиро номбурда аз бозорҳои либосфурӯшии вилояти Суғд барои фурӯш дар бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе аз соҳибкорони ба у ношинос бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ харидори намудааст.
 Бо ин ҳаракатҳои худ шаҳрванд Я.В., ба қонуншикани роҳ додааст, ки ҷавобгарии маъмурии он дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгарии маъмуриро барои харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан, ҳамлу нақл, истифодабарӣ ва мусоидат ба фурӯши моли бидуни назорати гумруки воридшударо пешбинӣ шудааст.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Я.В., бо моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, ба Суди ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter